Jump to content

Захираҳои табиъии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Захираҳои табиъии Тоҷикистон — захираҳои маъданӣ (канданиҳои фоиданок) мебошанд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо ва истихроҷ карда мешаванд.

Таҳқиқоти муназзам ва илман асосноки сарватҳои табиии Тоҷикистон солҳои 30 асри 20 оғоз шудааст. Дар давоми даҳ­солаҳои сипаришуда садҳо зуҳуроти гуногуни сар­ватҳои та­биӣ кашф шуда, хусусиятҳои геологӣ, таркиби маъдан, қону­ниятҳои густариш, захираҳои геологии онҳо бо тафсилоти гуногун таҳқиқ ва арзёбӣ карда шудаанд. Ҳо­ло саноати кӯҳии ҷумҳурӣ дар заминаи конҳои иктишофшуда ва аз рӯи категорияҳои гуногуни захи­раҳои (А, В, С1) арзёбишуда рушд меёбад[1].

Сарватҳои табиъии Тоҷикистон вобаста аз қонуниятҳои гео­логӣ ва таҳаввулоти геодинамикии минтақаҳои он ташаккул ёфтаанд (нигар Сохти геологӣ). Дар ҳар як аз 5 ноҳияи геологии Тоҷикистон намудҳо ва маҷмааи мушаххаси сарватҳои табиъӣ ҷойгир шудаанд: дар Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ва То­ҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ сарватҳои табиъии ғайримаъданӣ, ба мисли на­макҳо, ангишт, нафту газ, бентонитҳо, стронтсий ва ғ. пай­до шудаанд. Дар но­ҳи­яҳои Тоҷикистони Шимолӣ, Тоҷи­кис­тони Марказӣ ва То­ҷи­кистони Ҷанубу Шарқӣ (Помир) бештар кан­даниҳои маъ­­данӣ (оҳан, тилои маҳаллӣ, нуқра, сурма, симоб, поли­металлҳо, флюорит ва ғ.) рушд кардаанд.

Корҳои геологии аккосӣ, ҷустуҷӯӣ, иктишофӣ, таҳқиқоти геофизикӣ, геокимиёӣ ва амсоли онҳо, ки дар ҳудуди Тоҷи­­­к­истон дар зарфи солҳои тӯлонӣ гузаронида шудаанд, ба кашф ва арзёбии чандин конҳои канданиҳои фоиданок, аз ҷум­ла сурбу руҳ, сурмаву симоб, унсурҳои асил, мису висмут, вол­фрам, оҳан, қалъагӣ, бор, флюорит, сангҳои гаронбаҳо, намакҳои гуногун, масолеҳи бинокорӣ ва ғ. (дар маҷмӯъ зиёда аз 50 намуд) мусоидат кардаанд[1].

Сарватҳои табиъӣ мутобиқ бо эҳтиёҷоти саноат ва истифодаи амалии онҳо тасниф ва тибқи яке аз низомҳои маъмули омӯзиши сарватҳои табиъӣ, ба 12 гурӯҳ тақсим карда мешаванд[1].

Аз гурӯҳи ашёи сӯзишворӣ ва энерге­тикӣ дар Тоҷикистон нафту газ, газу конденсатҳо, ангишт ва торф маъмуланд.

Шароити геологие, ки таҳаввулоти геодинамикии шадиди қаламрави кишварро тавассути бархӯрди плитаҳои азими тектоникии Ҳинд ва Авруосиё дар давоми 200 млн соли охир ба миён овард, барои пайдоиш ва ҳифзи зарфҳо (ре­зер­вуар­ҳо)-и табиии нафту газдор номусоид буд. Сабаби асосии кӯ­чакии зарфҳои нафту газдор ва ҳаҷми онҳо, ҷойгиршавии канда-кандаи онҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ аст.

Захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон маҳдуд буда, дурнамои нафт тақр. 120 млн т, газ қариб 0,9 трлн м3 ва газоконденсат то 35 млн т арзёбӣ шудааст. Зуҳуроти нафт ва газ дар миёни қабатҳои замони мезозой ва кайнозой ошкор гардидаанд. Дар ноҳияҳои геологии Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ наздики 30 сохтори геологии наф­ту газдор ошкор шудаанд. Дар Тоҷикистони Шимолу Шар­қӣ конҳои нафтдор ва газунафтдори Равот, Конибодом, Конибодоми Шимолӣ, Ойритон, Ниёзбек, Маданият, КИМ маъмуланд. Онҳо ба қабатҳои палеоген мансуб буда, дар умқи 3,0–3,5 км ҷойгиранд. Нафту газ дар миёни регсангҳо ва оҳак­сангҳо маҳфуз аст. Нафти минтақа сифати баланд дошта, барои истеҳсоли маводди сӯзишвории автомобилҳо ва равған­ҳои молиданӣ тавсия шудааст. Геологҳо фарзия пешниҳод кардаанд, ки захираҳои калонтари нафту газ дар умқи жарф-тар (5–6 км), дар қабатҳои давраи табошир ҷойгиранд. Аммо чоҳи «Шаҳринав-1п», ки солҳои 2010–2018 аз ҷониби ширкати «Gazprom International» дар мавзеи Сариқамиш (то ум­қи 6 130 м) ва чоҳе, ки ширкати «Тетис Петролиум» дар майдони Ашт парма кардааст, натиҷаҳои дилхоҳ надоданд.

Шумораи зиёди зуҳуроти нафту газ дар Тоҷикистони Ҷа­нубу Ғарбӣ маҳфуз аст. Нафти ин мавзеъ серқатрон буда, барои истеҳсоли қир ва ҳамчун сӯзишвории дегҳои буғӣ мувофиқ аст. Гази Тоҷикистон ба гурӯҳи газҳои хушк ва метандор дохил аст.

Даҳсолаи охир дар ҷумҳурӣ бо иктишоф, пармакунӣ, ис­тих­роҷ ва коркарди конҳои нафту газ зиёда аз 20 ширкати ва­танию хориҷӣ, ба мисли ҶСК «Газпром», ширкатҳои «Бох­тар Оперейтинг Компании Б, В», «С. А. Минералс», ҶДММ «Сомон Ойл», ҶДММ «Эдго Энерҷи СА», КМ «За­рафшон», ҶДММ «Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷи­кис­тону Хитой», ШМ «КМ Анзоб», ҶДММ «Апрелевка», ҶСК «Tebian Electric», ҶДММ «Қулла», ҶДММ «Заринк», ҶДММ «Сарват», ҶДММ «Камароб», ҶДММ «Бунёд +АА», ҶДММ «Эксимком» ва ғ. машғул шудаанд. Истих­роҷи конҳои мин­тақаҳои Балҷувон, Дӯстӣ дар таркиби нафт миқдори баланди парафинҳо ва дар таркиби газ – кибритро нишон дод. Арзиши истихроҷ ва коркарди нафту гази ватанӣ баланд буда, хароҷот асосан аз ҳи­соби умқи зиёди қабатҳои нафту газдор, тамизкунии онҳо аз парафин ва кибрит ташкил меёбад. Геологҳо дурнамои май­донҳои Суфатоғро дар шимол, Қашқақум, Олимтойи Шар­қӣ, Рангон, Саргазон ва Ялгизкакро дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ мусбат арзё­бӣ кардаанд.

Ангишт. Дар Тоҷикистон захираҳои фаровони А. мав­ҷуд аст. Ҳаҷми умумии захираҳои дурнамои А.-и ҷумҳурӣ аз 4,3 млрд т зиёд аст. Ҳаҷми умумии А. мутааллиқи қа­бат­ҳои давраи табошир буда, қариб дар ҳамаи ноҳияҳои геологии кишвар, ки ҷинсҳои ин давраро доранд, дар ҳаҷми кам ё зиёд вомехӯрад. Навъҳои А.-и давраи ангиштсанг, ки дар сил­си­лакӯҳҳои Туркистону Зарафшон вомехӯранд, сифати паст ва захираи ночиз доранд.

Дар Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ кони ангишти бӯри Шӯ­роб ҷойгир аст, ки солҳои тӯлонӣ мавриди истифода қа­рор дорад. Ҳаҷми солонаи истихроҷи кон аз садҳо ҳазор то як млн т мебошад. Сифати А. танҳо барои ҳамчун сӯзишворӣ истифода кардани он мувофиқ аст.

Гурӯҳи конҳои майдони «Фону Яғноб» асосан навъҳои А.-и баландсифати коксшаванда дошта, аз се майдон иборат аст. Солҳои охир конҳои майдони шарқӣ бо мақсади таъмини маркази барқу гармидиҳии Душанбе истихроҷ мешаванд. Ҳаҷми асосии кон тавассути хафриёти зеризаминӣ истихроҷ шуда, коркарду истихроҷи рӯизаминии он низ раванди тоза дорад. Сифати А.-и конҳои майдони «Киштӯд-Заврон» (Пан­ҷакент) ва «Зидеҳ» (дар нишебии ҷануби силсилакӯҳи Ҳи­сор, 72 км шимолтар аз шаҳри Душанбе) миёна буда, асосан чун сӯзишворӣ (барои ниёзҳои аҳолӣ) истифода мешавад.

Конҳои «Моғиён» (ш. Панҷакент), «Миёнаду» (н. Сангвор), «Ҳакимӣ» (н. Шаҳринав) ва ғ. бино бар шароити душвори табиӣ ва кӯҳӣ-геологӣ, ба гунаи мавсимӣ истихроҷ мешаванд.

Кони А.-и аълосифати антраситдори Назарайлоқ дар ҷа­ҳон ҳамто надорад (баъди кони ангишти Ха-Туи Ветнам), вале мутаассифона, чандин даҳсола ҳамчун сӯзишворӣ истифода мешуд. Ҳоло истихроҷи кон боздошта шуда, имкони истифодаи оқилона ва самараноки антрасит барои со­ҳа­ҳои гуногун (истеҳсоли карбюризаторҳо, навъҳои махсуси пӯ­лод, чӯяни сунъӣ, карбиди калсий, сорбентҳо, дорувор ва ғ.) омӯхта шуда истодааст.

Дар ҳудуди Помир (Бадахшон) солҳои 30 асри 20 кони Куртеке кашф шудааст. А.-и кон хокистари бисёр (зиёда аз 35%) дошта, қабатҳои он начандон ғафс ва тӯлонианд. А.-и кон то солҳои 70 асри 20 истихроҷ мешуд. Дурнамои конро таҳқиқоти солҳои охири асри 20 манфӣ арзёбӣ карданд. Таҳқиқоти ҷадиди геологии олимони АМИ Тоҷикистон со­бит карданд, ки зуҳуроти А.-и Помир танҳо бо кони Куртеке маҳдуд нашуда, дар қабатҳои табошири поини минтақа эҳ­тимоли кашфи конҳои А. баланд аст. Бо ин мақсад май­дон­ҳои ояндадори минтақа мушаххас карда шудаанд.

