Юрий Григорев
Таърихи таваллуд | 1905[1][2][3][…] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1975[1][2][3][…] |
Фазои илмӣ | гиёҳшиносӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология[d] |
Ҷоизаҳо |
Григорев Юрий Сергеевич (1905[1][2][3][…], Санкт-Петербург — 1975[1][2][3][…]) — гиёҳшинос, доктори илмҳои биология (1952), Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1945).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Ленинград (1926). Ходими илмии Боғи ботаникии Ленинград (1926-31). Бо таъсиси пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС соли 1931 ба Тоҷикистон омада, ба таҳқиқи олами рустаниҳо пардохт. Роҳбари чандин экспедитсияҳои ботаникӣ дар водиҳои Вахш, Ҳисор, Зарафшон, ҳавзаи дарёи Яғноб ва Помир буд. Дар муддати фаъолияти босамараш дар Тоҷикистон оид ба наботот, систематика, ҷуғрофиё ва экологияи рустаниҳо, хусусан рустаниҳои доруӣ, як силсила пажӯҳишҳои судманд анҷом додааст. Мураттиб ва муаллифи китоби «Флораи Тоҷикистон» (ба забони русӣ). Дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ аз фанни ботаника дарс медод. Аз соли 1956 то охири умр дар Донишкадаи омӯзгории ш. Ленинград фаъолият дошт.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Определитель растений окрестностей Сталинабада. Сталинабад, 1953;
- Сравнительно-экологическое исследование ксерофилизации высших растений. М., 1955.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 International Plant Names Index (ингл.) — 1999.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 (unspecified title)
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Harvard University Herbaria & Libraries Index of Botanists (ингл.) — Harvard University Herbaria and Libraries.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Григорев Юрий Сергеевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.