Захираҳои табиъии Тоҷикистон
Захираҳои табиъии Тоҷикистон — захираҳои маъданӣ (канданиҳои фоиданок) мебошанд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо ва истихроҷ карда мешаванд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Таҳқиқоти муназзам ва илман асосноки сарватҳои табиии Тоҷикистон солҳои 30 асри 20 оғоз шудааст. Дар давоми даҳсолаҳои сипаришуда садҳо зуҳуроти гуногуни сарватҳои табиӣ кашф шуда, хусусиятҳои геологӣ, таркиби маъдан, қонуниятҳои густариш, захираҳои геологии онҳо бо тафсилоти гуногун таҳқиқ ва арзёбӣ карда шудаанд. Ҳоло саноати кӯҳии ҷумҳурӣ дар заминаи конҳои иктишофшуда ва аз рӯи категорияҳои гуногуни захираҳои (А, В, С1) арзёбишуда рушд меёбад[1].
Сарватҳои табиъии Тоҷикистон вобаста аз қонуниятҳои геологӣ ва таҳаввулоти геодинамикии минтақаҳои он ташаккул ёфтаанд (нигар Сохти геологӣ). Дар ҳар як аз 5 ноҳияи геологии Тоҷикистон намудҳо ва маҷмааи мушаххаси сарватҳои табиъӣ ҷойгир шудаанд: дар Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ сарватҳои табиъии ғайримаъданӣ, ба мисли намакҳо, ангишт, нафту газ, бентонитҳо, стронтсий ва ғ. пайдо шудаанд. Дар ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолӣ, Тоҷикистони Марказӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ (Помир) бештар канданиҳои маъданӣ (оҳан, тилои маҳаллӣ, нуқра, сурма, симоб, полиметаллҳо, флюорит ва ғ.) рушд кардаанд.
Корҳои геологии аккосӣ, ҷустуҷӯӣ, иктишофӣ, таҳқиқоти геофизикӣ, геокимиёӣ ва амсоли онҳо, ки дар ҳудуди Тоҷикистон дар зарфи солҳои тӯлонӣ гузаронида шудаанд, ба кашф ва арзёбии чандин конҳои канданиҳои фоиданок, аз ҷумла сурбу руҳ, сурмаву симоб, унсурҳои асил, мису висмут, волфрам, оҳан, қалъагӣ, бор, флюорит, сангҳои гаронбаҳо, намакҳои гуногун, масолеҳи бинокорӣ ва ғ. (дар маҷмӯъ зиёда аз 50 намуд) мусоидат кардаанд[1].
Гурӯҳбандӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарватҳои табиъӣ мутобиқ бо эҳтиёҷоти саноат ва истифодаи амалии онҳо тасниф ва тибқи яке аз низомҳои маъмули омӯзиши сарватҳои табиъӣ, ба 12 гурӯҳ тақсим карда мешаванд[1].
Нафту газ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз гурӯҳи ашёи сӯзишворӣ ва энергетикӣ дар Тоҷикистон нафту газ, газу конденсатҳо, ангишт ва торф маъмуланд.
Шароити геологие, ки таҳаввулоти геодинамикии шадиди қаламрави кишварро тавассути бархӯрди плитаҳои азими тектоникии Ҳинд ва Авруосиё дар давоми 200 млн соли охир ба миён овард, барои пайдоиш ва ҳифзи зарфҳо (резервуарҳо)-и табиии нафту газдор номусоид буд. Сабаби асосии кӯчакии зарфҳои нафту газдор ва ҳаҷми онҳо, ҷойгиршавии канда-кандаи онҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ аст.
Захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон маҳдуд буда, дурнамои нафт тақр. 120 млн т, газ қариб 0,9 трлн м3 ва газоконденсат то 35 млн т арзёбӣ шудааст. Зуҳуроти нафт ва газ дар миёни қабатҳои замони мезозой ва кайнозой ошкор гардидаанд. Дар ноҳияҳои геологии Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ наздики 30 сохтори геологии нафту газдор ошкор шудаанд. Дар Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ конҳои нафтдор ва газунафтдори Равот, Конибодом, Конибодоми Шимолӣ, Ойритон, Ниёзбек, Маданият, КИМ маъмуланд. Онҳо ба қабатҳои палеоген мансуб буда, дар умқи 3,0–3,5 км ҷойгиранд. Нафту газ дар миёни регсангҳо ва оҳаксангҳо маҳфуз аст. Нафти минтақа сифати баланд дошта, барои истеҳсоли маводди сӯзишвории автомобилҳо ва равғанҳои молиданӣ тавсия шудааст. Геологҳо фарзия пешниҳод кардаанд, ки захираҳои калонтари нафту газ дар умқи жарф-тар (5–6 км), дар қабатҳои давраи табошир ҷойгиранд. Аммо чоҳи «Шаҳринав-1п», ки солҳои 2010–2018 аз ҷониби ширкати «Gazprom International» дар мавзеи Сариқамиш (то умқи 6 130 м) ва чоҳе, ки ширкати «Тетис Петролиум» дар майдони Ашт парма кардааст, натиҷаҳои дилхоҳ надоданд.
Шумораи зиёди зуҳуроти нафту газ дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ маҳфуз аст. Нафти ин мавзеъ серқатрон буда, барои истеҳсоли қир ва ҳамчун сӯзишвории дегҳои буғӣ мувофиқ аст. Гази Тоҷикистон ба гурӯҳи газҳои хушк ва метандор дохил аст.
Даҳсолаи охир дар ҷумҳурӣ бо иктишоф, пармакунӣ, истихроҷ ва коркарди конҳои нафту газ зиёда аз 20 ширкати ватанию хориҷӣ, ба мисли ҶСК «Газпром», ширкатҳои «Бохтар Оперейтинг Компании Б, В», «С. А. Минералс», ҶДММ «Сомон Ойл», ҶДММ «Эдго Энерҷи СА», КМ «Зарафшон», ҶДММ «Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой», ШМ «КМ Анзоб», ҶДММ «Апрелевка», ҶСК «Tebian Electric», ҶДММ «Қулла», ҶДММ «Заринк», ҶДММ «Сарват», ҶДММ «Камароб», ҶДММ «Бунёд +АА», ҶДММ «Эксимком» ва ғ. машғул шудаанд. Истихроҷи конҳои минтақаҳои Балҷувон, Дӯстӣ дар таркиби нафт миқдори баланди парафинҳо ва дар таркиби газ – кибритро нишон дод. Арзиши истихроҷ ва коркарди нафту гази ватанӣ баланд буда, хароҷот асосан аз ҳисоби умқи зиёди қабатҳои нафту газдор, тамизкунии онҳо аз парафин ва кибрит ташкил меёбад. Геологҳо дурнамои майдонҳои Суфатоғро дар шимол, Қашқақум, Олимтойи Шарқӣ, Рангон, Саргазон ва Ялгизкакро дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ мусбат арзёбӣ кардаанд.
Ангишт. Дар Тоҷикистон захираҳои фаровони А. мавҷуд аст. Ҳаҷми умумии захираҳои дурнамои А.-и ҷумҳурӣ аз 4,3 млрд т зиёд аст. Ҳаҷми умумии А. мутааллиқи қабатҳои давраи табошир буда, қариб дар ҳамаи ноҳияҳои геологии кишвар, ки ҷинсҳои ин давраро доранд, дар ҳаҷми кам ё зиёд вомехӯрад. Навъҳои А.-и давраи ангиштсанг, ки дар силсилакӯҳҳои Туркистону Зарафшон вомехӯранд, сифати паст ва захираи ночиз доранд.
Дар Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ кони ангишти бӯри Шӯроб ҷойгир аст, ки солҳои тӯлонӣ мавриди истифода қарор дорад. Ҳаҷми солонаи истихроҷи кон аз садҳо ҳазор то як млн т мебошад. Сифати А. танҳо барои ҳамчун сӯзишворӣ истифода кардани он мувофиқ аст.
Гурӯҳи конҳои майдони «Фону Яғноб» асосан навъҳои А.-и баландсифати коксшаванда дошта, аз се майдон иборат аст. Солҳои охир конҳои майдони шарқӣ бо мақсади таъмини маркази барқу гармидиҳии Душанбе истихроҷ мешаванд. Ҳаҷми асосии кон тавассути хафриёти зеризаминӣ истихроҷ шуда, коркарду истихроҷи рӯизаминии он низ раванди тоза дорад. Сифати А.-и конҳои майдони «Киштӯд-Заврон» (Панҷакент) ва «Зидеҳ» (дар нишебии ҷануби силсилакӯҳи Ҳисор, 72 км шимолтар аз шаҳри Душанбе) миёна буда, асосан чун сӯзишворӣ (барои ниёзҳои аҳолӣ) истифода мешавад.
Конҳои «Моғиён» (ш. Панҷакент), «Миёнаду» (н. Сангвор), «Ҳакимӣ» (н. Шаҳринав) ва ғ. бино бар шароити душвори табиӣ ва кӯҳӣ-геологӣ, ба гунаи мавсимӣ истихроҷ мешаванд.
Кони А.-и аълосифати антраситдори Назарайлоқ дар ҷаҳон ҳамто надорад (баъди кони ангишти Ха-Туи Ветнам), вале мутаассифона, чандин даҳсола ҳамчун сӯзишворӣ истифода мешуд. Ҳоло истихроҷи кон боздошта шуда, имкони истифодаи оқилона ва самараноки антрасит барои соҳаҳои гуногун (истеҳсоли карбюризаторҳо, навъҳои махсуси пӯлод, чӯяни сунъӣ, карбиди калсий, сорбентҳо, дорувор ва ғ.) омӯхта шуда истодааст.