Торф дар зиёда аз 40 мавзеи қисми Помири Шарқӣ ва То­ҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, дар робита бо маҷрои дарё­ҳои моилии камдошта, ки дар муддати тӯлонӣ мавзеи анбӯ­ҳи рустаниҳои гуногун гаштаанд, рушд ёфтааст. Т.-и Помири Шарқӣ нисбатан хом, намнокии зиёд доранд ва ғайри қо­би­ли истифода мебошанд. Торфҳои ҷануби кишвар (мавзеъҳои Қаросу, Чорбоғ, Мен­тут) захираҳои кофӣ надоранд. Ҳоло истихроҷи Т. аз нигоҳи зарурати ҳифзи муҳити атроф мам­нӯъ аст.

Филиззоти сиёҳ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба гурӯҳи филиззоти сиёҳ, рӯйкаш ва оташтобовар оҳан, манган, хром, титан, ванадий, никел ва кобалт дохил мешаванд.

Дар Тоҷикистон аз ин гурӯҳ танҳо оҳан ва манган зу­ҳуроти гуногунро ташкил кардаанд. Хром, титан ва ванадий дар дохили маъданҳои конҳои оҳан, қисман полиметаллҳо ба сифати унсури ҳамсафар вохӯрда, захираи фаровон надоранд. Дар конҳои маҷмаавии Помири Ғарбӣ (Икар) захираи фаровони кобалт мавҷуд аст.

Оҳан дар Тоҷикистон зуҳуроти зиёд дорад, аммо захи­раҳои бузурги он ҳоло номаълуманд. Конҳои О. асосан дар То­ҷикистони Шимолӣ (зиёда аз 100 млн т маъдани оҳандор) ва Помир (зиёда аз 270 млн т) ҷойгиранд. Кони Шоҳ­қадам­бу­лоқ дар ни­ше­биҳои шимолии сил­си­ла­кӯҳи Қурама қа­рор дорад. Оҳан дар минерали маг­нетит, ки миқ­дори миёнаи он дар маъдан ҳудуди 40%-ро ташкил медиҳад, мавҷуд бу­да, қитъа­ҳои маъданӣ асо­­­сан дар ум­қи 400–450 м ҷой­ги­р­анд. Миқ­до­ри оҳан дар маъдан то 50% ме­­расад. Дар баробари оҳан дар маъданҳо висмут, галлий, тило, нуқ­ра, кобалт, мис, сурб, руҳ ва ди­гар унсурҳо во­ме­хӯранд. Кони оҳа­ни Харангон дар То­ҷик­ис­тони Марказӣ захираи начандон калон дошта, асосан барои таъминоти эҳтиёҷоти корхонаҳои се­ме­нт­­ба­рорӣ истифода мешавад. Зуҳуроти дигари оҳан – Барч дар Помири Марказӣ воқеъ аст. Бо оғози фаъолияти комбинати металлургии Ҳи­сор эҳтиёҷ ба маъдани оҳан афзуда, зарурати ис­тих­роҷи саноатии конҳои номбаршуда ба миён омадааст.

Манган. Дар мавзеи Чатиротеки Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ (Исфара), Сангвори Тоҷикистони Марказӣ ва мавзеи Маркансуи Помири Шимолӣ ошкор карда шудааст. М. дар таркиби минералҳои пиролюзит ва манганит маҳ­фуз аст. Тиб­­қи таҳқиқоти муш­тараки гео­лог­ҳои Тоҷи­кис­то­ну Хитой, дар мавзеи фа­ро­мар­зии По­ми­ри Шар­қӣ (ҳав­заи д. Мар­­кансу) зу­ҳу­ро­ти калони М. ошкор карда шудааст.

Филиззоти ранга

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз гу­рӯҳи филиззоти ранга дар То­ҷикистон алюминий, вис­­­­­­­­­­­­­­­­­­мут, қалъагӣ, магний, мис, сур­бу руҳ, сурмаву симоб беш­тар маъ­­му­­ланд.

Алюминий. Ин унсур барои саноати Тоҷикистон аҳ­ам­­мия­ти калидӣ дорад, зеро корхонаи азими кишвар ТАЛКО (КВД «Ширкати алюминии тоҷик») дар асо­си ашёи воридотӣ фаъолият намуда, зарурати оҷилии кашф, таҳқиқ ва ис­тих­роҷи ашёи ватанӣ вазифаи муҳимми соҳаи геология ба шумор меравад. Бокситҳо ва ҷинсҳои бокситдор дар но­ҳияҳои геологии Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ (дар миёни ҷинсҳои палеозойи мавзеъҳои Шаршар, Ворух ва ғ.), Тоҷикистони Марказӣ (ҷинсҳои давраи палеозойи боло ва мезозойи сил­силакӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор ва ғ.) ва Помир (ҷинсҳои мезозойи водии Пшарт ва ғ.) паҳн шудаанд, вале сифати паст дошта, захираҳои А. дар он­ҳо ночиз аст. Бок­ситҳо ва ҷинсҳои бокситдори Тоҷик­истони Шимолу Шарқӣ ва Марказӣ аҳаммияти маҳаллӣ дошта, дурнамои бокситҳои Помир (Калактош, Пшарт) манфӣ арзёбӣ мешавад. Бокситҳо дар кишвари мо кам вомехӯранд, ҷинс­ҳои бокситдор (сиал­литҳо, аллитҳо) захираи асосии А.-ро доранд.

Солҳои охир бино бар рушд кардани техникаву технологияи истихроҷ ва коркарди маъдан, таваҷҷуҳ ба ашёи алюминийдори дигар – сиенитҳои нефелиндор торафт меафзояд. Дар Тоҷикистони Марказӣ кони сиенитҳои нефелиндори Тур­пи (бо захираҳои геологии 300 млн т) мавҷуд аст. Ин сие­нитҳо ашёи маҷмаавие мебошанд, ки аз он фарокашии ашёи алюминийдор – гилхок, ҳамчунин истеҳсоли семент, модда­ҳои кимиёии натрий, ереванит, метасиликати натрий, метасиликати калсий ва маҳсулоти дигар имконпазир аст. Дар таркиби сиенитҳои нефелинӣ миқдори ками гилхок (21%) мавҷуд аст, аммо технологияи муосир имкон медиҳад, ки миқдори зарурии А. аз он ҷудо карда шавад.

Висмут. Захираҳои В. дар Қарамазори Шарқӣ ҷойгир аст. Дар маҷмааҳои ҷинсҳои вулкании конии порфирийи кварс-дор воқеъ буда, таркиби маъданҳои онҳо мураккаб, иборат аз мису висмут, сурб ва флюорит мебошанд. Конҳои мису висмутдори Тариэкон ва Кафтархона маъмултарин конҳои В. мебошанд, ки қаблан истихроҷ мешуданд.

Қалъагӣ асосан дар ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубу Шар­қӣ (Помир) ва Тоҷикистони Марказӣ кашф шудааст. Захи­раҳои калони Қ. дар гиреҳи маъдании Бозордара-Якҷилга (конҳои Сеқулла, Якҷилга ва ғ.), конҳои Пасирӯд (Заречное) ва Элису воқеъ дар Помири Марказӣ қарор доранд. Дар гиреҳи маъдании Бозордара қариб 30 кони Қ. мавҷуданд, ки бо ҳам иртиботи амиқи геологӣ ва генетикӣ доранд. Конҳои Қ.-и гиреҳ дар баландиҳои 4 500–5 000 м аз с. б. ҷойгиранд, ки барои истихроҷи онҳо монеаи асосӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Тоҷикистони Марказӣ конҳои Қ. дар ҳавзаи дарёи Киштӯд (кони Мушистон), қисми миёнаи силсилакӯҳи Ҳи­сор (кони Кумарғ – Тагобикӯл), болооби Зарафшон (кон­ҳои Ку­марғ, Рама, Тагобикӯл), нишебиҳои ҷанубии силси­ла­кӯҳ­ҳои Зарафшону Ҳисор паҳн шудаанд. Миқдори муайяни Қ. ба сифати унсури ҳамсафар дар конҳои дигар сар­ватҳои табиӣ (Майхура, Такфон, Сармат, Амшут ва ғ.) низ воме­хӯрад. Ми­нералҳои асосии кон – станин ва касситерит мебошанд. Дар дохили маъданҳо ҳамчунин мис, сурбу руҳ ва нуқ­ра мав­ҷуд аст. Кони Кумарғ – Тагобикӯл дар силсила­кӯҳи Ҳи­сор ҷойгир буда, асосан дар шакли пайҳои начандон ғаф­си тӯ­лонӣ зуҳур кардааст.

Магний. Захираҳои М. дар қабатҳои доломитҳои замони мезозой ва кайнозойи Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубу Ғар­бӣ бисёр дучор шуда, дар таркиби онҳо миқдори оксиди М. аз 22% зиёд аст. М. ҳамчунин дар намакҳои кони Оқсуқон (То­ҷикистони Шимолӣ) захираҳои бисёр дорад. Ин унсур дар саноати истеҳсоли нуриҳои гуногун ва маводди кимиёӣ ашёи зарурӣ ба ҳисоб меравад.

Мис. Захираи М. дар ҳудуди Тоҷикистон чандон фаровон нест. М. маъмулан ҳамчун унсури ҳамсафар дар таркиби маъданҳои конҳои полиметаллӣ, тило, висмут, ки дар маҷ­мааҳои чиндори палеозой ҷойгиранд, вомехӯрад. Дар даҳсо­лаҳои охир таваҷҷуҳ ба зуҳуроти таҳҷоии М. ва порфирийи Дарвоз, регсангҳои мисдори Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, Равнов, ки сатҳи нокифояи таҳқиқоти геологӣ доранд, меафзояд. Дар конҳо М. дар таркиби минералҳои азурит, борнит, малахит, халкопирит ва хризоколла мавҷуд аст.

Сурма ва симоб. Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои сурма дар қитъаи Осиё мавқеи севвум ва дар Иттиҳоди давлат­ҳои мустақил (ИДМ) мавқеи аввалро ишғол менамояд. Захи­раҳои асосии сурма дар минтақаи симобу сурмадори Ҷиҷик­рӯд (То­ҷикистони Марказӣ) мустақаранд. Конҳои ин минта­қа дар тӯли зиёда аз 60 сол истихроҷ карда мешавад. Дар минтақаи Чулбой-Кончоч захираҳои калони симоб мавҷу­данд. Дар ин мин­тақа захираҳои калони чанд унсури ҳамсафар – сурма, тило, фтор, селен низ вомехӯранд. Дар ноҳияҳои дигари геологии То­ҷи­кистон захираҳои камтари сурмаю симоб низ ба назар мерасад (Туркистон, Рӯзиобнок, Моғиён ва ғ. дар Тоҷикистони Мар­казӣ, Музкӯл, Машале, Бозтере ва ғ. дар Помир).

