Ноҳияи Ванҷ
Ноҳияи маъмурӣ | |
Ноҳияи Ванҷ | |
38°22′23″ с. ш. 71°27′19″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Тобеъи | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
Шомили | 1 шаҳрак, 6 ҷамоат |
Маркази маъмурӣ | Ванҷ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 29 маи 1933 |
Масоҳат | 4430,5 км² |
Баландӣ
|
|
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ |
34 400 нафар (2022) (4,8 %) |
Зичӣ | 7,7 нафар/км² |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмон, суннӣ, мазҳаби ҳанафӣ |
Забонҳои расмӣ | тоҷикӣ, Забонҳои бадахшонӣ — язғуломӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Сарвожа | VA |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.BK.VA |
Коди телефон | +992 3551 |
Нишонаи почта | 736300 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | 04 TJ |
www.vanjiman.com | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ноҳияи Ванҷ (форсӣ: ناحیۀ ونج) — минтақаи таърихист, аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, воқеъ дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи омори 2022, аҳолияш 34,400 нафар аст.
Масоҳаташ 4,43 ҳазор километри мураббаъ аст.
Ҳамчун ноҳияи расмии маъмурии ҳудудӣ 29 майи 1933 таъсис ёфтааст.
Маркази ин ноҳия шаҳраки Рохарв (форсӣ: راخرو) аст, ки 176 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар канораи резишгоҳи рӯди Рохарв дар Ванҷоб ҷой дорад.[2]
Тамоми рустоҳоеро, ки болотар аз деҳаи Вдоб воқеъ ҳастанд, «Ванҷи Боло» меноманд.
Дигар шӯрои рустоҳо, мисли Водхуд, Язгулом, Рованд ва Техарв, ки фарогири чандин деҳаанд, то кунун номҳои таърихии худро нигоҳ доштаанд. Шӯрои рустои Рохарв дар ҳоли ҳозир чун ҷамоати Маҳмадуллоҳ Абдуллоев ва шӯрои рустои Жовид феълан дар шакли шӯрои рустои Ҷовидон номгузорӣ шудаанд.
Қабл аз вуруди Артиши Сурх ба Ванҷ ва истиқрори низоми шӯравӣ, маркази идории амлокдории Ванҷ дар шаҳраки Рохарв, дар «Қалъаи Ванҷ» ё «Қалъаи Рохарви Ванҷ» қарор дошт, ки ҳам қароргоҳи Мири Ванҷ ва ҳам маҳалли будубоши гурӯҳаки маҳдуди сипоҳи манғитиён будааст.
Дарёҳои бузургтаринаш: дарёи Ванҷоб, Язгулом ва Панҷ.
Ду соҳили дарёи Ванҷоб бо дарозии зиёда аз 100 км бахши умдаи ноҳияи Ванҷро ташкил медиҳад.
Нақлиёти ноҳия асосан автомобилист.
Як фурудгоҳи ҳавойӣ ҳам дар шаҳраки Рохарв вуҷуд дорад.
Сарватҳои зеризаминӣ: пахтасанги кӯҳӣ (асбест), молибден, мармар ва ғ.
Дар ноҳия конҳои никел, оҳансанг ва оҳак мавҷуданд.
Дар Ванҷ чандин НБО-и хурд фаъолият мекунад.
Дар ноҳия корхонаҳои хурди саноатӣ: сехи чӯҷабарорӣ, заводи хишти «Лугад», ҶДММ «Хрустал» фаъолият доранд.
Дар Ванҷ бозорҳоии марказӣ ва марзӣ фаъолият мекунанд.
Ҷойгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ноҳияи Ванҷ бо сарзамине 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои Дарвоз ва Язғулом воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Тавилдара, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Рӯшон, дар ғарб бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва дар ҷануб бо Ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.
Аз шимолу шарқи ноҳияи Ванҷ ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои Ванҷ ва Язғулом гузар мекунанд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд.
Сарзамини ин ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад ки дар миёни қаторкӯҳҳои Дарвозу Рӯшон ҷойгир шудаанд. Яке аз ин водиҳо дараи рӯди Ванҷ аст, ки беш аз 150 км дарозо дошта аз пиряхҳои “Ҷамъияти ҷуғрофӣ”, Хирсону Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Дигар водӣ дараи рӯди Язгулом аст, ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язгулому Рӯшон ҷой гирифта аст. Баландии водӣ аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.
Ванҷ дар соҳили яке аз шохобҳои бузурги рости дарёи Панҷ (болооби Ому), ки бо номи Ванҷоб маъруф аст, ҷой гирифтааст.
Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Хоруғ 176 км, то шаҳри Душанбе 387 км. аст.
Иқлим
[вироиш | вироиши манбаъ]Иқлими ноҳияи Ванҷ қораӣ (континентӣ)-ст; тобистонаш гарми бебориш, зимистонаш сарди камбарф; ҳарорати миёна дар моҳи июл 20–24°С, дар январ аз –12°С то –20°С.
Мизони борандагии солона 200–300 милиметр аст.
Баландиҳои 4000–5500 м – марғзоранд, аз он болотар – тундраи кӯҳист.
Хоки водиҳо ҷигарӣ ва чаманзорӣ (чимтолӣ); хоки кӯҳҳо ва нишебиҳои онҳо даштӣ ва марғзору баландкӯҳ, ҷо-ҷо регзор аст. Аксари хокҳо серсанганд.