Дар ҳудуди Помир (Бадахшон) солҳои 30 асри 20 кони Куртеке кашф шудааст. А.-и кон хокистари бисёр (зиёда аз 35%) дошта, қабатҳои он начандон ғафс ва тӯлонианд. А.-и кон то солҳои 70 асри 20 истихроҷ мешуд. Дурнамои конро таҳқиқоти солҳои охири асри 20 манфӣ арзёбӣ карданд. Таҳқиқоти ҷадиди геологии олимони АМИ Тоҷикистон собит карданд, ки зуҳуроти А.-и Помир танҳо бо кони Куртеке маҳдуд нашуда, дар қабатҳои табошири поини минтақа эҳтимоли кашфи конҳои А. баланд аст. Бо ин мақсад майдонҳои ояндадори минтақа мушаххас карда шудаанд.
Торф дар зиёда аз 40 мавзеи қисми Помири Шарқӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, дар робита бо маҷрои дарёҳои моилии камдошта, ки дар муддати тӯлонӣ мавзеи анбӯҳи рустаниҳои гуногун гаштаанд, рушд ёфтааст. Т.-и Помири Шарқӣ нисбатан хом, намнокии зиёд доранд ва ғайри қобили истифода мебошанд. Торфҳои ҷануби кишвар (мавзеъҳои Қаросу, Чорбоғ, Ментут) захираҳои кофӣ надоранд. Ҳоло истихроҷи Т. аз нигоҳи зарурати ҳифзи муҳити атроф мамнӯъ аст.
Филиззоти сиёҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба гурӯҳи филиззоти сиёҳ, рӯйкаш ва оташтобовар оҳан, манган, хром, титан, ванадий, никел ва кобалт дохил мешаванд.
Дар Тоҷикистон аз ин гурӯҳ танҳо оҳан ва манган зуҳуроти гуногунро ташкил кардаанд. Хром, титан ва ванадий дар дохили маъданҳои конҳои оҳан, қисман полиметаллҳо ба сифати унсури ҳамсафар вохӯрда, захираи фаровон надоранд. Дар конҳои маҷмаавии Помири Ғарбӣ (Икар) захираи фаровони кобалт мавҷуд аст.
Оҳан дар Тоҷикистон зуҳуроти зиёд дорад, аммо захираҳои бузурги он ҳоло номаълуманд. Конҳои О. асосан дар Тоҷикистони Шимолӣ (зиёда аз 100 млн т маъдани оҳандор) ва Помир (зиёда аз 270 млн т) ҷойгиранд. Кони Шоҳқадамбулоқ дар нишебиҳои шимолии силсилакӯҳи Қурама қарор дорад. Оҳан дар минерали магнетит, ки миқдори миёнаи он дар маъдан ҳудуди 40%-ро ташкил медиҳад, мавҷуд буда, қитъаҳои маъданӣ асосан дар умқи 400–450 м ҷойгиранд. Миқдори оҳан дар маъдан то 50% мерасад. Дар баробари оҳан дар маъданҳо висмут, галлий, тило, нуқра, кобалт, мис, сурб, руҳ ва дигар унсурҳо вомехӯранд. Кони оҳани Харангон дар Тоҷикистони Марказӣ захираи начандон калон дошта, асосан барои таъминоти эҳтиёҷоти корхонаҳои сементбарорӣ истифода мешавад. Зуҳуроти дигари оҳан – Барч дар Помири Марказӣ воқеъ аст. Бо оғози фаъолияти комбинати металлургии Ҳисор эҳтиёҷ ба маъдани оҳан афзуда, зарурати истихроҷи саноатии конҳои номбаршуда ба миён омадааст.
Манган. Дар мавзеи Чатиротеки Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ (Исфара), Сангвори Тоҷикистони Марказӣ ва мавзеи Маркансуи Помири Шимолӣ ошкор карда шудааст. М. дар таркиби минералҳои пиролюзит ва манганит маҳфуз аст. Тибқи таҳқиқоти муштараки геологҳои Тоҷикистону Хитой, дар мавзеи фаромарзии Помири Шарқӣ (ҳавзаи д. Маркансу) зуҳуроти калони М. ошкор карда шудааст.
Филиззоти ранга
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз гурӯҳи филиззоти ранга дар Тоҷикистон алюминий, висмут, қалъагӣ, магний, мис, сурбу руҳ, сурмаву симоб бештар маъмуланд.
Алюминий. Ин унсур барои саноати Тоҷикистон аҳаммияти калидӣ дорад, зеро корхонаи азими кишвар ТАЛКО (КВД «Ширкати алюминии тоҷик») дар асоси ашёи воридотӣ фаъолият намуда, зарурати оҷилии кашф, таҳқиқ ва истихроҷи ашёи ватанӣ вазифаи муҳимми соҳаи геология ба шумор меравад. Бокситҳо ва ҷинсҳои бокситдор дар ноҳияҳои геологии Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ (дар миёни ҷинсҳои палеозойи мавзеъҳои Шаршар, Ворух ва ғ.), Тоҷикистони Марказӣ (ҷинсҳои давраи палеозойи боло ва мезозойи силсилакӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор ва ғ.) ва Помир (ҷинсҳои мезозойи водии Пшарт ва ғ.) паҳн шудаанд, вале сифати паст дошта, захираҳои А. дар онҳо ночиз аст. Бокситҳо ва ҷинсҳои бокситдори Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ва Марказӣ аҳаммияти маҳаллӣ дошта, дурнамои бокситҳои Помир (Калактош, Пшарт) манфӣ арзёбӣ мешавад. Бокситҳо дар кишвари мо кам вомехӯранд, ҷинсҳои бокситдор (сиаллитҳо, аллитҳо) захираи асосии А.-ро доранд.
Солҳои охир бино бар рушд кардани техникаву технологияи истихроҷ ва коркарди маъдан, таваҷҷуҳ ба ашёи алюминийдори дигар – сиенитҳои нефелиндор торафт меафзояд. Дар Тоҷикистони Марказӣ кони сиенитҳои нефелиндори Турпи (бо захираҳои геологии 300 млн т) мавҷуд аст. Ин сиенитҳо ашёи маҷмаавие мебошанд, ки аз он фарокашии ашёи алюминийдор – гилхок, ҳамчунин истеҳсоли семент, моддаҳои кимиёии натрий, ереванит, метасиликати натрий, метасиликати калсий ва маҳсулоти дигар имконпазир аст. Дар таркиби сиенитҳои нефелинӣ миқдори ками гилхок (21%) мавҷуд аст, аммо технологияи муосир имкон медиҳад, ки миқдори зарурии А. аз он ҷудо карда шавад.
Висмут. Захираҳои В. дар Қарамазори Шарқӣ ҷойгир аст. Дар маҷмааҳои ҷинсҳои вулкании конии порфирийи кварс-дор воқеъ буда, таркиби маъданҳои онҳо мураккаб, иборат аз мису висмут, сурб ва флюорит мебошанд. Конҳои мису висмутдори Тариэкон ва Кафтархона маъмултарин конҳои В. мебошанд, ки қаблан истихроҷ мешуданд.
Қалъагӣ асосан дар ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ (Помир) ва Тоҷикистони Марказӣ кашф шудааст. Захираҳои калони Қ. дар гиреҳи маъдании Бозордара-Якҷилга (конҳои Сеқулла, Якҷилга ва ғ.), конҳои Пасирӯд (Заречное) ва Элису воқеъ дар Помири Марказӣ қарор доранд. Дар гиреҳи маъдании Бозордара қариб 30 кони Қ. мавҷуданд, ки бо ҳам иртиботи амиқи геологӣ ва генетикӣ доранд. Конҳои Қ.-и гиреҳ дар баландиҳои 4 500–5 000 м аз с. б. ҷойгиранд, ки барои истихроҷи онҳо монеаи асосӣ ба ҳисоб меравад.
Дар Тоҷикистони Марказӣ конҳои Қ. дар ҳавзаи дарёи Киштӯд (кони Мушистон), қисми миёнаи силсилакӯҳи Ҳисор (кони Кумарғ – Тагобикӯл), болооби Зарафшон (конҳои Кумарғ, Рама, Тагобикӯл), нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳҳои Зарафшону Ҳисор паҳн шудаанд. Миқдори муайяни Қ. ба сифати унсури ҳамсафар дар конҳои дигар сарватҳои табиӣ (Майхура, Такфон, Сармат, Амшут ва ғ.) низ вомехӯрад. Минералҳои асосии кон – станин ва касситерит мебошанд. Дар дохили маъданҳо ҳамчунин мис, сурбу руҳ ва нуқра мавҷуд аст. Кони Кумарғ – Тагобикӯл дар силсилакӯҳи Ҳисор ҷойгир буда, асосан дар шакли пайҳои начандон ғафси тӯлонӣ зуҳур кардааст.
Магний. Захираҳои М. дар қабатҳои доломитҳои замони мезозой ва кайнозойи Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ бисёр дучор шуда, дар таркиби онҳо миқдори оксиди М. аз 22% зиёд аст. М. ҳамчунин дар намакҳои кони Оқсуқон (Тоҷикистони Шимолӣ) захираҳои бисёр дорад. Ин унсур дар саноати истеҳсоли нуриҳои гуногун ва маводди кимиёӣ ашёи зарурӣ ба ҳисоб меравад.
Мис. Захираи М. дар ҳудуди Тоҷикистон чандон фаровон нест. М. маъмулан ҳамчун унсури ҳамсафар дар таркиби маъданҳои конҳои полиметаллӣ, тило, висмут, ки дар маҷмааҳои чиндори палеозой ҷойгиранд, вомехӯрад. Дар даҳсолаҳои охир таваҷҷуҳ ба зуҳуроти таҳҷоии М. ва порфирийи Дарвоз, регсангҳои мисдори Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, Равнов, ки сатҳи нокифояи таҳқиқоти геологӣ доранд, меафзояд. Дар конҳо М. дар таркиби минералҳои азурит, борнит, малахит, халкопирит ва хризоколла мавҷуд аст.