Сурбу руҳ дар Тоҷикистон захираҳои калон доранд. Кон­ҳои асосии онҳо (зиёда аз 90% захираҳои ҷумҳурӣ) дар То­ҷи­кистони Шимолӣ, дар минтақаи маъдании Қа­ромазори Мар­казӣ ҷойгир шудаанд. Ба ғайр аз конҳои дар натиҷаи хуруҷи ҷинсҳои тафтавӣ (вулканӣ) зуҳуркарда, дар ҷинсҳои таҳ­ши­нии ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ва Тоҷи­кис­тони Ҷанубу Ғарбӣ маъданҳои сурбу руҳ низ пай­до шудаанд (кон­ҳои стратиформӣ). Сурбу руҳ ва флюорит низ ба миқ­дори зиёд дар конҳои полиметаллӣ паҳн шудаанд. Конҳои мин­тақаҳои маъдании Олтин-Топкан, Консой, Қуруқсой, Ад­рас­мон ва ғ. дар дохили ҷинсҳои замони палеозой, дар робита бо ҷинсҳои интрузивӣ ва оҳаксангдор густариш ёфтаанд. Қис­ми зиёди конҳои сурбу руҳи ноҳияи Тоҷикистони Шимо­лӣ (Қуруқсой, Турангли, Тутли, Замбарак, Тариэкан ва ғ.) қа­риб комилан истихроҷ шудаанд. Дар Тоҷи­кистони Марказӣ кон­ҳои сурб ва руҳ дар силсилакӯҳи Ҳисор (дараи Варзоб), ҳамчунин конҳои Такоб, Кондара, Сафеддара, Деҳмалик ва ғ.) воқеанд. Дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ зуҳуроти сурбу руҳ (Кони сурби Балҷувон, Хоҷа­мас­тон, Дараисой ва ғ.) ҷавон буда, табиати стратиформӣ дорад ва бевосита бо ҷинсҳои давраи мезозой ва кайнозой иртибот дорад.

Филиззоти гаронбаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Алмос. Дар Тоҷикистон ҳоло зуҳуроти А. ба қайд гирифта нашудааст. Корҳои геологии солҳои 70–80 асри 20 анҷомшуда эҳтимоли ками ташаккули А.-ро дар сарзамини кишвар нишон доданд.

Тило. Т. дар Тоҷикистон дар 2 намуд мавҷуд аст: 1) тил­ои таҳҷоӣ, ки чун унсури кимиёии пайваста бо дигар ун­сурҳо дар дохили маъдан ҷой гирифтаанд; 2) тилои пош­хӯрда, ки шакли озоди фи­лиззӣ дош­та, ҳамчун минерали худ­рӯй паҳн шудааст.

Зуҳуроти тилои маъданӣ (зиёда аз 150 кон) дар но­ҳи­яҳои геологии Тоҷик­ис­тони Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ҷойгир шу­да­аст. Дар Тоҷикистони Ши­­мо­лӣ зуҳу­р­оти тилло дар май­­дони маъдании Қа­ро­­ма­зор ҷамъ шудааст. Дар он ко­ни маъмули Апрелевка, ки истихроҷаш амалан ба ан­ҷом расидааст ва зу­ҳуроти кон­ҳои Бургунда, Икиҷелон захи­ра­ҳои ками Т. доранд. Таш­хис­ҳои геокими­ёӣ собит кардаанд, ки миқдори Т. (ва захираи он) дар кони оҳани Шоҳ­қадам­бу­лоқ дар сатҳи саноатӣ қарор дорад.

Дар Тоҷикистони Марказӣ захираҳои асосии Т.-и маъ­да­нӣ маҳфузанд. Зуҳуроти Т. дар ноҳия дар минтақаҳои тилодори Ҷилав – Тарор – Ғиждарва, Кончоч – Чулбой, Кум – Чо­ре – Дуоба, Покруд – Руфигарм ва ғ. қарор дорад. Дар заминаи конҳои Т.-и Ҷилав – Тарор – Ғиждарва ва Покруд – Руфигарм истихроҷи саноатӣ ба роҳ монда шудааст, ки но­ҳияро ба минтақаи асосии саноати кӯҳии ҷумҳурӣ табдил додааст. Конҳои минтақаҳои дигар дар марҳалаи иктишоф қарор гирифта, баъди анҷоми он ба истифодаи саноатӣ фаро гирифта мешаванд. Т.-и маъданӣ ҳамчунин дар болооби дарёи Зарафшон, шохобҳои дарёи Сардаи Миёна, нишебиҳои ҷа­ну­­бии силсилакӯҳи Ҳисор дар шакли захираҳои камдошта паҳн шудааст. Дар Тоҷикистони Марказӣ низ Т.-и таҳҷоӣ дар маъ­данҳои унсурҳои дигар (нуқра, сурмаю симоб, флюорит, поли­металлҳо, платиноидҳо ва ғ.) васеъ вомехӯрад. Захираҳои ин намуди Т. дар конҳои нуқраи Кони Нуқра ва Мирхант, сурмаю симоби Ҷиҷикрӯд (н. Айнӣ), полиме­талл­ҳои минтақаи маъдании Ғориф – Яғноб, зуҳуроти пла­ти­ноид­ҳои Абдӣ қарор доранд ва дар сурати истихроҷи конҳо, дар баробари унсурҳои асосӣ Т.-ро низ фаро кашидан имконпазир аст.

Дар Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ конҳои Т.-и маъданӣ паҳноии васеъ надошта, дар қисми Муғсу – Савуқсой, Дарвоз – Сангвори Бадахшон ва Помири Марказӣ (Пшарт-Ранг­кӯл) воқеанд. Т. дар ин мавзеъҳо бо ҷинсҳои мета­мор­физмӣ ва тафтаии замони палеозой иртибот дорад. Т. дар тар­киби маъданҳои ун­сурҳои дигар, ба монанди ко­ни нуқ­раи Якҷил­га, зуҳуроти полиметаллии Қараарт ва ғ. во­мехӯрад, аммо миқ­дор ва захираи он қиёсан кам аст.

Аз миёни мавзеъҳои Т.-и маъдандор минтақаи Муғсу-Савуқсой ҷолиб аст. Дар ин мавзеъ ҳанӯз дар анҷоми асри 19 ва аввали асри 20 иктишоф ва истихроҷи Т.-и маъданӣ (ва пошхӯрда) ба роҳ монда шуд. Ҳоло бино бар шароити мушкили табиӣ (иқлими сард, ба­ландиҳои зиёда аз 3 000 м аз с. б., обхезиҳои тӯлонӣ, душ­вор­гузарӣ ва ғ.) ва набудани инфрасохтори асосӣ (роҳи ав­томобилӣ, хоҷагӣ), дар ин мавзеъ гузаронидани корҳои гео­логӣ ва иктишофӣ мушкил ва серхарҷ мебошад.

Конҳои Т.-и маъдании минтақаи Пшарт – Рангкӯл, ки бо онҳо конҳои Т.-и пош­хӯрда ҳамсафаранд, аз ҷиҳати гео­логӣ беҳамтоянд. Дар мин­тақаи Рангкӯл кон­ҳои пош­хӯрдаи глят­сиалӣ-элю­виалӣ, ки қаблан ба иштибо­ҳ аллю­виалӣ ва ҳатто пролю­виалӣ тасниф мешуданд, паҳн шудаанд. Зу­ҳу­роти Т.-и пошхӯрда дар натиҷаи фаъолияти геологии пирях­ҳо пайдо шуда, масоҳати майдони паҳноии он аз ҳудуди пирях­ҳои дар замони голотсен фаъол берун намебарояд. Чунин зуҳурот ҳоло танҳо дар ин мавзеъ воме­хӯрад, вале эҳ­тимол меравад, ки дар минтақаи Муғсу – Са­вуқсой низ мав­ҷуд бошад. Шароити геологию геоморфологии пайдоиши Т.-и пош­хӯрда ба ташаккули хусусиятҳои ҷолиби он: мав­ҷу­ди­яти миқдори Т.-и озод дар маъданҳои таҳҷоӣ, фарсоиши ниҳоят шадиди ҷинсҳои таҳҷоӣ (ҷинсҳо бо зарби му­шт­ ба осонӣ майдареза мешаванд) сабаб шудааст.

Конҳои Т.-и пошхӯрда дар водии дарёҳои Зарафшон, Ёхсу, Муғсу, Сангвор, Рангкӯл паҳн шудаанд. Теъдоде аз ин конҳо мавриди истихроҷ қарор гирифтанд. Ба ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии кишвар ҳу­қуқи истихроҷи хусусии конҳои Т.-и пош­­хӯр­да дода шудааст ва ин боиси тав­сеаи зиёди миқ­ёс ва ҳаҷ­ми фаро­кашии тилло гаш­­тааст.

Т.-и пошхӯрда маъмулан дар мавзеи гус­тариши кон­ҳои таҳҷоии Т., дар натиҷаи фаъолияти тӯ­ло­нии об­ҳои равон (мас., дарё), пирях­ҳо, баъзан селҳо, ки ба фарсоиши физикию механикӣ ва қис­ман кимиёии маъ­дан­ҳои таҳ­ҷоӣ сабаб мешаванд, пайдо мешавад. Дар сарзамини То­ҷикистон ин вобастагӣ бармало мушоҳида мешавад ва ба ин сабаб ду намуди зу­ҳуроти конҳои Т.-ро тавассути ҷудо кардани ги­реҳ­ҳои маъданию пошхӯрда, ки ҳам­бастагии та­биӣ ва наздик доранд, дар шакли гиреҳҳои маъданию пошхӯрда якҷо кардан мумкин аст:

1. Гиреҳи маъданию пошхӯрдаи Зарафшон;

2. Гиреҳи маъданию пошхӯрдаи Муғсу – Савуқсой;

3. Гиреҳи маъданию пошхӯрдаи Равнов – Дарвоз;

4. Гиреҳи маъданию пошхӯрдаи Пшарт – Рангкӯл.

