Jump to content

Юрий Григорев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Юрий Григорев
Таърихи таваллуд 1905[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1975[1][2][3][…]
Фазои илмӣ гиёҳшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология[d]
Ҷоизаҳо
Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»

Григорев Юрий Сергеевич (1905[1][2][3][…], Санкт-Петербург1975[1][2][3][…]) — гиёҳшинос, доктори илмҳои биология (1952), Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1945).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Ленинград (1926). Ходими илмии Боғи ботаникии Ленинград (1926-31). Бо таъсиси пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС соли 1931 ба Тоҷикистон омада, ба таҳқиқи олами рустаниҳо пардохт. Роҳбари чандин экспедитсияҳои ботаникӣ дар водиҳои Вахш, Ҳисор, Зарафшон, ҳавзаи дарёи Яғноб ва Помир буд. Дар муддати фаъолияти босамараш дар Тоҷикистон оид ба наботот, систематика, ҷуғрофиё ва экологияи рустаниҳо, хусусан рустаниҳои доруӣ, як силсила пажӯҳишҳои судманд анҷом додааст. Мураттиб ва муаллифи китоби «Флораи Тоҷикистон» (ба забони русӣ). Дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ аз фанни ботаника дарс медод. Аз соли 1956 то охири умр дар Донишкадаи омӯзгории ш. Ленинград фаъолият дошт.

  • Определитель растений окрестностей Сталинабада. Сталинабад, 1953;
  • Сравнительно-экологическое исследование ксерофилизации высших растений. М., 1955.