Сурма ва симоб. Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои сурма дар қитъаи Осиё мавқеи севвум ва дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) мавқеи аввалро ишғол менамояд. Захираҳои асосии сурма дар минтақаи симобу сурмадори Ҷиҷикрӯд (Тоҷикистони Марказӣ) мустақаранд. Конҳои ин минтақа дар тӯли зиёда аз 60 сол истихроҷ карда мешавад. Дар минтақаи Чулбой-Кончоч захираҳои калони симоб мавҷуданд. Дар ин минтақа захираҳои калони чанд унсури ҳамсафар – сурма, тило, фтор, селен низ вомехӯранд. Дар ноҳияҳои дигари геологии Тоҷикистон захираҳои камтари сурмаю симоб низ ба назар мерасад (Туркистон, Рӯзиобнок, Моғиён ва ғ. дар Тоҷикистони Марказӣ, Музкӯл, Машале, Бозтере ва ғ. дар Помир).
Сурбу руҳ дар Тоҷикистон захираҳои калон доранд. Конҳои асосии онҳо (зиёда аз 90% захираҳои ҷумҳурӣ) дар Тоҷикистони Шимолӣ, дар минтақаи маъдании Қаромазори Марказӣ ҷойгир шудаанд. Ба ғайр аз конҳои дар натиҷаи хуруҷи ҷинсҳои тафтавӣ (вулканӣ) зуҳуркарда, дар ҷинсҳои таҳшинии ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ маъданҳои сурбу руҳ низ пайдо шудаанд (конҳои стратиформӣ). Сурбу руҳ ва флюорит низ ба миқдори зиёд дар конҳои полиметаллӣ паҳн шудаанд. Конҳои минтақаҳои маъдании Олтин-Топкан, Консой, Қуруқсой, Адрасмон ва ғ. дар дохили ҷинсҳои замони палеозой, дар робита бо ҷинсҳои интрузивӣ ва оҳаксангдор густариш ёфтаанд. Қисми зиёди конҳои сурбу руҳи ноҳияи Тоҷикистони Шимолӣ (Қуруқсой, Турангли, Тутли, Замбарак, Тариэкан ва ғ.) қариб комилан истихроҷ шудаанд. Дар Тоҷикистони Марказӣ конҳои сурб ва руҳ дар силсилакӯҳи Ҳисор (дараи Варзоб), ҳамчунин конҳои Такоб, Кондара, Сафеддара, Деҳмалик ва ғ.) воқеанд. Дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ зуҳуроти сурбу руҳ (Кони сурби Балҷувон, Хоҷамастон, Дараисой ва ғ.) ҷавон буда, табиати стратиформӣ дорад ва бевосита бо ҷинсҳои давраи мезозой ва кайнозой иртибот дорад.
Филиззоти гаронбаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Алмос. Дар Тоҷикистон ҳоло зуҳуроти А. ба қайд гирифта нашудааст. Корҳои геологии солҳои 70–80 асри 20 анҷомшуда эҳтимоли ками ташаккули А.-ро дар сарзамини кишвар нишон доданд.
Тило. Т. дар Тоҷикистон дар 2 намуд мавҷуд аст: 1) тилои таҳҷоӣ, ки чун унсури кимиёии пайваста бо дигар унсурҳо дар дохили маъдан ҷой гирифтаанд; 2) тилои пошхӯрда, ки шакли озоди филиззӣ дошта, ҳамчун минерали худрӯй паҳн шудааст.
Зуҳуроти тилои маъданӣ (зиёда аз 150 кон) дар ноҳияҳои геологии Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ҷойгир шудааст. Дар Тоҷикистони Шимолӣ зуҳуроти тилло дар майдони маъдании Қаромазор ҷамъ шудааст. Дар он кони маъмули Апрелевка, ки истихроҷаш амалан ба анҷом расидааст ва зуҳуроти конҳои Бургунда, Икиҷелон захираҳои ками Т. доранд. Ташхисҳои геокимиёӣ собит кардаанд, ки миқдори Т. (ва захираи он) дар кони оҳани Шоҳқадамбулоқ дар сатҳи саноатӣ қарор дорад.
Дар Тоҷикистони Марказӣ захираҳои асосии Т.-и маъданӣ маҳфузанд. Зуҳуроти Т. дар ноҳия дар минтақаҳои тилодори Ҷилав – Тарор – Ғиждарва, Кончоч – Чулбой, Кум – Чоре – Дуоба, Покруд – Руфигарм ва ғ. қарор дорад. Дар заминаи конҳои Т.-и Ҷилав – Тарор – Ғиждарва ва Покруд – Руфигарм истихроҷи саноатӣ ба роҳ монда шудааст, ки ноҳияро ба минтақаи асосии саноати кӯҳии ҷумҳурӣ табдил додааст. Конҳои минтақаҳои дигар дар марҳалаи иктишоф қарор гирифта, баъди анҷоми он ба истифодаи саноатӣ фаро гирифта мешаванд. Т.-и маъданӣ ҳамчунин дар болооби дарёи Зарафшон, шохобҳои дарёи Сардаи Миёна, нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳи Ҳисор дар шакли захираҳои камдошта паҳн шудааст. Дар Тоҷикистони Марказӣ низ Т.-и таҳҷоӣ дар маъданҳои унсурҳои дигар (нуқра, сурмаю симоб, флюорит, полиметаллҳо, платиноидҳо ва ғ.) васеъ вомехӯрад. Захираҳои ин намуди Т. дар конҳои нуқраи Кони Нуқра ва Мирхант, сурмаю симоби Ҷиҷикрӯд (н. Айнӣ), полиметаллҳои минтақаи маъдании Ғориф – Яғноб, зуҳуроти платиноидҳои Абдӣ қарор доранд ва дар сурати истихроҷи конҳо, дар баробари унсурҳои асосӣ Т.-ро низ фаро кашидан имконпазир аст.
Дар Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ конҳои Т.-и маъданӣ паҳноии васеъ надошта, дар қисми Муғсу – Савуқсой, Дарвоз – Сангвори Бадахшон ва Помири Марказӣ (Пшарт-Рангкӯл) воқеанд. Т. дар ин мавзеъҳо бо ҷинсҳои метаморфизмӣ ва тафтаии замони палеозой иртибот дорад. Т. дар таркиби маъданҳои унсурҳои дигар, ба монанди кони нуқраи Якҷилга, зуҳуроти полиметаллии Қараарт ва ғ. вомехӯрад, аммо миқдор ва захираи он қиёсан кам аст.
Аз миёни мавзеъҳои Т.-и маъдандор минтақаи Муғсу-Савуқсой ҷолиб аст. Дар ин мавзеъ ҳанӯз дар анҷоми асри 19 ва аввали асри 20 иктишоф ва истихроҷи Т.-и маъданӣ (ва пошхӯрда) ба роҳ монда шуд. Ҳоло бино бар шароити мушкили табиӣ (иқлими сард, баландиҳои зиёда аз 3 000 м аз с. б., обхезиҳои тӯлонӣ, душворгузарӣ ва ғ.) ва набудани инфрасохтори асосӣ (роҳи автомобилӣ, хоҷагӣ), дар ин мавзеъ гузаронидани корҳои геологӣ ва иктишофӣ мушкил ва серхарҷ мебошад.
Конҳои Т.-и маъдании минтақаи Пшарт – Рангкӯл, ки бо онҳо конҳои Т.-и пошхӯрда ҳамсафаранд, аз ҷиҳати геологӣ беҳамтоянд. Дар минтақаи Рангкӯл конҳои пошхӯрдаи глятсиалӣ-элювиалӣ, ки қаблан ба иштибоҳ аллювиалӣ ва ҳатто пролювиалӣ тасниф мешуданд, паҳн шудаанд. Зуҳуроти Т.-и пошхӯрда дар натиҷаи фаъолияти геологии пиряхҳо пайдо шуда, масоҳати майдони паҳноии он аз ҳудуди пиряхҳои дар замони голотсен фаъол берун намебарояд. Чунин зуҳурот ҳоло танҳо дар ин мавзеъ вомехӯрад, вале эҳтимол меравад, ки дар минтақаи Муғсу – Савуқсой низ мавҷуд бошад. Шароити геологию геоморфологии пайдоиши Т.-и пошхӯрда ба ташаккули хусусиятҳои ҷолиби он: мавҷудияти миқдори Т.-и озод дар маъданҳои таҳҷоӣ, фарсоиши ниҳоят шадиди ҷинсҳои таҳҷоӣ (ҷинсҳо бо зарби мушт ба осонӣ майдареза мешаванд) сабаб шудааст.
Конҳои Т.-и пошхӯрда дар водии дарёҳои Зарафшон, Ёхсу, Муғсу, Сангвор, Рангкӯл паҳн шудаанд. Теъдоде аз ин конҳо мавриди истихроҷ қарор гирифтанд. Ба ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии кишвар ҳуқуқи истихроҷи хусусии конҳои Т.-и пошхӯрда дода шудааст ва ин боиси тавсеаи зиёди миқёс ва ҳаҷми фарокашии тилло гаштааст.
Т.-и пошхӯрда маъмулан дар мавзеи густариши конҳои таҳҷоии Т., дар натиҷаи фаъолияти тӯлонии обҳои равон (мас., дарё), пиряхҳо, баъзан селҳо, ки ба фарсоиши физикию механикӣ ва қисман кимиёии маъданҳои таҳҷоӣ сабаб мешаванд, пайдо мешавад. Дар сарзамини Тоҷикистон ин вобастагӣ бармало мушоҳида мешавад ва ба ин сабаб ду намуди зуҳуроти конҳои Т.-ро тавассути ҷудо кардани гиреҳҳои маъданию пошхӯрда, ки ҳамбастагии табиӣ ва наздик доранд, дар шакли гиреҳҳои маъданию пошхӯрда якҷо кардан мумкин аст:
1. Гиреҳи маъданию пошхӯрдаи Зарафшон;
2. Гиреҳи маъданию пошхӯрдаи Муғсу – Савуқсой;
3. Гиреҳи маъданию пошхӯрдаи Равнов – Дарвоз;
4. Гиреҳи маъданию пошхӯрдаи Пшарт – Рангкӯл.