Дар гиреҳҳои маъданию пошхӯрдаи номбаршуда қону­ниятҳои амиқи вобастагии паҳноии зуҳуроти Т.-и пошхӯрда ва таҳҷоӣ мушоҳида мешаванд, ки барои таҳқиқи ху­су­сиятҳои пайдошавӣ, таркиби маъдан, миқёси густариш ва муҳимтар аз ҳама – арзёбии захираҳо ва дурнамои онҳо ни­ҳоят муҳим ба шумор меравад. Аз ҷониби дигар, ташкили ис­тихроҷи Т. низ дар ҳудуди гиреҳҳои маъданию пош-хӯрда ба таври маҷмаавӣ, яъне тавассути ғанигардонии кимиёии маъдани Т. ва шусташавию фарокашии Т.-и холис аз пош­хӯрдаҳо, баробар ба роҳ монда шудааст, ки самараи баланди иқтисодӣ медиҳад.

Нуқра. Тоҷикистон аз захираҳои Н. ғанӣ мебошад. Вобаста ба хусусиятҳои кимиёӣ Н. бо полиметаллҳо ҳамсафар буда, дар маъданҳо якҷо вомехӯранд. Захираҳои асосии Н. дар кони Конимансури Калон (Тоҷикистони Ши­молӣ) вуҷуд доранд. Захираҳои геологӣ ҳанӯз солҳои 80-ум ҳисоб шуда, расман аз ҷониби Комиссияи давлатии захи­раҳо ба тавозуни давлат гирифта шудаанд. Дар Конимансури Калон дар баробари захираҳои калони сурбу руҳ ва Н., ҳамчунин, висмут, кадмий, индий ва ғ. мавҷуданд.

Кони дигари Н. – Якҷилга дар Помири Марказӣ воқеъ аст. Дар заминаи он (бевосита дар мавзеи кон) комбинати кор­кард ва ғанигардонӣ сохта шудааст, ки иқтидори солонаи он зиёда аз 50 ҳазор т маъдан мебошад.

Зуҳуроти нуқра бо захираҳои камтар дар минтақаҳои гуногуни кишвар (Қаромазор, Ашт, водиҳои Шингу Моғиён, Сорбух, водии Пшарт ва ғ.) низ ҷойгир шудааст.

Платина ва платиноидҳо. Ин унсурҳои асил зуҳуроти ало­ҳидаро ташкил намекунанд ва дар дохили маъданҳои дигар унсурҳо густариш ёфтаанд.

Сангҳои ороишӣ (ҳунармандӣ) ва рӯйпӯшӣ. Ин гу­рӯ­ҳи сангҳо минералҳо ва ҷинсҳои гуногунтаркибу гуногунтабиатро дар бар мегиранд. С. о. мафҳуми умумӣ буда, ми­не­рал­ҳо ва ҷинсҳоеро муттаҳид мекунанд, ки маъмулан дар на­му­ди ҷузъи ҷолиби маҳсулоти заргарӣ ё ба сурати маҳсули ҷудогонаи омода мавриди истифода қарор мегиранд.

Сарзамини Тоҷикистон захираҳои гуногуни С. о. (ҳунар­мандӣ) ва рӯйпӯшӣ дорад. Мавзеъҳои дар замони қа­дим истих­роҷшавандаи ин навъи санг­ҳо дар саросари кишвар бис­ёр ба назар мерасанд. Ниёз ба сангҳои ҳунар­ман­дӣ ва арзишҳо ба тақозои бозор сахт вобаста буда, номгӯй, ма­қом, арзиши онҳо тағйир­ёбанда аст.

Сангҳои ҳунармандӣ 3 гу­рӯҳро дар бар мегиранд: санг­ҳои ҷавоҳиротӣ, ҷавоҳи­ротию ҳунармандӣ ва ҳунар­мандӣ. Дар киш­вари мо сангҳои зерини ҷавоҳиротӣ вомехӯранд (тиб­қи арзиш): ёқути кабуд, ёқут ва александрит, жадеит, ёқутҳои зард, бунафш ва сабз, лаъли асил, айнушшамс (опал)-ҳои са­фед ва норӣ, аквамарин, за­барҷад (топаз), ро­до­лит, адуляр, турмалин­ҳои сурх, кабуд, сабз, гулобӣ ва по­лих­ро­мӣ, кунсит, сиркон, ёқути аз­рақ (бериллҳо)-и зард, сабз, фи­рӯза, хризолит, лаъли кабуд (аметист), хризопраз, пироп, алмандин, сит­рин. Аз сан­гҳои ҷавоҳи­ротию ҳунар­ман­дӣ ква­рси дудранг, гематит, булӯр, жадеит, нефрит, лоҷ­вард (лазурит), санги ахзар (малахит), авантюрин, ақиқи яма­­нӣ (агат), ақиқ (хал­се­дон)-и ран­га, амазонит, родонит, ақи­қи сурх (гранат­ҳо), квар­си гу­ло­бӣ, лабрадор зуҳу­роти ало­ҳи­даи хурду миёнаро ташкил ме­ку­нанд. Аз гурӯҳи санг­ҳои ҳу­нар­­мандӣ дар То­ҷи­кис­тон яшм, хоросанг (гра­нит)-и ҳар­фӣ, санги су­лай­­мо­нӣ ё ақиқи рах-рах (они­кс)-и мар­марӣ, лист­венит, обсидиан, гагат, ҷес­пи­лит, се­ле­нит, флю­о­рит, аван­тюр­ин, скарн­ҳои рах­­дор, мар­ма­ри ра­н­га зу­ҳуроти гу­но­гу­ни хурду калон доранд.

Зуҳуроти родонит дар ко­ни Олтинтопкан, обсидиан дар кони Тошкескен, флюорити ранга ва сабзи конҳои Кони Ман­сур, Чашма, серпентини конҳои Фирӯзакон, Консой, Чо­қа­дам-Булоқ, санги сулаймонии мармарӣ дар кони Қӯ­руқ­сой, гачҳои шаффоф дар минтақаи Исфара, яшмҳои сил­сила­кӯҳи Зарафшон (конҳои Торик, Такоби Ҷуфт, Дардар, Мадм, Вен, Мосариф), Хувич дар Фондарё ва Ёрӣ, дар нишебиҳои ҷа­ну­бии Туркистон, лоҷварди дараи Лоҷварди Бадахшон солҳои тӯлонӣ мавриди истихроҷ ва истифодаанд.

Сангҳои рӯядиҳанда гурӯҳи алоҳидаи сангҳои ҳунар­мандӣ, ки аз минералҳо ё ҷинсҳо таркиб ёфта, кристаллҳо ё пораҳои онҳо аз рӯи хусусиятҳои физикию механикӣ дар дастгоҳҳои махсус рӯя зада мешаванд ё бо суфтакунӣ ҷилои ҷолиб пайдо мекунанд. Аз ин гурӯҳ дар Тоҷикистон лаъли асил (шпинел), корунди ёқутмонанд (рубин), турмалин, фи­рӯза, лаъли кабуд, родонит, лоҷвард, забарҷад, булӯр ва ғ. маъруфанд. Зуҳуроти онҳо дар ноҳияҳои геологии Тоҷикис­тони Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ мавҷуданд. Дар Тоҷикистони Шимолӣ гарчанде захираҳои фирӯза кам шу­да­анд, дар сурати таҳқиқоти геологӣ, метавонанд боз мавриди истихроҷи саноатӣ гарданд. Дар Тоҷикистони Мар­казӣ зуҳуроти лаъли кабуд (аметист), турмалинҳои ранга ва ақиқ­ҳои сурх бештар ба қайд гирифта шудаанд. Зуҳуроти назаррас ба мисли лаъл, корунд, ёқут, сапфир, турмалин, лаъ­­­ли кабуд ва ғ. бештар дар Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ ба қайд гирифта шудааст.

Кони маъмултарини лаъли асил (шпинел) дар кони Кӯҳи Лаъл (ноҳияи Ишкошим), садсолаҳо мавриди истихроҷ қарор дорад. Шпинел рангҳои гулобӣ, сурхранги гулобӣ ва аҳёнан сиёҳ дорад.

Сангҳои рӯйпӯшӣ қариб дар ҳамаи ноҳияҳои геологии Тоҷикистон густариш ёфта, захираҳои азим доранд. Ҳаҷми асо­сии захираҳои С. р. дар маҷмааҳои ҷинсҳои замони гуногуни геологӣ, ки ҳамаи гурӯҳи генетикиро (таҳшинӣ, таф­тавӣ ва метаморфӣ) дар бар мегиранд, ташаккул ёфтаанд. Қисми асосӣ ва азими ин зуҳуротро С. р., ки дар намуди санг­­ҳои ранго­ранг ва гуногунтабиати хоро (гранит), мармар, габбро, диорит, амфиболит, пироксенит, серпентинит ва амсоли инҳо вомехӯранд, ташкил медиҳанд.

Аз миёни конҳои С. р. дар дохили ҷумҳурӣ бештар санг­ҳои оҳаксанги кони Миндона, хорои конҳои Шайдон, Беғар, Дара, конгломератҳои конҳои Такелии Миёна, Ар­ҷа­нак, Подахона, мармари конҳои Кабутӣ, Даштак, Ёрӣ, Мадм, Ғанчик, диоритҳои кони Муғултов, гнейсҳои сер­пентинит­ҳои кони Рузвай, сиенитҳои кони Шерак, туфоб­рекчияҳои кони Шамол маъмул ва мавриди истифодаанд. Саноати ис­тихроҷ ва коркарди С. р. дар ҷумҳурӣ аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ ва бах­ши хусусӣ (асосан шаҳрвандони Тоҷикистон) дар сат­ҳи хуб ба роҳ монда шудааст.

Унсурҳои радиоактивӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зуҳуроти торий дар Тоҷикистон дар ҳаҷми зарурӣ ошкор нашудааст. Торий дар баъзе конҳои уран ҳамчун унсури ҳам­­­сафар вомехӯрад, аммо захираи казоӣ надорад. Конҳои уран дар се ноҳияи геологӣ – Тоҷикистони Шимолӣ, Мар­казӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ҷойгир шудаанд. Дар Тоҷикистони Шимолӣ конҳои уран дар нимаи дуввуми асри 20 васеъ ис­тихроҷ мешуданд. Зуҳуроти уран бештар бо маҷмааҳои вулканию интрузивии таркиби туршдошта иртибот дорад. Дурнамои зу­ҳу­роти уран дар Помири Шарқӣ тибқи таҳ­қи­қот мусбат арз­ёбӣ мешавад.

Унсурҳои нодири филиззӣ ва нодирзамин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Унсурҳои нодири филиззӣ ва нодирзамин (литий, бериллий, ниобий, тантал, сирконий, германий ва ғ.) дар То­ҷикистон гарчанде конҳои калонро ташкил намекунанд, ва­ле паҳноии зиёд доранд. Унсурҳои нодири филиззӣ, маъмулан, дар таркиби маъданҳои гуногуни дигар сарватҳои табиӣ мавҷуд буда, захираҳои муайянро ба вуҷуд меоранд. Литий ва бериллий дар маҷмааҳои маъданию тафтавии То­ҷи­­кис­тони Марказӣ, Помири Марказӣ вомехӯранд. Зуҳу­роти хурду миёнаи ниобий ва тантал дар Тоҷикистон Ҷа­нубу Шарқӣ ошкор карда шудаанд.

