Апоневроз
Зоҳир
Апоневроз (Aponeurosis) — лавҳаи паҳни бофтаҳои пайвандӣ, ки аз нахҳои устувори коллагенӣ ва чандир таркиб ёфтааст.
Ба воситаи ин гуна лавҳачаҳо мушакҳо ба устухон ё дигар бофтаҳои бадан пайваст мешаванд. Ниём (пардаи мушак)-и зери пӯсти кафи пой, кафи даст, қисми мӯйдори сарро низ апоневроз меноманд. Ранги апоневроз сафеди нуқрагун аст. Аз ҷиҳати сохтори гистологӣ апоневроз ба пай монанд мебошад, вале рагҳои хун ва асаб надорад. Аз нигоҳи клиникӣ апоневрозҳои девораи пеши шикам, пасикамарӣ ва кафи дастҳо хеле муҳим мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.