Дар гиреҳҳои маъданию пошхӯрдаи номбаршуда қонуниятҳои амиқи вобастагии паҳноии зуҳуроти Т.-и пошхӯрда ва таҳҷоӣ мушоҳида мешаванд, ки барои таҳқиқи хусусиятҳои пайдошавӣ, таркиби маъдан, миқёси густариш ва муҳимтар аз ҳама – арзёбии захираҳо ва дурнамои онҳо ниҳоят муҳим ба шумор меравад. Аз ҷониби дигар, ташкили истихроҷи Т. низ дар ҳудуди гиреҳҳои маъданию пош-хӯрда ба таври маҷмаавӣ, яъне тавассути ғанигардонии кимиёии маъдани Т. ва шусташавию фарокашии Т.-и холис аз пошхӯрдаҳо, баробар ба роҳ монда шудааст, ки самараи баланди иқтисодӣ медиҳад.
Нуқра. Тоҷикистон аз захираҳои Н. ғанӣ мебошад. Вобаста ба хусусиятҳои кимиёӣ Н. бо полиметаллҳо ҳамсафар буда, дар маъданҳо якҷо вомехӯранд. Захираҳои асосии Н. дар кони Конимансури Калон (Тоҷикистони Шимолӣ) вуҷуд доранд. Захираҳои геологӣ ҳанӯз солҳои 80-ум ҳисоб шуда, расман аз ҷониби Комиссияи давлатии захираҳо ба тавозуни давлат гирифта шудаанд. Дар Конимансури Калон дар баробари захираҳои калони сурбу руҳ ва Н., ҳамчунин, висмут, кадмий, индий ва ғ. мавҷуданд.
Кони дигари Н. – Якҷилга дар Помири Марказӣ воқеъ аст. Дар заминаи он (бевосита дар мавзеи кон) комбинати коркард ва ғанигардонӣ сохта шудааст, ки иқтидори солонаи он зиёда аз 50 ҳазор т маъдан мебошад.
Зуҳуроти нуқра бо захираҳои камтар дар минтақаҳои гуногуни кишвар (Қаромазор, Ашт, водиҳои Шингу Моғиён, Сорбух, водии Пшарт ва ғ.) низ ҷойгир шудааст.
Платина ва платиноидҳо. Ин унсурҳои асил зуҳуроти алоҳидаро ташкил намекунанд ва дар дохили маъданҳои дигар унсурҳо густариш ёфтаанд.
Сангҳои ороишӣ (ҳунармандӣ) ва рӯйпӯшӣ. Ин гурӯҳи сангҳо минералҳо ва ҷинсҳои гуногунтаркибу гуногунтабиатро дар бар мегиранд. С. о. мафҳуми умумӣ буда, минералҳо ва ҷинсҳоеро муттаҳид мекунанд, ки маъмулан дар намуди ҷузъи ҷолиби маҳсулоти заргарӣ ё ба сурати маҳсули ҷудогонаи омода мавриди истифода қарор мегиранд.
Сарзамини Тоҷикистон захираҳои гуногуни С. о. (ҳунармандӣ) ва рӯйпӯшӣ дорад. Мавзеъҳои дар замони қадим истихроҷшавандаи ин навъи сангҳо дар саросари кишвар бисёр ба назар мерасанд. Ниёз ба сангҳои ҳунармандӣ ва арзишҳо ба тақозои бозор сахт вобаста буда, номгӯй, мақом, арзиши онҳо тағйирёбанда аст.
Сангҳои ҳунармандӣ 3 гурӯҳро дар бар мегиранд: сангҳои ҷавоҳиротӣ, ҷавоҳиротию ҳунармандӣ ва ҳунармандӣ. Дар кишвари мо сангҳои зерини ҷавоҳиротӣ вомехӯранд (тибқи арзиш): ёқути кабуд, ёқут ва александрит, жадеит, ёқутҳои зард, бунафш ва сабз, лаъли асил, айнушшамс (опал)-ҳои сафед ва норӣ, аквамарин, забарҷад (топаз), родолит, адуляр, турмалинҳои сурх, кабуд, сабз, гулобӣ ва полихромӣ, кунсит, сиркон, ёқути азрақ (бериллҳо)-и зард, сабз, фирӯза, хризолит, лаъли кабуд (аметист), хризопраз, пироп, алмандин, ситрин. Аз сангҳои ҷавоҳиротию ҳунармандӣ кварси дудранг, гематит, булӯр, жадеит, нефрит, лоҷвард (лазурит), санги ахзар (малахит), авантюрин, ақиқи яманӣ (агат), ақиқ (халседон)-и ранга, амазонит, родонит, ақиқи сурх (гранатҳо), кварси гулобӣ, лабрадор зуҳуроти алоҳидаи хурду миёнаро ташкил мекунанд. Аз гурӯҳи сангҳои ҳунармандӣ дар Тоҷикистон яшм, хоросанг (гранит)-и ҳарфӣ, санги сулаймонӣ ё ақиқи рах-рах (оникс)-и мармарӣ, лиственит, обсидиан, гагат, ҷеспилит, селенит, флюорит, авантюрин, скарнҳои рахдор, мармари ранга зуҳуроти гуногуни хурду калон доранд.
Зуҳуроти родонит дар кони Олтинтопкан, обсидиан дар кони Тошкескен, флюорити ранга ва сабзи конҳои Кони Мансур, Чашма, серпентини конҳои Фирӯзакон, Консой, Чоқадам-Булоқ, санги сулаймонии мармарӣ дар кони Қӯруқсой, гачҳои шаффоф дар минтақаи Исфара, яшмҳои силсилакӯҳи Зарафшон (конҳои Торик, Такоби Ҷуфт, Дардар, Мадм, Вен, Мосариф), Хувич дар Фондарё ва Ёрӣ, дар нишебиҳои ҷанубии Туркистон, лоҷварди дараи Лоҷварди Бадахшон солҳои тӯлонӣ мавриди истихроҷ ва истифодаанд.
Сангҳои рӯядиҳанда гурӯҳи алоҳидаи сангҳои ҳунармандӣ, ки аз минералҳо ё ҷинсҳо таркиб ёфта, кристаллҳо ё пораҳои онҳо аз рӯи хусусиятҳои физикию механикӣ дар дастгоҳҳои махсус рӯя зада мешаванд ё бо суфтакунӣ ҷилои ҷолиб пайдо мекунанд. Аз ин гурӯҳ дар Тоҷикистон лаъли асил (шпинел), корунди ёқутмонанд (рубин), турмалин, фирӯза, лаъли кабуд, родонит, лоҷвард, забарҷад, булӯр ва ғ. маъруфанд. Зуҳуроти онҳо дар ноҳияҳои геологии Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ мавҷуданд. Дар Тоҷикистони Шимолӣ гарчанде захираҳои фирӯза кам шудаанд, дар сурати таҳқиқоти геологӣ, метавонанд боз мавриди истихроҷи саноатӣ гарданд. Дар Тоҷикистони Марказӣ зуҳуроти лаъли кабуд (аметист), турмалинҳои ранга ва ақиқҳои сурх бештар ба қайд гирифта шудаанд. Зуҳуроти назаррас ба мисли лаъл, корунд, ёқут, сапфир, турмалин, лаъли кабуд ва ғ. бештар дар Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ ба қайд гирифта шудааст.
Кони маъмултарини лаъли асил (шпинел) дар кони Кӯҳи Лаъл (ноҳияи Ишкошим), садсолаҳо мавриди истихроҷ қарор дорад. Шпинел рангҳои гулобӣ, сурхранги гулобӣ ва аҳёнан сиёҳ дорад.
Сангҳои рӯйпӯшӣ қариб дар ҳамаи ноҳияҳои геологии Тоҷикистон густариш ёфта, захираҳои азим доранд. Ҳаҷми асосии захираҳои С. р. дар маҷмааҳои ҷинсҳои замони гуногуни геологӣ, ки ҳамаи гурӯҳи генетикиро (таҳшинӣ, тафтавӣ ва метаморфӣ) дар бар мегиранд, ташаккул ёфтаанд. Қисми асосӣ ва азими ин зуҳуротро С. р., ки дар намуди сангҳои рангоранг ва гуногунтабиати хоро (гранит), мармар, габбро, диорит, амфиболит, пироксенит, серпентинит ва амсоли инҳо вомехӯранд, ташкил медиҳанд.
Аз миёни конҳои С. р. дар дохили ҷумҳурӣ бештар сангҳои оҳаксанги кони Миндона, хорои конҳои Шайдон, Беғар, Дара, конгломератҳои конҳои Такелии Миёна, Арҷанак, Подахона, мармари конҳои Кабутӣ, Даштак, Ёрӣ, Мадм, Ғанчик, диоритҳои кони Муғултов, гнейсҳои серпентинитҳои кони Рузвай, сиенитҳои кони Шерак, туфобрекчияҳои кони Шамол маъмул ва мавриди истифодаанд. Саноати истихроҷ ва коркарди С. р. дар ҷумҳурӣ аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ (асосан шаҳрвандони Тоҷикистон) дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.
Унсурҳои радиоактивӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Зуҳуроти торий дар Тоҷикистон дар ҳаҷми зарурӣ ошкор нашудааст. Торий дар баъзе конҳои уран ҳамчун унсури ҳамсафар вомехӯрад, аммо захираи казоӣ надорад. Конҳои уран дар се ноҳияи геологӣ – Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ҷойгир шудаанд. Дар Тоҷикистони Шимолӣ конҳои уран дар нимаи дуввуми асри 20 васеъ истихроҷ мешуданд. Зуҳуроти уран бештар бо маҷмааҳои вулканию интрузивии таркиби туршдошта иртибот дорад. Дурнамои зуҳуроти уран дар Помири Шарқӣ тибқи таҳқиқот мусбат арзёбӣ мешавад.
Унсурҳои нодири филиззӣ ва нодирзамин
[вироиш | вироиши манбаъ]Унсурҳои нодири филиззӣ ва нодирзамин (литий, бериллий, ниобий, тантал, сирконий, германий ва ғ.) дар Тоҷикистон гарчанде конҳои калонро ташкил намекунанд, вале паҳноии зиёд доранд. Унсурҳои нодири филиззӣ, маъмулан, дар таркиби маъданҳои гуногуни дигар сарватҳои табиӣ мавҷуд буда, захираҳои муайянро ба вуҷуд меоранд. Литий ва бериллий дар маҷмааҳои маъданию тафтавии Тоҷикистони Марказӣ, Помири Марказӣ вомехӯранд. Зуҳуроти хурду миёнаи ниобий ва тантал дар Тоҷикистон Ҷанубу Шарқӣ ошкор карда шудаанд.