Дар кишвари мо зу­ҳуроти унсурҳои нодирзамин дар Помири Шарқӣ ва қисман дар Тоҷикистони Марказӣ ошкор кар­да шудаанд. Дар баробари ин, унсурҳои нодирзамин дар таркиби маъданҳои дигари табиати ҳидротермалидошта ошкор карда шудаанд ва истихроҷи онҳо имконпазир аст.

Ашёи хоми кимиёӣ ва агрономӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бентонит ё гилҳои адсорбсионӣ дар чанд ҷойи мин­тақа, аз ҷумла Исфара (Шӯроб, Хонобод, КИМ) ва Конибодом, ҳамчунин дар мавзеъҳои атрофи шаҳри Душанбе (Даштибед, Султонобод), дар дохили таҳшинҳои давраи палеоген мав­ҷуданд. Онҳо доираи хеле васеи истифода – аз беҳкунии за­минҳои кишт софкунии равғанҳо ва маҳсулоти нафтӣ, бо­фандагӣ то саноати дорусозӣ доранд.

Бор. Кони азими Б. – Акархар (Помири Марказӣ), дорои  захи­раҳои фаровон буда, дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад. Унсури Б. дар минерали данбурит ҷой дорад. Кон дар балан­диҳои наздики 5 000 м аз с. б. қарор дорад, ки барои ис­тих­ро­ҷи он монеаи асосӣ ҳисоб меёбад. Кони Б.-и Акар­хар дар мин­тақаи азими маъдании Помири Марказӣ, ки силсилаи конҳои қалъагӣ, нуқра, полиметаллҳо ва дигар унсур­ҳоро низ дарбар мегирад, ҷойгир шудааст. Минтақа дар масофаи қариб 60 км аз шоҳроҳи М 41–Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, ки тавассути ро­ҳи Мурғоб – Қулма ба шоҳроҳи байналмилалии осиёии­ G314-N35 – Қароқурум пайваст мешавад, қарор дорад.

Гач (гипс) ва ангидрит дар саросари кишвар бо ҷинс­ҳои давраи бӯр ва палеоген муртабит буда, захира­­­ҳои калон до­рад. Захираҳои ин мавод дар Тоҷи­кис­­­тони Шимолӣ (кон­­ҳои Араб, Қалъаи мазор, Қалъаи бой ва ғ.), Тоҷикистони Мар­казӣ (конҳои Бувак, Харан­­гон), Тоҷикис­тони Ҷанубу Ғарбӣ (кон­ҳои Шар-Шар, Хоҷасартез)  маҳ­фузанд.

Намаксанг. Тоҷикистон захираҳои бемаҳдуди Н. дорад. Конҳои намак асосан дар қабатҳои давраи табошир хобида, дар натиҷаи фи­шори тарвозаии ҳаракат­ҳои тектоникӣ ба чин­ҳои тӯлонӣ табдил ёфта, дар шакли гумбазҳо қабатҳои болоиро рахна карда, ба рӯи замин баромадаанд. Дар миёни конҳои намак Қамишқӯрғон (Тоҷикистони Шимолӣ) синну соли ҷа­вон (неоген) дорад.

Захираҳои умумии зиёда за 50 кони намаки ошӣ аз 70 млрд т бештар буда, танҳо захираҳои саноатии он ба 4,5 млрд т наздик аст. Конҳои асосии он дар ҳудуди Тоҷи­кистони Ҷанубу Ғарбӣ (минтақаи Кӯлоб) воқеанд, ки бузуртарини онҳо Хо­ҷасартез ва Хоҷамуъмин мебошанд. Ҳоло кулли конҳои намаксанги кишвар истихроҷ ва коркард мешаванд. Кони азими Хоҷасартез захираи зиёда аз 40 млрд т ва кони Хоҷамуъмин наздики 2 млрд т захираи намак доранд. Дар конҳои азими Тоҷикистон ҳиссаи ҷузъи асосӣ NaCl аз 96% зиёд аст.

Кони намаки Тутбулоқ захираи 1,3 млрд т намак дошта, барои эҳтиёҷоти комбинати кимиёии Ёвон бо усули геотехнологии зеризаминӣ истихроҷ мешавад. Таркиби намаки кони Қамишқӯрғон ҳамагӣ 68% NaCl (хлориди натрий) дошта, 0,9 млрд т захира дорад.

Кибрит (гӯгирд S) дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ во­ме­хӯрад. Дар минтақаҳои Исфара (кони Лаккон) ва Шаҳ­ри­тус (кони Туюнтов) дар қабатҳои оҳаксангҳои давраи бӯр ва палеоген, якҷоя бо калсит, ангидрит, гач, намаксанг ва би­­тум вомехӯрад. Дар силсилакӯҳҳои Зарафшон ва минтақаи Мурғоб дар натиҷаи таҷзияи пирит дар рагу пайҳои маҷ­маа­ҳои ҳидротермалидошта пайдо шудааст. Дар мавзеи сӯхтори зеризаминии ангиштҳо, воқеъ дар соҳили чапи дарёи Яғноб, К. мунтазам, дар миқдори кам пайдо мешавад.

Маъданҳои агрономӣ аз ҷиҳати истифодаи амалӣ ба намудҳои зерин тақсим карда мешаванд:

1. Маъданҳои агрономии муқаррароти озуқаворӣ – галит (намаксанг);

2. Маъданҳои агрономӣ барои мелиоратсияи кимиёии хок – оҳаксанг, мергел, доломит, гач ва ғ.;

3. Маъданҳои агрономӣ барои беҳкунии хок бо маводди ғизоӣ: селитра, фосфатҳо, намакҳои калий, торф, гилҳои дар­ёӣ, кӯлию дарёӣ ва ғ.;

4. Маъданҳои агрономии дорои унсурҳо (манган, руҳ, бор, кобалт, молибден ва ғ.).

5. Маъданҳои агрономӣ барои истеҳсоли масолеҳи ҳифзи кимиёии рустаниҳои кишоварзӣ ва ҷангал аз бемориҳо ва ҳашароти зараррасон: кибрит, зангори мис ва оҳан, оҳак ва ғ.

Намакҳои магний (бишофит, карналлит) дар минтақаи кӯли Оксукон дар миёни мергелҳо ва оҳаксангҳои давраи бӯр воқеанд.

Озокерит (муми кӯҳӣ) дар мавзеи кони нафти КИМ ва кони Селроҳа (Исфара) ёфт шудааст. Зуҳуроти он дар миёни оҳаксангҳо ва регсангҳои палеоген ҷойгиранд. Захираи О. 170 ҳазор т мебошад. Зуҳуроти О. дар ҳаҷми хурд истихроҷ шуда, дар соҳаи тиб мавриди истифода аст.

Оҳаксанг ва доломит ҳамчун ашёи хом барои саноати кимиё, дар ҳудуди минтақаҳои Ёвон (кони Пушур ва Ёвон), Ленин (Чинор) ва Исфара (Араб ва Ворух) ёфт шудаанд. Ҷинсҳои нишондодашуда дар шакли қабатҳои то 100 м ғаф­сӣ бо қабатҳои Бухорои палеоген маҳдуданд. Захираҳои саноатии онҳо (карбонатҳои магнезӣ) дар ҳамаи конҳо зиёда аз 500 млн т-ро ташкил медиҳанд.

Рангҳои минералӣ дар асоси сурххокаи оҳанӣ, намак­ҳои кибритии оҳан ва гилҳои ранга, ки дар қабатҳои силури боло ва табошири Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ҷойгиранд, истеҳсол мешаванд. Оҳари оҳан, намаки оҳани сулфат ва гил­ҳои ранга захираи камтар доранд. Захираҳои онҳо дар кони Такфон (н. Айнӣ), Оғилак (ш. Панҷакент), Терек ва Суғрон (н. Лахш), Дараи Ризун (н. Ванҷ), Ҷаманҷар (н. Рӯшон), Шӯ­роб (ш. Исфара), Тутлиқудуқ (н. Бобоҷон Ғафуров) ва дигар мавзеъҳо ошкор шудаанд.

Селестин дар намуди сулфати стронсий, дар таҳшинҳои ҷавони мезозой ва кайнозой паҳн шудааст. Дар Тоҷикистони Шимолӣ маъданҳои С. дар қабатҳои гилсангҳо ва регсанг­ҳои замони бӯр ва палеоген ҷойгиранд. Дар ҷануби ҷумҳурӣ рагҳои селестиндор дар қабатҳои гилсангҳо ва оҳаксангҳои палеоген, дар қатори ангидрит ҷойгиранд.

Селитраи табиӣ дар минтақаи Исфара ва водии Вахш ошкор шудааст. Конҳои селитра дар натиҷаи ташаккули типии шӯр, ки бо қабати обу ҳавои ҷинсҳои таҳшинӣ ё бо қисмҳои болоии қабрҳои қадимӣ иртибот доранд, пайдо шудаанд.. Кони Исфара аз минтақаҳои алоҳидаи селитра дар наздикии Исфара (Араб­қишлоқ, Кӯлкамазор, Алмабарсу, Охтов, Шӯроба, Хо­но­бод, Зумрад, Қалъачамазор) иборат аст. Дар водии Вахш шу­мораи зиёди минтақаҳои намакдор дар нишеби ғарбии кӯҳи Қизилтумшуқ ҷойгир аст.

Фосфоритҳо дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудаанд, вале сифати миёнаю паст ва захираи кам доранд. Онҳо дар ноҳияҳои геологии Тоҷикистони Марказӣ ва Тоҷ­икис­то­ни Ҷанубу Ғарбӣ, дар дохили регсангҳо, гилсангҳо ва оҳак­сангҳои палеоген қарор доранд. Ф. ба қабатҳои давраи палеоген мутааллиқанд. Зу­ҳу­роти онҳо бештар дар То­ҷи­кистони Марказӣ ошкор шудааст. Дар кони Зидеҳ (болооби дарёи Вар­зоб) Ф. танҳо дар қабати оҳаксангҳо ва гил­сангҳои палеоген ошкор шудаанд. Чор қабати фосфорит дар минтақаи кон тақрибан 10 млн т захира до­рад. Силсилаи зуҳуроти ди­гар –Қаротоғ (ш. Ҳисор) ва Ис­фара паҳноии камтар дош­та, захираҳои умумии онҳо ба 35 млн т мерасад.

