Абдусаттор Қобилов
Абдусаттор Ёқубович Қобилов | |
Таърихи таваллуд | 1915 |
Зодгоҳ | Хуҷанд |
Таърихи даргузашт | 6 июл 1973 |
Фазои илмӣ | олим |
Абдусаттор Ёқубович Қобилов - (1915 - 06.08.1973, Хуҷанд), таърихнигор, номзади илмҳои таърих (1953), дотсент (1955). Иштирокчии ҶБВ, капитани гвардия.ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1941) ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ-ро хатм кардааст (1953). Донишҷӯи факултаи аграрии Донишкадаи кишоварзии Ленинобод (1936). Дар маъракаи маҳви бесаводӣ дар Тоҷикистони ҷанубӣ иштирок намудааст. Дар вазифаи сардори хадамоти кимиёвии қисми ҳарбӣ ва сардори сиёсии баталён дар муҳорибаҳои назди Ленинград, соҳили Балтика, муҳосираи Кениксберг ва Пиллау иштирок кардааст. Ассистент, муаллими кафедраи марксизм-ленинизми ДДОЛ (1946-1948), мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти кумитаи шаҳрии ҲК Тоҷикистон (1948-1950), аспиранти Академияи улуми ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ (1950-53), ноибректори қисми таълим ва сипас қисми илмии ДДОЛ ба номи С.М.Киров -(1953-1955), мудири кафедраи асосҳои марксизм-ленинизм (1955-1963), дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ (1963-1973), ректори ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1970-1973). Муаллифи бештар аз 30 асари илмӣ оид ба таърихи ҲК Тоҷикистон ва таърихи ҲКИШ.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]А.Бобокалонов, Ҳ.Холҷӯраев, Ш.Шарипов. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. – 500 с.