Дар кишвари мо зуҳуроти унсурҳои нодирзамин дар Помири Шарқӣ ва қисман дар Тоҷикистони Марказӣ ошкор карда шудаанд. Дар баробари ин, унсурҳои нодирзамин дар таркиби маъданҳои дигари табиати ҳидротермалидошта ошкор карда шудаанд ва истихроҷи онҳо имконпазир аст.
Ашёи хоми кимиёӣ ва агрономӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бентонит ё гилҳои адсорбсионӣ дар чанд ҷойи минтақа, аз ҷумла Исфара (Шӯроб, Хонобод, КИМ) ва Конибодом, ҳамчунин дар мавзеъҳои атрофи шаҳри Душанбе (Даштибед, Султонобод), дар дохили таҳшинҳои давраи палеоген мавҷуданд. Онҳо доираи хеле васеи истифода – аз беҳкунии заминҳои кишт софкунии равғанҳо ва маҳсулоти нафтӣ, бофандагӣ то саноати дорусозӣ доранд.
Бор. Кони азими Б. – Акархар (Помири Марказӣ), дорои захираҳои фаровон буда, дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад. Унсури Б. дар минерали данбурит ҷой дорад. Кон дар баландиҳои наздики 5 000 м аз с. б. қарор дорад, ки барои истихроҷи он монеаи асосӣ ҳисоб меёбад. Кони Б.-и Акархар дар минтақаи азими маъдании Помири Марказӣ, ки силсилаи конҳои қалъагӣ, нуқра, полиметаллҳо ва дигар унсурҳоро низ дарбар мегирад, ҷойгир шудааст. Минтақа дар масофаи қариб 60 км аз шоҳроҳи М 41–Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, ки тавассути роҳи Мурғоб – Қулма ба шоҳроҳи байналмилалии осиёии G314-N35 – Қароқурум пайваст мешавад, қарор дорад.
Гач (гипс) ва ангидрит дар саросари кишвар бо ҷинсҳои давраи бӯр ва палеоген муртабит буда, захираҳои калон дорад. Захираҳои ин мавод дар Тоҷикистони Шимолӣ (конҳои Араб, Қалъаи мазор, Қалъаи бой ва ғ.), Тоҷикистони Марказӣ (конҳои Бувак, Харангон), Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ (конҳои Шар-Шар, Хоҷасартез) маҳфузанд.
Намаксанг. Тоҷикистон захираҳои бемаҳдуди Н. дорад. Конҳои намак асосан дар қабатҳои давраи табошир хобида, дар натиҷаи фишори тарвозаии ҳаракатҳои тектоникӣ ба чинҳои тӯлонӣ табдил ёфта, дар шакли гумбазҳо қабатҳои болоиро рахна карда, ба рӯи замин баромадаанд. Дар миёни конҳои намак Қамишқӯрғон (Тоҷикистони Шимолӣ) синну соли ҷавон (неоген) дорад.
Захираҳои умумии зиёда за 50 кони намаки ошӣ аз 70 млрд т бештар буда, танҳо захираҳои саноатии он ба 4,5 млрд т наздик аст. Конҳои асосии он дар ҳудуди Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ (минтақаи Кӯлоб) воқеанд, ки бузуртарини онҳо Хоҷасартез ва Хоҷамуъмин мебошанд. Ҳоло кулли конҳои намаксанги кишвар истихроҷ ва коркард мешаванд. Кони азими Хоҷасартез захираи зиёда аз 40 млрд т ва кони Хоҷамуъмин наздики 2 млрд т захираи намак доранд. Дар конҳои азими Тоҷикистон ҳиссаи ҷузъи асосӣ NaCl аз 96% зиёд аст.
Кони намаки Тутбулоқ захираи 1,3 млрд т намак дошта, барои эҳтиёҷоти комбинати кимиёии Ёвон бо усули геотехнологии зеризаминӣ истихроҷ мешавад. Таркиби намаки кони Қамишқӯрғон ҳамагӣ 68% NaCl (хлориди натрий) дошта, 0,9 млрд т захира дорад.
Кибрит (гӯгирд S) дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ вомехӯрад. Дар минтақаҳои Исфара (кони Лаккон) ва Шаҳритус (кони Туюнтов) дар қабатҳои оҳаксангҳои давраи бӯр ва палеоген, якҷоя бо калсит, ангидрит, гач, намаксанг ва битум вомехӯрад. Дар силсилакӯҳҳои Зарафшон ва минтақаи Мурғоб дар натиҷаи таҷзияи пирит дар рагу пайҳои маҷмааҳои ҳидротермалидошта пайдо шудааст. Дар мавзеи сӯхтори зеризаминии ангиштҳо, воқеъ дар соҳили чапи дарёи Яғноб, К. мунтазам, дар миқдори кам пайдо мешавад.
Маъданҳои агрономӣ аз ҷиҳати истифодаи амалӣ ба намудҳои зерин тақсим карда мешаванд:
1. Маъданҳои агрономии муқаррароти озуқаворӣ – галит (намаксанг);
2. Маъданҳои агрономӣ барои мелиоратсияи кимиёии хок – оҳаксанг, мергел, доломит, гач ва ғ.;
3. Маъданҳои агрономӣ барои беҳкунии хок бо маводди ғизоӣ: селитра, фосфатҳо, намакҳои калий, торф, гилҳои дарёӣ, кӯлию дарёӣ ва ғ.;
4. Маъданҳои агрономии дорои унсурҳо (манган, руҳ, бор, кобалт, молибден ва ғ.).
5. Маъданҳои агрономӣ барои истеҳсоли масолеҳи ҳифзи кимиёии рустаниҳои кишоварзӣ ва ҷангал аз бемориҳо ва ҳашароти зараррасон: кибрит, зангори мис ва оҳан, оҳак ва ғ.
Намакҳои магний (бишофит, карналлит) дар минтақаи кӯли Оксукон дар миёни мергелҳо ва оҳаксангҳои давраи бӯр воқеанд.
Озокерит (муми кӯҳӣ) дар мавзеи кони нафти КИМ ва кони Селроҳа (Исфара) ёфт шудааст. Зуҳуроти он дар миёни оҳаксангҳо ва регсангҳои палеоген ҷойгиранд. Захираи О. 170 ҳазор т мебошад. Зуҳуроти О. дар ҳаҷми хурд истихроҷ шуда, дар соҳаи тиб мавриди истифода аст.
Оҳаксанг ва доломит ҳамчун ашёи хом барои саноати кимиё, дар ҳудуди минтақаҳои Ёвон (кони Пушур ва Ёвон), Ленин (Чинор) ва Исфара (Араб ва Ворух) ёфт шудаанд. Ҷинсҳои нишондодашуда дар шакли қабатҳои то 100 м ғафсӣ бо қабатҳои Бухорои палеоген маҳдуданд. Захираҳои саноатии онҳо (карбонатҳои магнезӣ) дар ҳамаи конҳо зиёда аз 500 млн т-ро ташкил медиҳанд.
Рангҳои минералӣ дар асоси сурххокаи оҳанӣ, намакҳои кибритии оҳан ва гилҳои ранга, ки дар қабатҳои силури боло ва табошири Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ҷойгиранд, истеҳсол мешаванд. Оҳари оҳан, намаки оҳани сулфат ва гилҳои ранга захираи камтар доранд. Захираҳои онҳо дар кони Такфон (н. Айнӣ), Оғилак (ш. Панҷакент), Терек ва Суғрон (н. Лахш), Дараи Ризун (н. Ванҷ), Ҷаманҷар (н. Рӯшон), Шӯроб (ш. Исфара), Тутлиқудуқ (н. Бобоҷон Ғафуров) ва дигар мавзеъҳо ошкор шудаанд.
Селестин дар намуди сулфати стронсий, дар таҳшинҳои ҷавони мезозой ва кайнозой паҳн шудааст. Дар Тоҷикистони Шимолӣ маъданҳои С. дар қабатҳои гилсангҳо ва регсангҳои замони бӯр ва палеоген ҷойгиранд. Дар ҷануби ҷумҳурӣ рагҳои селестиндор дар қабатҳои гилсангҳо ва оҳаксангҳои палеоген, дар қатори ангидрит ҷойгиранд.
Селитраи табиӣ дар минтақаи Исфара ва водии Вахш ошкор шудааст. Конҳои селитра дар натиҷаи ташаккули типии шӯр, ки бо қабати обу ҳавои ҷинсҳои таҳшинӣ ё бо қисмҳои болоии қабрҳои қадимӣ иртибот доранд, пайдо шудаанд.. Кони Исфара аз минтақаҳои алоҳидаи селитра дар наздикии Исфара (Арабқишлоқ, Кӯлкамазор, Алмабарсу, Охтов, Шӯроба, Хонобод, Зумрад, Қалъачамазор) иборат аст. Дар водии Вахш шумораи зиёди минтақаҳои намакдор дар нишеби ғарбии кӯҳи Қизилтумшуқ ҷойгир аст.
Фосфоритҳо дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудаанд, вале сифати миёнаю паст ва захираи кам доранд. Онҳо дар ноҳияҳои геологии Тоҷикистони Марказӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, дар дохили регсангҳо, гилсангҳо ва оҳаксангҳои палеоген қарор доранд. Ф. ба қабатҳои давраи палеоген мутааллиқанд. Зуҳуроти онҳо бештар дар Тоҷикистони Марказӣ ошкор шудааст. Дар кони Зидеҳ (болооби дарёи Варзоб) Ф. танҳо дар қабати оҳаксангҳо ва гилсангҳои палеоген ошкор шудаанд. Чор қабати фосфорит дар минтақаи кон тақрибан 10 млн т захира дорад. Силсилаи зуҳуроти дигар –Қаротоғ (ш. Ҳисор) ва Исфара паҳноии камтар дошта, захираҳои умумии онҳо ба 35 млн т мерасад.