Ҷинсҳои карбонатӣ – оҳаксанг, мармар, доломит дар бис-ёр минтақаҳои ҷумҳурӣ паҳн шудаанд. Ин намуди ашё бештар бо таҳшинҳои силур, девон, карбон, мели боло ва палеоген муаррифӣ шудаанд. Оҳаксанг ва доломит, ки ҳамчун ашёи хом барои саноати кимиё истифода мешаванд, зуҳуроти бисёр доранд ва махзани асосии ашёи карбонатӣ мебошанд, аз ҷумла, дар қисми Тоҷикистони Шимолу Шар­қӣ, конҳои Араб, Ворух, Исфара, дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ конҳои Пусхур, Ёвон, Чинор ва ғ. Кони Пусхур қабати оҳаксанги давраи палеогени ғафсии миёнааш 80 м-ро дар бар мегирад. Оҳаксанг дар айни замон ба сифати ашёи хом барои истеҳсоли содаи калсий, карбиди калсий ва ҳи­похлорит, ҳамчунин дар истеҳсоли семент низ васеъ истифода мешавад. Доломитҳои кони Ёвон, ки дар миёни қабатҳои оҳаксанги палеоген ҷойгир шудаанд, наздики 20% оксиди магний, 0,3% оксидҳои оҳану алюминий доранд.

Ашёи техникӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асбест. Конҳои А. асосан дар ноҳияи геологии Тоҷи­кис­тони Ҷанубу Шарқӣ ҷойгиранд. Дар қисми Дарвози Ҷанубӣ, водии Ванҷ зуҳуроти ҷинсҳои серпентинизатсияшуда ва базитии давраи палеозойи миёна ошкор шудаанд, ки то 6% А. доранд. Дар болооби ҳавзаи дарёи Муғсу (н. Лахш) конҳои Сасиқтеппа ва Баландкиик мавҷуданд.

Графит дар як қатор минтақаҳои Помир, силсилакӯҳҳои Ҳи­сор ва Қаротегин дар байни варақсангҳои кристаллии палеозой ошкор шудааст. Дар конҳои Сангикар (Рашт), Зардӣ (Вар­зоб) ва Бодомдара (Ишкошим) захираи ками Г. маълум аст.

Кварс. Кварсҳое, ки барои истеҳсоли шиша муво­фи­қанд, дар кӯҳҳои Қаро­ма­зор дар шак­ли рагҳо дар миёни гра­нит­ҳо, дар ҳавзаи дарёи Варзоб (мав­зеи дарёи Такоб, Деҳ­малик), дар миёни регсангҳои сурхи давраи бӯр ҷойгиранд. Реги ква­р­сии ко­ни Қӯрғонча (н. Ҷаббор Расулов) пас аз ға­ни­созӣ барои истеҳсоли шишаи тиреза ва маҳсулоти оптикӣ мувофиқ аст.

Абрақҳо (слюдаҳо). Конҳои А.-ҳо бештар дар Помири Ғарбӣ вомехӯранд. Конҳои Лоҷварддара ва Абхарв, ки дар миёни қабатҳои қадимтарини Тоҷикистон – гнейсу гра­нит­ҳои замони архей ҷой­гиранд, аз пайҳои ғафсии 2,5–4-мет­раи ба 45-50 м тӯл­кашида ибо­­­ра­танд. Таркиби А.-ҳоро асосан флогопит таш­кил ме­ди­ҳад. Флогопит дар кони Лоҷ­вар­дара ҳаҷми аз 8 то 75 кг дар 1 м2-ро ишғол мекунад, дар ко­ни Абхарв флогопит дар дохили линзаҳои андозаашон 5 ба 25 м, ғаф­сиашон то 4,5 м, дар шакли кристаллҳои бузургиашон то 10 ба 16 см қарор дорад.

Талк. Минерал аз синфи силикатҳои варақӣ. Дар Тоҷи­кистон зуҳуроти Т. чандон зиёд набуда, асосан дар Помири Ҷанубу Ғарбӣ (Мулвоҷ, Кӯҳи Лаъл, Ғорондара) дар миёни мармарҳо ва гнейсҳои кристаллии замони архей-протерозой ҷойгир шудаанд. Т., маъ­­мулан зуҳуроти ало­ҳи­да­ро таш­кил накарда, ҳамчун минерали ҳамсафар дар кон ё зуҳу­роти дигар маъданҳо, ба амсоли лаъл, вомехӯрад. Зу­ҳу­рот ба ҷуз аз Т., инчунин энста­тит ва форстерит дорад, ки дар саноати радиотехника истифода мешаванд. Форстеритро ҳам­чун санги ҷаво­ҳиротӣ истифода кардан мум­­­кин аст. Кони Мулвоҷ дар қатори Т., инчунин энстатит, тремолит, форстерит низ дорад. Кон дар радифи истихроҷи кони лаъли Кӯҳи Лаъл омӯхта шуда, захираҳои геологии Т. дар ҳаҷми як млн т арзёбӣ шудаанд. Дар Кӯҳи Лаъл Т. минерали ҳам­сафари энстатит, форстерит, лаъл ва магнезит мебошад ва дар дохили пайҳои пегматитӣ ҷойгир аст. Захираи умумии геологии Т. дар ҳу­дуди 0,4 млн т ҳисоб шудааст.

Ашёи аз ҷиҳати кимиёӣ тоза ва оптикӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Булӯр як намуди кварси шаффоф аст. Зуҳуроти Б. асосан дар ноҳияи Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ (сароби водии Ванҷ, ҳавзаи дарёҳои Бартанг, Ванҷ, Язгулом ва Шоҳдара, сил­си­лакӯҳи Музкӯл ва ғ.), ҳамчунин дар ҳудуди силсилакӯҳи Ҳи­сор (дараи Варзоб) ҷойгир буда, бо пайҳои ҳидротермалӣ, пег­матитҳо ва скарнҳо, интрузияҳои гранитоидии фанерозой иртибот дорад. Б. бештар дар мавзеи шафати ҷинсҳои ин­трузивии граниттаркиб бо ҷинсҳои таркиби регсанг, оҳак­сангдошта ташаккул ёфтааст. Дар баробари Б. дар зуҳурот ҳамчунин минерали ҳамсафар – кварси булӯршакл воме­хӯ­рад, ки онро дар саноати истеҳсоли чинӣ ва шишаи ба­ланд­сифат истифода мебаранд. Б. дар соҳаҳои саноати ҳар­бӣ, ра­диоэлектроника истифода мешавад.

Гачи шаффоф дар минтақаи Исфара захираи бисёр дорад. Ин минерал дар саноати оптика истифода бурда мешавад.

Флюорити оптикӣ. Флюорит дар сурати шакли крис­­тал­л­­ҳо­­и шаффоф доштан барои истеҳсоли системаҳои оптикии махсус, ки танҳо нур­ҳои ултрабунафш ва инфрасурхро мегузаронанд, васеъ истифода мешавад. Чунин на­въи флю­орит бо зуҳуроти воқеъ дар қисми ғарбии водии Зарафшон ва мавзеи Бозордараи Помири Марказӣ маълум аст. Навъ­ҳои баландсифати флю­орити шаф­­­фоф, ки дар кони Моғов (Тоҷи­к­­истони Мар­казӣ) во­мехӯранд, барои истеҳсоли флюорити синтетикии опти­кӣ мувофиқанд. Дар мавзеи Кӯли Калон (силсила­кӯҳи Зарафшон) кони Ф. о. ҷой гирифтааст. Баъзе аз крис­тал­лҳои он азим буда, то 200 кг вазн доранд.

Шпати исландӣ - як навъи шаффофи калсит мебошад. Он дар силсилакӯҳи Зарафшон (кӯлҳои Марғузор ва Кӯли Калон) пайдо шудааст. Кристаллҳои он дар байни рагҳои калсити ношаффоф мавҷуданд, ки маъмулан тарқишҳои дозили оҳаксангҳои палеозойро пур мекунанд.

Ашёи маъданӣ-металлургӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Астат. Дар Тоҷикистон конҳои А. дар Қаромазор ва силсилакӯҳҳои Зарафшон ва Ҳисор ҷойгиранд (конҳои Такели, Мосариф, Сармат, Панҷхок, Обисорбух ва ғ.). Манбаи асосии А. арсенопирит ва леллингит мебошад. Маъданҳо дар баробари А. ҳамчунин сурма, симоб, сурб, руҳ ва мис доранд.

Волфрам. Ҳоло дар Тоҷикистон захираҳои ками В. ошкор карда шудаанд. Зуҳуроти он дар Тоҷикистони Шимолӣ, Мар­казӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ҷойгиранд. В. дар маъданҳо таби­ати скарн ва қисман ҳид­ротермалиро дорад. Конҳои то нимаи ас­ри 20 кашфшуда – Чоруқдарон, Майхура, Ҷи­лав, Такфон, Сар­­мат, Пете – Репефт, Рарз ва ғ. захираҳои кам дошта, қисми онҳо пурра (Майхура, Ҷилав, Чоруқ­да­рон) ис­тих­роҷ шу­даанд. Дар баробари В. дар маъданҳо ҳамчунин қалъагӣ, руҳ, мис, кадмий, молибден, индий во­мехӯрад. Дар Помири Ғарбӣ кони маҷмаавии Икар воқеъ аст, ки дурнамои хуб дорад.

Гилҳои ба оташ тобовар дар дохили конҳои ангишти давраи юраи нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳи Ҳисор – Зид­дӣ (Варзоб), Тошқутан (ш. Турсунзода) ва Шӯроб (ш. Исфара) мавқеъ гирифтаанд. Ин навъи гилҳо дар металлургия, саноати семент барои истеҳсоли хиштҳои оташпазӣ – шамот истифода мешаванд.

Магнезит дар ҳавзаи дарёи Варзоб (кони Харангон) ва минтақаи Ванҷ (кони Бунай), ҳамчунин дар Помири Ҷанубу Ғарбӣ дар миёни ҷинсҳои палеозой ошкор шудааст. М. барои истеҳсоли хиштҳои ба ҳарорати баланд тобовар (хишт­ҳои шамотӣ) васеъ истифода мешавад.

Молибден. Захираҳои М. дар Тоҷикистони Ши­­­­­молӣ (Янгикони Ҷанубӣ) ва қис­ми ғарбии Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ ошкор кар­­­да шу­да­анд. Янгико­ни Ҷанубӣ дар до­­­хили маҷ­ма­­аи ҷинс­­­­ҳои вул­­­­­канию интрузи­­­вии ан­ҷоми пале­­­­­озой ҷойгир буда, паҳноии зиёд дорад. Дар таркиби маъдан ҳамчунин мис, қӯр­ғошим, висмут, селен, тел­­­­лур ва дигар унсур­ҳои му­фид мав­ҷуданд. Ҳоло би­но бар набудани талабот, дар Янгикони Ҷа­ну­бӣ кор­ҳои истихроҷӣ боз­дошта шудааст. Дар ноҳи­яи гео­логии Тоҷикистони Ҷа­ну­бу Шарқӣ якчанд зуҳу­роти М. дар водии Ванҷ, болооби водии Язгулом, Хуф, дараи Бартанг ошкор карда шудаанд. Сатҳи омӯзиши геологияи зуҳур­оти М. паст аст.

