Jump to content

Абдуқодир Ҷабборов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуқодир Ҷабборов
Ҷабборов Абдуқодир Ҷабборович
Таърихи таваллуд 2 август 1954(1954-08-02) (70 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷамоати деҳоти Ёва
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос
Ҷойҳои кор Ҷонишин сардухтури стансияи санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мудири мудирияти корҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори генералии Маҷмааи меҳмонҳонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори меҳмонҳонаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия,, муассиси маҷмааи меҳмонҳонаҳои “Абдуқодир Ҷабборзода”, витсепрезиденти федератсияи иттифоқҳои варзишӣ аз рўи намудҳои варзиши миллии халқҳои Авруосиё дар назди Асамблейи халқҳои Авруосиё, узви Шӯрои халқҳои Авруосиё
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2002)
Унвонҳои илмӣ дотсент (2004)
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (соли 1974), Донишгоҳи давлатии тиббии Ҷуиҳурии Украина, шаҳри. Харков (соли 1977), Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (соли 1992)
Ҷоизаҳо Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1985),Ордени “Святой Святослав”-и Федертсияи Русия (2002), Медали “Дӯстии халқҳо – ягонагии Русия” (2012).
Вебгоҳ jabborov.com

Абдуқодир Ҷабборов — ходими давлативу ҷамъиятӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2002), узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Россия, (2016), Узви Шӯрои генералӣ, витсепрезиденти федератсияи иттифоқҳои варзишӣ аз рўи намудҳои варзиши миллии халқҳои Авруосиё дар назди Асамблейи халқҳои Авруосиё.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуқодир Ҷабборов 02 августи соли 1954 дар Ҷамоати деҳоти Ёваи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст. Дар доираҳои сиёсиву фарҳангии кишвар аз солҳои 80-уми асри гузашта номвар аст. Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, (соли 1974 ва баъдан Донишгоҳи давлатии тиббии Украина, шаҳри Харковро хатм намудааст. Солҳои 1978-1989 ҷонишин сардухтури стансияи санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мудири мудирияти корҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонишини сардори Раёсати мудирияти корҳои Шӯрои вазиронро ба уҳда дошт. Соли 1992 факултаи ҳуқуқи ДДМТ-ро хатм кардааст. Солҳои 1994-1999 директори Маҷмааи меҳмонҳонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дошт. Дар ин муддат корҳои муҳими созандагиро ба анҷом расонд. Маҳорати кордониашро ба инобат гирифта, соли 1999 бо Амри Президенти Тоҷикистон роҳбари меҳмонҳонаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав таъйин гардид ва то соли 2003 дар вазифаи пурмасъул кор кард. Соли 2002 ҳукумати шаҳри Маскав Абдуқодир Ҷабборовро барои меҳнати арзишманд бо ордени “Святого Станислава рыцарской степени РФ” қадршиносӣ намуд. Соли 2012 бо медали “Дӯстии халқҳо – ягонагии Россия”-и Ассамблеяи халқҳои Россия сарфароз гардид. Аълочии тандурустии СССР, Корманди хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон, узви Иттиҳоди журналистон Тоҷикистон буда, бо даҳ ифтихорнома мушарраф шудааст. Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ. Алҳол муассиси маҷмааи меҳмонҳонаҳои “Абдуқодир Ҷабборзода” ва витсепрезиденти федератсияи иттифоқҳои варзишӣ аз рўи намудҳои варзиши миллии халқҳои Авруосиё дар назди Асамблейи халқҳои Авруосиё, узви Шӯрои халқҳои Авруосиё мебошад. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд. Фарзандон: Ҷабборзода Парвиз Абдуқодир.

Соли 2002 Абдуқодир Ҷабборов рисолаи номзадии худро таҳти унвони “ Таъсирпазирии ҷанбаҳои ташкилӣ-ҳуқуқии давлат ва ҳуқуқ дар асри ХХІ” дифоъ кардааст.

Китобҳо (Монографияҳо)

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Равзаи саодат /(Абдукодир Ҷабборов) – Хуҷанд «Ношир»,2013 –284саҳ
  2. Боги дилкушо / (Абдукодир Ҷабборов) Хуҷанд «Ношир»,2018 – 76саҳ
  3. Оинаи мусаффо (Абдукодир Ҷабборов) – Хуҷанд «Ношир», 1999
  4. Сад счастья / Абдукодир Жабборов (Абдукодир Ҷабборов) - Худжанд «Ношир», 2018
  5. Дарёи хайр дар бораи Абдуқодир Ҷабборов Хуҷанд "Ношир" (2018)

Ҷоизаҳо ва ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1985),
  2. Грамотаи фахрии Вазоратии тандурустии СССР(1984),
  3. Аълочии тандурустии Вазоратии тандурустии СССР (1987),
  4. Медали “Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон”(2002),
  5. Ордени “Святой Святослав”-и Федертсияи Русия (2002),
  6. Медали “Дӯстии халқҳо – ягонагии Русия” (2012).соли 1984
  7. Барои мубориза зидди порагирӣ “Медали шарафи дараҷаи 2” соли 2013
  8. Медали гвардияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016
  9. “Шамшери ИРБИС” (“Кинжалом ИРБИС”) Соли 2016
  10. Грамотаи фахрӣ (аз ҷониби Сардори Кумитаи Амнияти Миллии вилояти Хатлон генерал-майор Шарипов Ш.Х) соли 2018
  • Сомонаи расмӣ Ҷабборов Абдуқодир Ҷабборович http://jabborov.com
  • Ҷабборов Абдуқодир Ҷабборович дар шабакаи иҷтимоӣ https://www.facebook.com/groups/168977890494042/
  • “Дарёи хайр” (дар бораи Абдуқодир Ҷабборов) Хуҷанд "Ношир", (2018)