Ҷинсҳои карбонатӣ – оҳаксанг, мармар, доломит дар бис-ёр минтақаҳои ҷумҳурӣ паҳн шудаанд. Ин намуди ашё бештар бо таҳшинҳои силур, девон, карбон, мели боло ва палеоген муаррифӣ шудаанд. Оҳаксанг ва доломит, ки ҳамчун ашёи хом барои саноати кимиё истифода мешаванд, зуҳуроти бисёр доранд ва махзани асосии ашёи карбонатӣ мебошанд, аз ҷумла, дар қисми Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ, конҳои Араб, Ворух, Исфара, дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ конҳои Пусхур, Ёвон, Чинор ва ғ. Кони Пусхур қабати оҳаксанги давраи палеогени ғафсии миёнааш 80 м-ро дар бар мегирад. Оҳаксанг дар айни замон ба сифати ашёи хом барои истеҳсоли содаи калсий, карбиди калсий ва ҳипохлорит, ҳамчунин дар истеҳсоли семент низ васеъ истифода мешавад. Доломитҳои кони Ёвон, ки дар миёни қабатҳои оҳаксанги палеоген ҷойгир шудаанд, наздики 20% оксиди магний, 0,3% оксидҳои оҳану алюминий доранд.
Ашёи техникӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Асбест. Конҳои А. асосан дар ноҳияи геологии Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ ҷойгиранд. Дар қисми Дарвози Ҷанубӣ, водии Ванҷ зуҳуроти ҷинсҳои серпентинизатсияшуда ва базитии давраи палеозойи миёна ошкор шудаанд, ки то 6% А. доранд. Дар болооби ҳавзаи дарёи Муғсу (н. Лахш) конҳои Сасиқтеппа ва Баландкиик мавҷуданд.
Графит дар як қатор минтақаҳои Помир, силсилакӯҳҳои Ҳисор ва Қаротегин дар байни варақсангҳои кристаллии палеозой ошкор шудааст. Дар конҳои Сангикар (Рашт), Зардӣ (Варзоб) ва Бодомдара (Ишкошим) захираи ками Г. маълум аст.
Кварс. Кварсҳое, ки барои истеҳсоли шиша мувофиқанд, дар кӯҳҳои Қаромазор дар шакли рагҳо дар миёни гранитҳо, дар ҳавзаи дарёи Варзоб (мавзеи дарёи Такоб, Деҳмалик), дар миёни регсангҳои сурхи давраи бӯр ҷойгиранд. Реги кварсии кони Қӯрғонча (н. Ҷаббор Расулов) пас аз ғанисозӣ барои истеҳсоли шишаи тиреза ва маҳсулоти оптикӣ мувофиқ аст.
Абрақҳо (слюдаҳо). Конҳои А.-ҳо бештар дар Помири Ғарбӣ вомехӯранд. Конҳои Лоҷварддара ва Абхарв, ки дар миёни қабатҳои қадимтарини Тоҷикистон – гнейсу гранитҳои замони архей ҷойгиранд, аз пайҳои ғафсии 2,5–4-метраи ба 45-50 м тӯлкашида иборатанд. Таркиби А.-ҳоро асосан флогопит ташкил медиҳад. Флогопит дар кони Лоҷвардара ҳаҷми аз 8 то 75 кг дар 1 м2-ро ишғол мекунад, дар кони Абхарв флогопит дар дохили линзаҳои андозаашон 5 ба 25 м, ғафсиашон то 4,5 м, дар шакли кристаллҳои бузургиашон то 10 ба 16 см қарор дорад.
Талк. Минерал аз синфи силикатҳои варақӣ. Дар Тоҷикистон зуҳуроти Т. чандон зиёд набуда, асосан дар Помири Ҷанубу Ғарбӣ (Мулвоҷ, Кӯҳи Лаъл, Ғорондара) дар миёни мармарҳо ва гнейсҳои кристаллии замони архей-протерозой ҷойгир шудаанд. Т., маъмулан зуҳуроти алоҳидаро ташкил накарда, ҳамчун минерали ҳамсафар дар кон ё зуҳуроти дигар маъданҳо, ба амсоли лаъл, вомехӯрад. Зуҳурот ба ҷуз аз Т., инчунин энстатит ва форстерит дорад, ки дар саноати радиотехника истифода мешаванд. Форстеритро ҳамчун санги ҷавоҳиротӣ истифода кардан мумкин аст. Кони Мулвоҷ дар қатори Т., инчунин энстатит, тремолит, форстерит низ дорад. Кон дар радифи истихроҷи кони лаъли Кӯҳи Лаъл омӯхта шуда, захираҳои геологии Т. дар ҳаҷми як млн т арзёбӣ шудаанд. Дар Кӯҳи Лаъл Т. минерали ҳамсафари энстатит, форстерит, лаъл ва магнезит мебошад ва дар дохили пайҳои пегматитӣ ҷойгир аст. Захираи умумии геологии Т. дар ҳудуди 0,4 млн т ҳисоб шудааст.
Ашёи аз ҷиҳати кимиёӣ тоза ва оптикӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Булӯр як намуди кварси шаффоф аст. Зуҳуроти Б. асосан дар ноҳияи Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ (сароби водии Ванҷ, ҳавзаи дарёҳои Бартанг, Ванҷ, Язгулом ва Шоҳдара, силсилакӯҳи Музкӯл ва ғ.), ҳамчунин дар ҳудуди силсилакӯҳи Ҳисор (дараи Варзоб) ҷойгир буда, бо пайҳои ҳидротермалӣ, пегматитҳо ва скарнҳо, интрузияҳои гранитоидии фанерозой иртибот дорад. Б. бештар дар мавзеи шафати ҷинсҳои интрузивии граниттаркиб бо ҷинсҳои таркиби регсанг, оҳаксангдошта ташаккул ёфтааст. Дар баробари Б. дар зуҳурот ҳамчунин минерали ҳамсафар – кварси булӯршакл вомехӯрад, ки онро дар саноати истеҳсоли чинӣ ва шишаи баландсифат истифода мебаранд. Б. дар соҳаҳои саноати ҳарбӣ, радиоэлектроника истифода мешавад.
Гачи шаффоф дар минтақаи Исфара захираи бисёр дорад. Ин минерал дар саноати оптика истифода бурда мешавад.
Флюорити оптикӣ. Флюорит дар сурати шакли кристаллҳои шаффоф доштан барои истеҳсоли системаҳои оптикии махсус, ки танҳо нурҳои ултрабунафш ва инфрасурхро мегузаронанд, васеъ истифода мешавад. Чунин навъи флюорит бо зуҳуроти воқеъ дар қисми ғарбии водии Зарафшон ва мавзеи Бозордараи Помири Марказӣ маълум аст. Навъҳои баландсифати флюорити шаффоф, ки дар кони Моғов (Тоҷикистони Марказӣ) вомехӯранд, барои истеҳсоли флюорити синтетикии оптикӣ мувофиқанд. Дар мавзеи Кӯли Калон (силсилакӯҳи Зарафшон) кони Ф. о. ҷой гирифтааст. Баъзе аз кристаллҳои он азим буда, то 200 кг вазн доранд.
Шпати исландӣ - як навъи шаффофи калсит мебошад. Он дар силсилакӯҳи Зарафшон (кӯлҳои Марғузор ва Кӯли Калон) пайдо шудааст. Кристаллҳои он дар байни рагҳои калсити ношаффоф мавҷуданд, ки маъмулан тарқишҳои дозили оҳаксангҳои палеозойро пур мекунанд.
Ашёи маъданӣ-металлургӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Астат. Дар Тоҷикистон конҳои А. дар Қаромазор ва силсилакӯҳҳои Зарафшон ва Ҳисор ҷойгиранд (конҳои Такели, Мосариф, Сармат, Панҷхок, Обисорбух ва ғ.). Манбаи асосии А. арсенопирит ва леллингит мебошад. Маъданҳо дар баробари А. ҳамчунин сурма, симоб, сурб, руҳ ва мис доранд.
Волфрам. Ҳоло дар Тоҷикистон захираҳои ками В. ошкор карда шудаанд. Зуҳуроти он дар Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ҷойгиранд. В. дар маъданҳо табиати скарн ва қисман ҳидротермалиро дорад. Конҳои то нимаи асри 20 кашфшуда – Чоруқдарон, Майхура, Ҷилав, Такфон, Сармат, Пете – Репефт, Рарз ва ғ. захираҳои кам дошта, қисми онҳо пурра (Майхура, Ҷилав, Чоруқдарон) истихроҷ шудаанд. Дар баробари В. дар маъданҳо ҳамчунин қалъагӣ, руҳ, мис, кадмий, молибден, индий вомехӯрад. Дар Помири Ғарбӣ кони маҷмаавии Икар воқеъ аст, ки дурнамои хуб дорад.
Гилҳои ба оташ тобовар дар дохили конҳои ангишти давраи юраи нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳи Ҳисор – Зиддӣ (Варзоб), Тошқутан (ш. Турсунзода) ва Шӯроб (ш. Исфара) мавқеъ гирифтаанд. Ин навъи гилҳо дар металлургия, саноати семент барои истеҳсоли хиштҳои оташпазӣ – шамот истифода мешаванд.
Магнезит дар ҳавзаи дарёи Варзоб (кони Харангон) ва минтақаи Ванҷ (кони Бунай), ҳамчунин дар Помири Ҷанубу Ғарбӣ дар миёни ҷинсҳои палеозой ошкор шудааст. М. барои истеҳсоли хиштҳои ба ҳарорати баланд тобовар (хиштҳои шамотӣ) васеъ истифода мешавад.