Стронсий. Дар Тоҷик­истони Ҷанубу Ғарбӣ конҳои Гулисой, Чилтош ва ғ. захираҳои миёнаи С. доранд. Маъдани С. дар натиҷаи таъсири обҳои гарми давраи мезозой ва кайнозой, ки тавассути ҳарорати нисбатан баланд ба ҷинсҳои кӯҳии мавҷуд таъсир расонида, аз таркиби онҳо ин унсурро фаро кашидаанд, пайдо шудааст.

Флогопит дар Помири Ҷанубу Ғарбӣ (Лоҷварддара ва Аб­харв) ёфт шудааст. Ф.-и Лоҷварддара баландсифат буда, дар скарнҳои бо гнейсҳои қадим­тарини токембрий ҳам­шафат аст.

Флюорит асосан дар се ноҳияи геологии кишвар – То­ҷи­кистони Шимолӣ (Кони Мансур, Навгарзан ва ғ.), Мар­­казӣ (Такоб, Кондара, Кал­­туч, Ромит, Теппаҳои сурх ва ғ.) ва Ҷанубу Шарқӣ (Оқҷилга, Дункелдик ва ғ.) воқеъ аст. Қисми асосии кон­ҳои Ф. дар шакли рагу пайҳо дар миёни гранитҳо, вул­канитҳо ва варақсангҳои палеозой, ҳамчунин вул­ка­нитҳои ҷавонтарин (воқеъ дар Помири Шарқӣ) қарор доранд. Миқ­дори Ф. дар маъданҳои кон­ҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна ба 25–55% баробар аст. За­хи­раҳои асосии Ф. дар кон­ҳои Тоҷи­кистони Шимолӣ мав­ҷуд буда, ба тавозуни дав­ла­тӣ ворид карда шудаанд. За­хираҳои Ф.-и конҳои То­ҷи­кис­тони Мар­казӣ қариб комилан истихроҷ карда шудаанд. Ф.-и кон­ҳои Нав-гарзан, Кон­қу­тан (Тоҷикистони Шимолӣ), Кондара ва Бе­ғар (Тоҷи­кистони Марказӣ) қаблан истихроҷ карда мешуданд. Ф. дар саноати вазнин барои паст кардани ҳар­орати гудозиши маъданҳо дар кӯраҳои филиззгудозӣ истифода мешавад. Он­ро дар баробари маъдан, мас., маъдани оҳан, ба кӯраи гудозиш омехта мекунанд ва ин на танҳо ҳарорати гудозиши маъданро ба таври назаррас по­­ин мекунад, бал­ки ғализии гудохтаро меафзояд, ки ин ду омил дар сано­­ати метал­­­­­лургия хеле м­­уҳим бу­да, ар­зиши ас­лии маҳ­сулоти ни­ҳоиро коҳиш медиҳанд. Аз ин са­­баб, мине­рали Ф. бо номи шпати гудозанда низ маъмул аст.

Масолеҳи биноко­рӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳудуди Тоҷикистон захира­ҳои қариб беохири ашёи гуногуни бино­корӣ мавҷуданд. Ҳоло садҳо кону зуҳу­роти тақр. 20 намуди ин ашё кашф шудаанд. Онҳо дар ҳамаи ноҳияҳои геологии кишвар ҷойгиранд ва танҳо аз рӯи намуд ва захираҳо фарқ доранд.

Семент. Ашё барои истеҳсоли семент аз оҳаксанг (75–80%), гилсанг (20–25%), гач (то 5%), ҳамчунин дар баъзе ҳо­лат­ҳо пайвастаҳои оҳан (то 1%) иборат аст. Оҳаксангҳои ҳа­маи давраҳои рифей-фанерозой (то палеоген) барои истеҳ­со­ли С. муносибанд. Дар заминаи кон­ҳои оҳак­санги Харангон, Варзоб, Ёвон, Данғара, Шаҳ­ри­­тус саноати С.-и ҷум­ҳурӣ фаъо­лият ме­намоянд. Конҳои гилсангҳо ба қа­батҳои давра­ҳои бӯр, пале­оген ва квар­тер мутаал­­­лиқ бу­да, дар мавзеъ­ҳои маҷма­аҳои давраи мезозой ва кай­­но­зой ҷойгиранд. Гачи би­но­­ко­рӣ дар қабат­ҳои дав­ра­­ҳои та­бо­­ширу бӯр, па­ле­оген во­ме­хӯрад. Аз ми­­ёни он­­ҳо конҳои Араб, Исфара, Шаршар, Хоҷа­сартез ка­лон­­та­рин буда, дар саноати С. мавриди истифодаи васеъ қарор доранд.

Хишт. Барои истеҳсоли Х. навъҳои аз гил, лёсс (зардхоки нарм)-ҳо, гилҳои реголуд, ки маъмулан дар миёни қабат­ҳои давраҳои мезозой ва кайнозой вомехӯранд, истифода мешаванд. Ҳоло даҳҳо корхонаҳои хиштпазии мамлакат аз ашёи лёссу гилҳои реголуди квартер, ки ғафсиашон то 60–80 м мебошад, истифода мекунанд. Конҳои маъмултарини Зебон, Душанбе, Табакчӣ, Регар, Навобод, Қизилсой, Ӯро­теп­па, Хонобод, Кӯлоб, Ҳоит ва ғ. захираҳои калони ашё доранд.

Волластонит дар Қаромазори Ғарбӣ (кони Ҷангалак), дар мавзеи шафати гранодиоритҳо бо оҳаксанги мармаршудаи палеозой вомехӯрад.

Гили керамзитӣ ва аглопоритӣ. Гилҳо ва гилҳои реголудро ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоте, ки хосияти хуби гарминигоҳдорӣ дорад (керамзит ва аглопорит), истифода кардан мумкин аст. Зуҳуроти ин ашё дар мамлакат фаровон аст. Конҳои Тешуктош, Гулписта ва ғ. захираи калони ин навъҳои гилро доранд, ки барои ташкили саноати истеҳ­соли керамзитҳо ва аглопоритҳо кофӣ мебошанд.

Гилҳои оташпазӣ дар болооби дарё пайдо шуда­анд. Дар байни конҳои ангишт­­санг мав­ҷуданд. Конро­ бо усу­­ли ку­шо­да, бо истих­ро­ҷи ҳам­замони ангишт ва гилҳои оташтобовар коркард кардан мумкин аст.

Маводди оҳак барои истеҳсоли оҳак истифода мешавад ва маъ­му­лан аз чинсҳои оҳак­санг ва доломит иборат аст. Барои ин оҳаксангҳо ва доломитҳои давраи бӯру палеоген, ки ҳангоми дар зери ҳарорат баланд (то 1 200 °С) тафсонидан оҳаки баландсифат ҳосил мекунанд, ҷавобгӯ мебошанд. Дар ҷумҳурӣ бисёр конҳои ин мавод (Араб, Исфара, Ғузн, Табакчи, Работ, Гулписта ва ғ.) кашф шудаанд.

Маводди регу суфтапора. Регҳо, суфта­пораҳо (гравий) дар маҷрои дарёҳо, суфаҳои болои маҷро, мавзеи хуруҷи селҳо дар маҷмӯъ захираҳои асосии маводди регу суфтапораро ташкил ме­ди­ҳанд. Ин мавод асосан барои истеҳсоли бетон истифода мешавад. 90% бетон маводди регу суфтапора мебошад. Кон­ҳои онҳо қариб дар ҳамаи минтақаҳои То­ҷикистон (аз ҷум­ла, Панҷакент, Хайробод, Дардар, Пахтакор, Ширкент, Кӯл­об, Қамар, Сучон ва ғ.) паҳн шудаанд.

Перлит як навъи шишаи вулканӣ (обсидиан) аст. Дар кӯҳҳои Қаромазор (кони Тошкескан) ошкор шудааст. Ба сифати масолеҳи бинокорӣ васеъ истифода мешавад.

Регу сангреза дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мавҷуд аст. Онҳо асосан дар майдончаҳои дарёҳо маҳдуданд.

Регҳои кварсӣ барои истеҳсоли шишаи хоҷагӣ истифода мешаванд. Кони асосии онҳо дар ноҳияи Спитамен, дар Тоҷикистони Шимолӣ (кони Қӯрғончӣ) воқеъ аст, ки захираи саноатии зиёда аз 50 млн т ашёро дорад.

Регҳои сохтмонӣ аз ҷумлаи масолеҳи маъмули сохт­монӣ мебошанд. Конҳои регҳои хушсифат то ҳол танҳо дар минтақаҳои Исфара (конҳои Араб, Зумрадшоҳ, Шӯроб), Ҷаб­бор Расулов (суфаҳои Сирдарё), Панҷакент (кони Чорбоғ) ва Помир ёфт шудаанд. Захираҳои Р. с. маъмулан дар таркиби таҳшинҳои давраи неоген ва чаҳорум мавҷуданд.

Сангҳои сохтмонӣ аз ҷинсҳои таҳшинию тафтаӣ ва метаморфӣ: оҳаксанг, доломитҳо, регсангҳо, гранитҳо, грано­диоритҳо, диоритҳо, порфирҳо, порфиритҳо, диабазҳо, мармар, гнейсҳо ва ғ. иборатанд. Дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ мавҷуданд. Конҳои маъмули Бекобод, Ленинобод, Вахш, Чаш­­ма, Кондара, ки дар маҷмӯъ қариб 100 млн м3 захираҳои категорияи саноатӣ доранд, зарфияти асосии захираҳои ин санг­ҳоро ташкил медиҳанд. Сангҳои сохтмонӣ барои сохт-мони биною иншоот, ҳамчунин истеҳкоми соҳилҳои дарёҳои кӯҳӣ, нишебиҳои шафати роҳҳо ва ғ. истифода мешаванд.

