Вайроншаҳр
Зоҳир
Вайроншаҳр[1] (англ. Dystopia) — як ҷомеъа ё сукунатгоҳи хаёлӣ дар достонҳои илмӣ-тахайюлӣ аст ки дар он вежагиҳои манфӣ бартарӣ ва чирагии комил доранд ва зиндагӣ дар он дилхоҳи ҳеч инсоне нест. Ин ҷавомеъ маъмулан замоне аз як ҷомеъаро нишон медиҳанд, ки ба нобудӣ ва ҳарҷумарҷ расидааст. Ин ҷавомеъ дар замонҳои баду шӯм тарсим мешаванд. Бо ин таъриф, як «ҷомеъаи подормонӣ» нуқтаи муқобил ва ворунаи як ҷомеаи ормонӣ (ормоншаҳр) аст. Тарсими як ҷомеъаи подормон ва бадзамона тавассути нависандагони ояндагаро маъмулан ба манзури ҳушдор ба мардум дар мавриди идома ё афзоиши чирагии бархе муъзалоти иҷтимоъӣ сурат мегирад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ. Вайроншаҳр чист? Маънии вайроншаҳр(тоҷ.). vazhaju.tj. Вожаҷӯ. 24 ноябри 2022 санҷида шуд.