Молибден. Захираҳои М. дар Тоҷикистони Шимолӣ (Янгикони Ҷанубӣ) ва қисми ғарбии Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ ошкор карда шудаанд. Янгикони Ҷанубӣ дар дохили маҷмааи ҷинсҳои вулканию интрузивии анҷоми палеозой ҷойгир буда, паҳноии зиёд дорад. Дар таркиби маъдан ҳамчунин мис, қӯрғошим, висмут, селен, теллур ва дигар унсурҳои муфид мавҷуданд. Ҳоло бино бар набудани талабот, дар Янгикони Ҷанубӣ корҳои истихроҷӣ боздошта шудааст. Дар ноҳияи геологии Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ якчанд зуҳуроти М. дар водии Ванҷ, болооби водии Язгулом, Хуф, дараи Бартанг ошкор карда шудаанд. Сатҳи омӯзиши геологияи зуҳуроти М. паст аст.
Стронсий. Дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ конҳои Гулисой, Чилтош ва ғ. захираҳои миёнаи С. доранд. Маъдани С. дар натиҷаи таъсири обҳои гарми давраи мезозой ва кайнозой, ки тавассути ҳарорати нисбатан баланд ба ҷинсҳои кӯҳии мавҷуд таъсир расонида, аз таркиби онҳо ин унсурро фаро кашидаанд, пайдо шудааст.
Флогопит дар Помири Ҷанубу Ғарбӣ (Лоҷварддара ва Абхарв) ёфт шудааст. Ф.-и Лоҷварддара баландсифат буда, дар скарнҳои бо гнейсҳои қадимтарини токембрий ҳамшафат аст.
Флюорит асосан дар се ноҳияи геологии кишвар – Тоҷикистони Шимолӣ (Кони Мансур, Навгарзан ва ғ.), Марказӣ (Такоб, Кондара, Калтуч, Ромит, Теппаҳои сурх ва ғ.) ва Ҷанубу Шарқӣ (Оқҷилга, Дункелдик ва ғ.) воқеъ аст. Қисми асосии конҳои Ф. дар шакли рагу пайҳо дар миёни гранитҳо, вулканитҳо ва варақсангҳои палеозой, ҳамчунин вулканитҳои ҷавонтарин (воқеъ дар Помири Шарқӣ) қарор доранд. Миқдори Ф. дар маъданҳои конҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна ба 25–55% баробар аст. Захираҳои асосии Ф. дар конҳои Тоҷикистони Шимолӣ мавҷуд буда, ба тавозуни давлатӣ ворид карда шудаанд. Захираҳои Ф.-и конҳои Тоҷикистони Марказӣ қариб комилан истихроҷ карда шудаанд. Ф.-и конҳои Нав-гарзан, Конқутан (Тоҷикистони Шимолӣ), Кондара ва Беғар (Тоҷикистони Марказӣ) қаблан истихроҷ карда мешуданд. Ф. дар саноати вазнин барои паст кардани ҳарорати гудозиши маъданҳо дар кӯраҳои филиззгудозӣ истифода мешавад. Онро дар баробари маъдан, мас., маъдани оҳан, ба кӯраи гудозиш омехта мекунанд ва ин на танҳо ҳарорати гудозиши маъданро ба таври назаррас поин мекунад, балки ғализии гудохтаро меафзояд, ки ин ду омил дар саноати металлургия хеле муҳим буда, арзиши аслии маҳсулоти ниҳоиро коҳиш медиҳанд. Аз ин сабаб, минерали Ф. бо номи шпати гудозанда низ маъмул аст.
Масолеҳи бинокорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҳудуди Тоҷикистон захираҳои қариб беохири ашёи гуногуни бинокорӣ мавҷуданд. Ҳоло садҳо кону зуҳуроти тақр. 20 намуди ин ашё кашф шудаанд. Онҳо дар ҳамаи ноҳияҳои геологии кишвар ҷойгиранд ва танҳо аз рӯи намуд ва захираҳо фарқ доранд.
Семент. Ашё барои истеҳсоли семент аз оҳаксанг (75–80%), гилсанг (20–25%), гач (то 5%), ҳамчунин дар баъзе ҳолатҳо пайвастаҳои оҳан (то 1%) иборат аст. Оҳаксангҳои ҳамаи давраҳои рифей-фанерозой (то палеоген) барои истеҳсоли С. муносибанд. Дар заминаи конҳои оҳаксанги Харангон, Варзоб, Ёвон, Данғара, Шаҳритус саноати С.-и ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд. Конҳои гилсангҳо ба қабатҳои давраҳои бӯр, палеоген ва квартер мутааллиқ буда, дар мавзеъҳои маҷмааҳои давраи мезозой ва кайнозой ҷойгиранд. Гачи бинокорӣ дар қабатҳои давраҳои табоширу бӯр, палеоген вомехӯрад. Аз миёни онҳо конҳои Араб, Исфара, Шаршар, Хоҷасартез калонтарин буда, дар саноати С. мавриди истифодаи васеъ қарор доранд.
Хишт. Барои истеҳсоли Х. навъҳои аз гил, лёсс (зардхоки нарм)-ҳо, гилҳои реголуд, ки маъмулан дар миёни қабатҳои давраҳои мезозой ва кайнозой вомехӯранд, истифода мешаванд. Ҳоло даҳҳо корхонаҳои хиштпазии мамлакат аз ашёи лёссу гилҳои реголуди квартер, ки ғафсиашон то 60–80 м мебошад, истифода мекунанд. Конҳои маъмултарини Зебон, Душанбе, Табакчӣ, Регар, Навобод, Қизилсой, Ӯротеппа, Хонобод, Кӯлоб, Ҳоит ва ғ. захираҳои калони ашё доранд.
Волластонит дар Қаромазори Ғарбӣ (кони Ҷангалак), дар мавзеи шафати гранодиоритҳо бо оҳаксанги мармаршудаи палеозой вомехӯрад.
Гили керамзитӣ ва аглопоритӣ. Гилҳо ва гилҳои реголудро ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоте, ки хосияти хуби гарминигоҳдорӣ дорад (керамзит ва аглопорит), истифода кардан мумкин аст. Зуҳуроти ин ашё дар мамлакат фаровон аст. Конҳои Тешуктош, Гулписта ва ғ. захираи калони ин навъҳои гилро доранд, ки барои ташкили саноати истеҳсоли керамзитҳо ва аглопоритҳо кофӣ мебошанд.
Гилҳои оташпазӣ дар болооби дарё пайдо шудаанд. Дар байни конҳои ангиштсанг мавҷуданд. Конро бо усули кушода, бо истихроҷи ҳамзамони ангишт ва гилҳои оташтобовар коркард кардан мумкин аст.
Маводди оҳак барои истеҳсоли оҳак истифода мешавад ва маъмулан аз чинсҳои оҳаксанг ва доломит иборат аст. Барои ин оҳаксангҳо ва доломитҳои давраи бӯру палеоген, ки ҳангоми дар зери ҳарорат баланд (то 1 200 °С) тафсонидан оҳаки баландсифат ҳосил мекунанд, ҷавобгӯ мебошанд. Дар ҷумҳурӣ бисёр конҳои ин мавод (Араб, Исфара, Ғузн, Табакчи, Работ, Гулписта ва ғ.) кашф шудаанд.
Маводди регу суфтапора. Регҳо, суфтапораҳо (гравий) дар маҷрои дарёҳо, суфаҳои болои маҷро, мавзеи хуруҷи селҳо дар маҷмӯъ захираҳои асосии маводди регу суфтапораро ташкил медиҳанд. Ин мавод асосан барои истеҳсоли бетон истифода мешавад. 90% бетон маводди регу суфтапора мебошад. Конҳои онҳо қариб дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон (аз ҷумла, Панҷакент, Хайробод, Дардар, Пахтакор, Ширкент, Кӯлоб, Қамар, Сучон ва ғ.) паҳн шудаанд.
Перлит як навъи шишаи вулканӣ (обсидиан) аст. Дар кӯҳҳои Қаромазор (кони Тошкескан) ошкор шудааст. Ба сифати масолеҳи бинокорӣ васеъ истифода мешавад.
Регу сангреза дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мавҷуд аст. Онҳо асосан дар майдончаҳои дарёҳо маҳдуданд.
Регҳои кварсӣ барои истеҳсоли шишаи хоҷагӣ истифода мешаванд. Кони асосии онҳо дар ноҳияи Спитамен, дар Тоҷикистони Шимолӣ (кони Қӯрғончӣ) воқеъ аст, ки захираи саноатии зиёда аз 50 млн т ашёро дорад.
Регҳои сохтмонӣ аз ҷумлаи масолеҳи маъмули сохтмонӣ мебошанд. Конҳои регҳои хушсифат то ҳол танҳо дар минтақаҳои Исфара (конҳои Араб, Зумрадшоҳ, Шӯроб), Ҷаббор Расулов (суфаҳои Сирдарё), Панҷакент (кони Чорбоғ) ва Помир ёфт шудаанд. Захираҳои Р. с. маъмулан дар таркиби таҳшинҳои давраи неоген ва чаҳорум мавҷуданд.
Сангҳои сохтмонӣ аз ҷинсҳои таҳшинию тафтаӣ ва метаморфӣ: оҳаксанг, доломитҳо, регсангҳо, гранитҳо, гранодиоритҳо, диоритҳо, порфирҳо, порфиритҳо, диабазҳо, мармар, гнейсҳо ва ғ. иборатанд. Дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ мавҷуданд. Конҳои маъмули Бекобод, Ленинобод, Вахш, Чашма, Кондара, ки дар маҷмӯъ қариб 100 млн м3 захираҳои категорияи саноатӣ доранд, зарфияти асосии захираҳои ин сангҳоро ташкил медиҳанд. Сангҳои сохтмонӣ барои сохт-мони биною иншоот, ҳамчунин истеҳкоми соҳилҳои дарёҳои кӯҳӣ, нишебиҳои шафати роҳҳо ва ғ. истифода мешаванд.