Гурӯҳи обҳои зеризаминӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Обҳои зеризаминӣ. Тоҷикистон дорои за­хираҳои бузур­ги О. з. мебошад, ки аксари онҳо барои истихроҷ даст­рас буда, барои қонеъ гардонидани талаботи соҳаҳои хоҷа­гии халқ, таъминки оби аҳолӣ, обёрии заминҳо ва ча­ро­­гоҳҳо му­вофиқанд. Ҳаҷм ва хусусиятҳои ҷой­гиршавии О. з., сифат, умқи ҷойгиршавӣ ва сатҳи омӯзиши онҳо дар мано­тиқи гуногуни ҷумҳурӣ – минтақаҳои кӯҳӣ ва ҳамвори мамлакат фарқ мекунад. Дар манотиқи кӯҳистон, ки аз маҷмааи ҷинсҳои яклухти тафтаӣ ва метаморфӣ иборатанд, О. з. асосан аз ҳи­соби боришот ташаккул меёбанд. Дар мин­тақаҳо чашмаҳои обашон ошомиданӣ фаровонанд. Реҷаи О. з. ва чашмаҳо дар манотиқи кӯҳистон ба омилҳои иқлимӣ бисёр вобаста аст ва дар мавсими баҳору тобистон хуруҷ ва, тирамоҳ коҳиш меёбад. Дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, доманакӯҳҳои Қура­ма ва Қаромазор, Ҳисор ва Дарвоз, ки аз маҷмӯи ҷинсҳои давраҳои мезозой ва кайнозой аз гилҳо, регсангҳо, кон­гломератҳо, оҳак­сангҳо ва гачҳо иборатанд, чашмаҳо аҳён ташаккул ёфта, дар аксар ҳолат шӯранд. Чашмаи Чилучорчашма (ноҳияи Шаҳри­тус) оби шаффофи муътадил (+17 °С) дорад.

Ташаккули О. з. дар за­мин­­ҳои обёриша­ванда ху­су­си­яти худро до­рад, зеро онҳо аз ҳисоби ворид шудани оби тозаи рӯизаминӣ аз ҳавзаи дарёҳо, шабакаи васеи обёрӣ пайдо мешаванд. Ҳиссаи онҳо дар ташаккули обҳои зеризаминӣ то 90%-ро ташкил медиҳад. Коэффитсиент (нишон­диҳанда)-и самаранокии аксари шабакаҳои обёрии ҷумҳурӣ аз садди 0,4 баланд нест, яъне ҳаҷми зиёдаи обҳои рӯизаминӣ, ки барои обёрӣ истифода мешаванд, ба О. з. ҳамроҳ мешавад. Сатҳи О. з.-и минтақаҳои обёришаванда дар давоми сол ба тағйири мавсимӣ вобаста аст.

Обҳои минералӣ. Дар Тоҷикистон О. м. фаровон буда, зиёда аз 220 чашмаи он ошкор шудааст. О. м.-и мамлакат вобаста ба таркиби ионҳои дар он ҳалшуда ба гу­рӯҳ­­ҳои зер тақ­сим ме­шаванд: карбонӣ, сулфиди ҳидрогенӣ, йоду бро­мӣ, силитсийдор, радондор ва ғ. Аз рӯи таркиби газҳо О. м. ба обҳои деоксиди карбонӣ, сулфиди ҳидрогенӣ, нитрогенӣ ва метан, тибқи ҳарорат ба обҳои сард, муътадил, гарм ва сӯзон тақсим мешаванд.

О. м. чашмаҳои гарм (термалӣ)-и Хоҷаобигарм, Обигарм, Гармчашма, чашмаҳои карбонатӣ (нарзанӣ)-и Хоҷасангхок (Зиддӣ), Анзоб, Навобод, Сист, Ҷартигумбез, Лангар, чаш­ма­ҳои кибритию ҳидрогении Хоҷилдиёр, Хуҷӣ, Тошбулоқ, Пушийн, чашмаи йоду бромдори Хоҷаякон ва чашмаҳои шӯ­ри Минбатман, Ҷигарсӯхта, Шар-Шар ва ғ. дар ҷумҳурӣ ва берун аз он маъмулу машҳуранд.

О. м. дар ҳудуди Тоҷикистон дар 7 ҳавзаи артезианӣ, ки қисми онҳо фаромарзиянд, ҷойгиранд: ҳавзаи Душанбе, ҳав­заи Кофарниҳон, ҳавзаи Вахш, ҳавзаи Кӯлоб, ҳавзаи Фар­ғона, ҳавзаи Зарафшон ва ҳавзаи Сурхондарё. Дар Тоҷи­кис­тони Шимолӣ обҳои сарди радондор паҳн шудаанд, дар ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистони Марказӣ чашмаҳои об­ҳои гарми силитсийдор ва обҳои сарди карбонатӣ фаровонанд.

Дар ноҳияи ҷавони геологии Тоҷикистони Шимолу Шар­қӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ обҳои гарми кибритию ҳидрогенӣ, йоду бромдор ва шӯр паҳн шудаанд.

Дар заминаи чашмаҳои гарм ва маъдании Хоҷа­обигарм, Обигарм, Гармчашма, Шоҳамбарӣ ва Ҳавотоғ осоишгоҳҳо ва дармонгоҳҳо бунёд шудаанд. Мавзеи Хоҷаобигарм дар нишебии ҷанубии силсилакӯҳи Ҳисор дар баландии 1 700–1 800 м аз с. б. ҷойгир буда, қариб 40 чашмаро дар бар мегирад.

Чашмаҳои Обигарм дар нишебии ҷанубии силсилакӯҳи Ҳи­сор ҷойгир буда, қариб 20 манбаи оби гарми маъданиро дар бар мегиранд.

Дар Тоҷикистон чандин чашмаҳои О. м. дар ҷараёни кор­ҳои пармакунии нафту газ, ки қабат­ҳои жарфи заминро мекушоданд, кашф карда шуданд. Мас., обҳои шифобахши Қи­зилтумшуқ ва Ҳавотоғ, ки аз қабатҳои оҳаксанг ва регсанг­ҳои замони ордовик ва палеоген ба боло хуруҷ мекунанд. Дар шаҳри Ваҳдат О. м.-и кибриту ҳид­ро­гении Андигон бо ҳарорати +54 °С, обҳои гарми Явроз бо ҳарорати аз +26 °С то +42 °С маъмуланд.

Намакобҳо. Дар Тоҷикистон манбаи обҳое кашф шудаанд, ки миқдори намакҳои гуногун дар онҳо зиёд аст. Дар адабиёти тахассусӣ чунин обҳоро рапа меноманд. Рапаҳо маъмулан дар толобҳои маҳдуд, амсоли канораҳои баҳр (лагуна) ё кӯлҳо ба вуҷуд меоянд. Рапаҳои Тоҷикистон се гурӯҳи маъмули он – карбонатӣ, сулфатӣ ва хлоридиро на­мояндагӣ мекунанд. Дар мамлакат онҳо асосан дар мавзеъ­ҳои рушди гумбазҳои намак ва ҷинсҳои намакдор, баъзан дар кӯлҳои ту­нук­об ташаккул ёфтаанд. Дар чунин шароит аксаран дар қаъ­ри онҳо қабати лойҳо ба вуҷуд меоянд, ки хусусиятҳои ҷолиб доранд. Мас., кӯли Оқ­суқон дар ноҳияи Ашт, кӯли Советӣ дар ноҳияи Дан­ғара. Дар водии Вахш аз қабатҳои ҷинсҳои таҳ­шинии давраи бӯр, намакобҳои йоду бромдор маълум мешавад, ки аз онҳо йод ва бромро ба миқ­дори саноатӣ фаро кашидан имконпазир аст. Ғайр аз он, дар Н. руҳ, стронсий, молибден, сезий, рубидий ва калий мав­ҷуданд, ки аҳаммияти саноатӣ доранд.

Дар лойқаҳои қаъ­ри Сасиқкӯл миқдори баланди сурбу руҳ, нуқра, унсурҳои нодирзамин ва дигар унсурҳои муфид мав­ҷуданд. Чунин унсурҳо дар таркиби оби онҳо ҳам ҳаст. Аз ин лиҳоз, об ва намакоби Сасиқ­кӯл барои истихроҷи чандин ашёи маъданӣ муносибанд.

Заминаи моддаҳои минералии То­ҷи­кистон барои таъмини ниёзҳои иқтисодиёт ҷавобгӯ аст. Тоҷикистон аз бисёр сар­ват­ҳои табиӣ, аз ҷумла, бор, намаксанг, нуқра, сурмаву симоб, ан­гишт, по­ли­­­ме­­таллҳо, флюорит, ма­со­леҳи бинокорӣ, об­ҳои маъ­данӣ ва гарм ва ғ. дар ҳаҷми кофӣ таъмин аст. Дар баробари ин, захираи баъзе намуди ашёи ми­нералӣ, ки дар замони муосир ниёзи дохилӣ ва берунӣ ба онҳо зиёд аст, дар мамлакат нокифояанд (торий ва уран, волфрам, оҳан, тило, ун­сур­ҳои нодирзамин, бентонит, фосфорит ва ғ.) ё ки то ҳол дар ҳаҷми зарурӣ ошкор нашудаанд (намакҳои калий, каолин, нафту газ ва ғ.).

Ҳоло саноати кӯҳии Тоҷикистон барои ташаккул ва рушди соҳа заминаи зарурии маъданӣ дорад. Корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ дар умум коркарди аввалияи онро ба роҳ мондаанд, силсилаи комили коркарди маъдан танҳо дар кор­хо­наҳои коркарди маъдани тило ва сурмадор ба роҳ монда шудааст, ки ин мақ­садҳои стратегии Тоҷики­стонро ба таври комил қа­ноат­манд карда наметавонад.

Истифодаи маъданҳои Тоҷикистон бояд самаранок ба роҳ монда шуда, барои таъмини ниёзҳои иқтисодиёт равона карда шавад. Ҷумҳурии То­ҷикистон ҳа­дафи чаҳоруми стра­тегӣ – рушди босуръати саноатикунониро пеш гирифтааст, ки он бе заминаи муносиб ва кофии моддӣ – ашёи минералӣ ғайри­мумкин аст. Кашфу таҳқиқ, ҳисоби захираҳо ва арзёбии дурнамои зуҳуроти сарватҳои табиӣ тақ­вияти корҳои геологиро иқтизо дорад. Илм ва амалияи геологияи кишвар бояд пеш аз ҳама конҳои намаки калий, бентонит, фосфорит, унсурҳои нодирзаминиро кашф карда, за­хираҳои нафту газ, торий ва уран, оҳан, тило ва дигар ашёро тақвият бахшанд. Заминаи ғании сарватҳои та­биӣ самти иқтисодиёт ва рушди устувори Тоҷикистони соҳиб­истиқ­лолро таъмин хоҳад кард.

  1. 1.0 1.1 1.2 Сарватҳои табиӣ / А. Ниёзов, Х. Муҳаббатов // Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома. — Д.: СИЭМТ, 2021. — С. 59—72. — 696 с. — ISBN 978-99985-0-005-1.