Абузакариёи Мантиқӣ
Яҳъё ибни Удӣ | |
Таърихи даргузашт | 974 |
Фазои илмӣ | мантиқшинос |
Абузакариёи Мантиқӣ (Яҳъё ибни Удӣ); 974,) — мантиқшиноси машҳури асрҳои миёна.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Бағдод илмҳои замонаро аз Ибни Юнус ва Форобӣ омӯхтааст. Бино ба маълумоти Масъудӣ Абузакариёи Мантиқӣ донишманди машҳури замонаш дар мантиқу фалсафа буд. Шеваи тафаккури эҷодии Абузакариёи Мантиқӣ ба усули эҷодии Закариёи Розӣ шабеҳ буда, тамоюли зиддиарастуӣ доштааст. Дар яке аз рисолаҳояш «Қиёс»-и Арастуро рад намудааст. Абузакариёи Мантиқиро ҳамчун мутарҷими осори фалсафию фарҳангии ҳакимони Юнон низ мешиносанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо ӯ «Мақулот», «Мобаъд-ут-табиа», «Рисолаҳои софистӣ», «Саноати шеър»-и Арасту, «Аннавомис» ва «Тимей»-и Афлотунро тарҷума кардааст. «Тафсири Табарӣ» ва диг. осори аҳли каломро низ нусхабардорӣ кардааст. Абузакариёи Мантиқӣ дар мантиқу фалсафаю тиб таълифоти бисёр дорад, ки муҳимтаринашон «Мақола фи-л-мавҷудот», «Мақола фӣ сиёсат-ин-нафс», «Рисола фи-рад-ал-настурия», «Идда масоил фӣ китоби Исоғуҷӣ» ва ғайра мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.