Гурӯҳи обҳои зеризаминӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Обҳои зеризаминӣ. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги О. з. мебошад, ки аксари онҳо барои истихроҷ дастрас буда, барои қонеъ гардонидани талаботи соҳаҳои хоҷагии халқ, таъминки оби аҳолӣ, обёрии заминҳо ва чарогоҳҳо мувофиқанд. Ҳаҷм ва хусусиятҳои ҷойгиршавии О. з., сифат, умқи ҷойгиршавӣ ва сатҳи омӯзиши онҳо дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ – минтақаҳои кӯҳӣ ва ҳамвори мамлакат фарқ мекунад. Дар манотиқи кӯҳистон, ки аз маҷмааи ҷинсҳои яклухти тафтаӣ ва метаморфӣ иборатанд, О. з. асосан аз ҳисоби боришот ташаккул меёбанд. Дар минтақаҳо чашмаҳои обашон ошомиданӣ фаровонанд. Реҷаи О. з. ва чашмаҳо дар манотиқи кӯҳистон ба омилҳои иқлимӣ бисёр вобаста аст ва дар мавсими баҳору тобистон хуруҷ ва, тирамоҳ коҳиш меёбад. Дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, доманакӯҳҳои Қурама ва Қаромазор, Ҳисор ва Дарвоз, ки аз маҷмӯи ҷинсҳои давраҳои мезозой ва кайнозой аз гилҳо, регсангҳо, конгломератҳо, оҳаксангҳо ва гачҳо иборатанд, чашмаҳо аҳён ташаккул ёфта, дар аксар ҳолат шӯранд. Чашмаи Чилучорчашма (ноҳияи Шаҳритус) оби шаффофи муътадил (+17 °С) дорад.
Ташаккули О. з. дар заминҳои обёришаванда хусусияти худро дорад, зеро онҳо аз ҳисоби ворид шудани оби тозаи рӯизаминӣ аз ҳавзаи дарёҳо, шабакаи васеи обёрӣ пайдо мешаванд. Ҳиссаи онҳо дар ташаккули обҳои зеризаминӣ то 90%-ро ташкил медиҳад. Коэффитсиент (нишондиҳанда)-и самаранокии аксари шабакаҳои обёрии ҷумҳурӣ аз садди 0,4 баланд нест, яъне ҳаҷми зиёдаи обҳои рӯизаминӣ, ки барои обёрӣ истифода мешаванд, ба О. з. ҳамроҳ мешавад. Сатҳи О. з.-и минтақаҳои обёришаванда дар давоми сол ба тағйири мавсимӣ вобаста аст.
Обҳои минералӣ. Дар Тоҷикистон О. м. фаровон буда, зиёда аз 220 чашмаи он ошкор шудааст. О. м.-и мамлакат вобаста ба таркиби ионҳои дар он ҳалшуда ба гурӯҳҳои зер тақсим мешаванд: карбонӣ, сулфиди ҳидрогенӣ, йоду бромӣ, силитсийдор, радондор ва ғ. Аз рӯи таркиби газҳо О. м. ба обҳои деоксиди карбонӣ, сулфиди ҳидрогенӣ, нитрогенӣ ва метан, тибқи ҳарорат ба обҳои сард, муътадил, гарм ва сӯзон тақсим мешаванд.
О. м. чашмаҳои гарм (термалӣ)-и Хоҷаобигарм, Обигарм, Гармчашма, чашмаҳои карбонатӣ (нарзанӣ)-и Хоҷасангхок (Зиддӣ), Анзоб, Навобод, Сист, Ҷартигумбез, Лангар, чашмаҳои кибритию ҳидрогении Хоҷилдиёр, Хуҷӣ, Тошбулоқ, Пушийн, чашмаи йоду бромдори Хоҷаякон ва чашмаҳои шӯри Минбатман, Ҷигарсӯхта, Шар-Шар ва ғ. дар ҷумҳурӣ ва берун аз он маъмулу машҳуранд.
О. м. дар ҳудуди Тоҷикистон дар 7 ҳавзаи артезианӣ, ки қисми онҳо фаромарзиянд, ҷойгиранд: ҳавзаи Душанбе, ҳавзаи Кофарниҳон, ҳавзаи Вахш, ҳавзаи Кӯлоб, ҳавзаи Фарғона, ҳавзаи Зарафшон ва ҳавзаи Сурхондарё. Дар Тоҷикистони Шимолӣ обҳои сарди радондор паҳн шудаанд, дар ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистони Марказӣ чашмаҳои обҳои гарми силитсийдор ва обҳои сарди карбонатӣ фаровонанд.
Дар ноҳияи ҷавони геологии Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ обҳои гарми кибритию ҳидрогенӣ, йоду бромдор ва шӯр паҳн шудаанд.
Дар заминаи чашмаҳои гарм ва маъдании Хоҷаобигарм, Обигарм, Гармчашма, Шоҳамбарӣ ва Ҳавотоғ осоишгоҳҳо ва дармонгоҳҳо бунёд шудаанд. Мавзеи Хоҷаобигарм дар нишебии ҷанубии силсилакӯҳи Ҳисор дар баландии 1 700–1 800 м аз с. б. ҷойгир буда, қариб 40 чашмаро дар бар мегирад.
Чашмаҳои Обигарм дар нишебии ҷанубии силсилакӯҳи Ҳисор ҷойгир буда, қариб 20 манбаи оби гарми маъданиро дар бар мегиранд.
Дар Тоҷикистон чандин чашмаҳои О. м. дар ҷараёни корҳои пармакунии нафту газ, ки қабатҳои жарфи заминро мекушоданд, кашф карда шуданд. Мас., обҳои шифобахши Қизилтумшуқ ва Ҳавотоғ, ки аз қабатҳои оҳаксанг ва регсангҳои замони ордовик ва палеоген ба боло хуруҷ мекунанд. Дар шаҳри Ваҳдат О. м.-и кибриту ҳидрогении Андигон бо ҳарорати +54 °С, обҳои гарми Явроз бо ҳарорати аз +26 °С то +42 °С маъмуланд.
Намакобҳо. Дар Тоҷикистон манбаи обҳое кашф шудаанд, ки миқдори намакҳои гуногун дар онҳо зиёд аст. Дар адабиёти тахассусӣ чунин обҳоро рапа меноманд. Рапаҳо маъмулан дар толобҳои маҳдуд, амсоли канораҳои баҳр (лагуна) ё кӯлҳо ба вуҷуд меоянд. Рапаҳои Тоҷикистон се гурӯҳи маъмули он – карбонатӣ, сулфатӣ ва хлоридиро намояндагӣ мекунанд. Дар мамлакат онҳо асосан дар мавзеъҳои рушди гумбазҳои намак ва ҷинсҳои намакдор, баъзан дар кӯлҳои тунукоб ташаккул ёфтаанд. Дар чунин шароит аксаран дар қаъри онҳо қабати лойҳо ба вуҷуд меоянд, ки хусусиятҳои ҷолиб доранд. Мас., кӯли Оқсуқон дар ноҳияи Ашт, кӯли Советӣ дар ноҳияи Данғара. Дар водии Вахш аз қабатҳои ҷинсҳои таҳшинии давраи бӯр, намакобҳои йоду бромдор маълум мешавад, ки аз онҳо йод ва бромро ба миқдори саноатӣ фаро кашидан имконпазир аст. Ғайр аз он, дар Н. руҳ, стронсий, молибден, сезий, рубидий ва калий мавҷуданд, ки аҳаммияти саноатӣ доранд.
Дар лойқаҳои қаъри Сасиқкӯл миқдори баланди сурбу руҳ, нуқра, унсурҳои нодирзамин ва дигар унсурҳои муфид мавҷуданд. Чунин унсурҳо дар таркиби оби онҳо ҳам ҳаст. Аз ин лиҳоз, об ва намакоби Сасиқкӯл барои истихроҷи чандин ашёи маъданӣ муносибанд.
Заминаи моддаҳои минералии Тоҷикистон барои таъмини ниёзҳои иқтисодиёт ҷавобгӯ аст. Тоҷикистон аз бисёр сарватҳои табиӣ, аз ҷумла, бор, намаксанг, нуқра, сурмаву симоб, ангишт, полиметаллҳо, флюорит, масолеҳи бинокорӣ, обҳои маъданӣ ва гарм ва ғ. дар ҳаҷми кофӣ таъмин аст. Дар баробари ин, захираи баъзе намуди ашёи минералӣ, ки дар замони муосир ниёзи дохилӣ ва берунӣ ба онҳо зиёд аст, дар мамлакат нокифояанд (торий ва уран, волфрам, оҳан, тило, унсурҳои нодирзамин, бентонит, фосфорит ва ғ.) ё ки то ҳол дар ҳаҷми зарурӣ ошкор нашудаанд (намакҳои калий, каолин, нафту газ ва ғ.).
Ҳоло саноати кӯҳии Тоҷикистон барои ташаккул ва рушди соҳа заминаи зарурии маъданӣ дорад. Корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ дар умум коркарди аввалияи онро ба роҳ мондаанд, силсилаи комили коркарди маъдан танҳо дар корхонаҳои коркарди маъдани тило ва сурмадор ба роҳ монда шудааст, ки ин мақсадҳои стратегии Тоҷикистонро ба таври комил қаноатманд карда наметавонад.
Истифодаи маъданҳои Тоҷикистон бояд самаранок ба роҳ монда шуда, барои таъмини ниёзҳои иқтисодиёт равона карда шавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи чаҳоруми стратегӣ – рушди босуръати саноатикунониро пеш гирифтааст, ки он бе заминаи муносиб ва кофии моддӣ – ашёи минералӣ ғайримумкин аст. Кашфу таҳқиқ, ҳисоби захираҳо ва арзёбии дурнамои зуҳуроти сарватҳои табиӣ тақвияти корҳои геологиро иқтизо дорад. Илм ва амалияи геологияи кишвар бояд пеш аз ҳама конҳои намаки калий, бентонит, фосфорит, унсурҳои нодирзаминиро кашф карда, захираҳои нафту газ, торий ва уран, оҳан, тило ва дигар ашёро тақвият бахшанд. Заминаи ғании сарватҳои табиӣ самти иқтисодиёт ва рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлолро таъмин хоҳад кард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Сарватҳои табиӣ / А. Ниёзов, Х. Муҳаббатов // Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома. — Д.: СИЭМТ, 2021. — С. 59—72. — 696 с. — ISBN 978-99985-0-005-1.