Jump to content

Новёр дувум

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Новёр дувум
Сардӯшии новёр дувум (Нерӯи дарёӣ Русия)
Кӯтаҳнивишт форсӣ: ناویار دوم
Кишвар  Русия
Дараҷаи болотар Новёр якум
Дараҷаи пойинтар Сарновӣ
Ҳамто

Новёр дувум (форсӣ: ناویار دوم‎) — дараҷае размоварӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз сарновӣ ва пойинтар аз новёр якум дорад ва баробар бо размовар дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст.

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Сарновӣ

Новёр дувум
Дараҷаи болотар:
Новёр якум

«Новёр» (форсӣ: ناویار‎) аз ду вожа сохта шудааст ва мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати (исм (нов) + таквож (ёр)) аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркибу иштиқоқ истифода шудааст:

нов (форсӣ: ناو‎ < порсии миёна: nāv- < порсии бостон: nāvam-киштӣ’ + ёр

Дар забони форсии имрӯз таквожи «ёр», сарфи назар аз ин ки пасванд шумурда шавад ё вожае мустақил, ба исми ҳирфа ё исми масдар мепайвандад ва исми ҳирфае месозад, ки дар як сохтори силсиламаротибӣ зери дасти як мақоми болотар анҷоми вазифа мекунад[1]. Пасванди «-ёр» дар вожаҳое чун «сарҳангёр», «додёр» (муовини додситон; додситонёр), «донишёр», «устодёр» ҳамин маъноро мерасонад[2].

Новёр ҳамчун дараҷаи размоварӣ соли 1991 дар нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон ҷорӣ шуда ва се рутба дорад[3]:

Ҳамтои дараҷаи «новёри дувум» дар Нерӯи дарёии Иттиҳоди Шуравӣ «старшинаи дараҷаи дувум» (русӣ: старшина второй статьи) буд, ки соли 1940 ҷорӣ шуда буд[4]. Ҳамтои ин дараҷа дар Нерӯи дарёии Артиши Эрон «меҳновӣ» аст, ки соли 1935 ҷорӣ шуда ва се рутба дорад[5]:

  • меҳновии якум
  • меҳновии дувум
  • меҳновии севум
  1. Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. ISBN 978-600-105-121-0. – с. 115 – 116
  2. Фарҳангномаи форсӣ: вожагон ва аълом. Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1388. – 3 ҷилд. ISBN: ҷ. 1: 978-964-8637-92-2; ҷ. 2: 978-964-8637-89-2; ҷ. 3: 978-964-8637-91-5
  3. Қонуни муқаррароти истихдомии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ. 14 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 августи 2013.
  4. РУТБАИ ҲАРБӢ // Энсиклопедияи тоҷикӣ
  5. Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 606; 653. — 655 с. — 3 500 экз.