Дар водиҳо набототи даштӣ, дар кӯҳҳо ва доманаи онҳо дарахтони бед, арча, сафедор, буттаҳои ангат, зирк, бушол, настаран; дар баландии 2000–4000 м камол, юған, торон, ревоҷ (чукрӣ), куруш, фарк, курт, бодом, жағн, тӯс (буруҷ) ва ғайра мерӯянд.
Дар водии Ванҷ дарахтони мевадор, аз қабили тут, зардолу, себ, чормағз хеле фаровонанд ва ҳосили хуб медиҳанд.
Аз ҳайвоноти ваҳшӣ паланг, хирс, гург, шағол, рӯбоҳ, оҳу, суғур, заргӯш, аз парандаҳо гунҷишк, ғулба, кабки реза, кабки дарӣ (ҳилол), кафтар, боз, ғалевоз, уқоб ва ғайра вомехӯранд.
Хоҷагидорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1939 дар тамоми ВМКБ 123 колхоз мавҷуд буд, аз ҷумла, дар Ванҷ – 30 колхоз таъсис дода буданд.
Соҳаҳои асосии хоҷагидории ноҳия ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорист. Дар замони шӯравӣ тамокукорӣ низ соҳаи асосӣ буд.
Дар ноҳия 53 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст.
Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 14,417 ҳектар аст, аз ҷумла заминҳои корам 1,381 ҳектар (2012), чарогоҳҳо 1,219 ҳектар, боғҳо 734 ҳектарро ташкид медиҳанд.
Тибқи омори соли 2012, дар ноҳияи Ванҷ 2,478 тонна ғалла, 1,924 тонна гӯшт, 1 млн дона тухм, 3742 тонна шир, 157 тонна чормағз, 6353 тонна сабзавот, 11295 тонна картошка ба даст омад.
Бар асоси омори соли 2011, шумораи чорвоҳо дар хоҷагии деҳқонӣ (ба ҳисоби сар) аз қабили зайл буданд: гов – 15,234 сар, гӯсфанду буз – 32,498 сар.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ванҷ таърихи чандинҳазорсола дорад, ки осори таърихии он то ҳол пойбарҷоянд, аммо касе аз донишмандони таърих ва бостоншиносони тоҷик ба пажӯҳиши ҷиддии ин ганҷинаи таърих домани ҳиммат барназада аст. Сағонаҳо ва дахмаҳои Ванҷ худ як далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин куҳанбуманд.
Сарнавишти торихии Ванҷ аз дигар мавзеъҳои тоҷикнишини Бухорои Шарқӣ ва ғарби Бадахшон чандон фарқе надошт. Фоҷиаҳое, ки дар ин, ё он гардиши таърихӣ, мисли ҳуҷуми муғулҳо, темуриён ва тозиши дигар қабилаҳои кӯчии туркнажод ва хунрезиҳои ваҳшиёна дар давраи парокандагии феодалӣ рух дод, бар ин сарзамин бетаъсир набуданд. Тоҷиконе, ки зери зери таъқибу фишори аҷнабиён қарор гирифта буданд, барои ҳифзи ҷони худ ба тагнои ин дараҳои дастнорас, ба каронаҳои рӯдҳои кӯҳӣ паноҳ бурданд ва ба ҷойҳои дурдасте кӯчиданд, ки сокинони маҳаллӣ дар он солиёни дароз бо кӯшишу ранҷи сахт қитъаҳои хурди заминро барои кишт созгор мекарданд.
Дар бораи торихи куҳнатари Ванҷ ҳанӯз манбаъи мувассақе ба даст нарасидааст. Аммо аз таҳқиқоти донишмандони руси тоинқилобӣ ва муҳаққиқони аҳди Шӯравӣ бармеояд, ки Ванҷ қариб то охири асрҳои миёна истиқлоли худро нигоҳ медошт. Ин назарро донишманди маъруф, мутахассиси торихи Бухорои Шарқӣ ва Бадахшон Б. Искандаров чунин баён кардааст:
«Аз мулкҳои қаламрави Дарвоз сокинони Ванҷ нисбатан мустақилияти воқеъиро соҳиб буданд. Ин ноҳияро кӯҳҳои баланд иҳота мекунанд ва он аз шоҳроҳи пайвандгоҳи мулкҳои кишвар дар канор, дар наздикиҳои доманаи пиряхи Федченко ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат мулки номбурда барои аҷнабиён дастнорас буд. Ба ин нигоҳ накарда, хонҳои Қӯқанд дар охири асри XVIII – ибтидои XIX борҳо барои ғасбу тобеъ намуданаш кӯшиш ба харҷ додаанд, вале ҳама талафоту харҷашон беҳуда анҷом ёфтааст».
Ванҷ дар замони истилои муғулон ва салтанати Темуриён, Шайбониён ва Аштархониён ба таври расмӣ ҷузъи қаламрави онҳо шинохта мешуд, аммо амалан мустақил буд.
Ин вазъиятро метавон, дар замони ташаккули давлатдории Қӯқанд (авохири асри 18 – нимаи якуми асри 19) низ мушоҳида кард. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо, Ванҷ то замони ба Дарвоз пайвастанаш – то замони эътироф кардани ҳукумати шоҳи Дарвоз Исмоил (1845–1863) истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар замони ҳукмронии шоҳони вопасини Дарвоз (1863–1877) Ванҷ бахше аз қаламрави он ҳисоб меёфт. Баъд аз пайвастани Ванҷ ба Дарвоз иқтидори ҳокимони Дарвоз афзоиши чашмгире дошт, зеро бо ҳамроҳ шудани паҳлавонони ҳузарби ванҷӣ ба сафи лашкари Исмоилшоҳ, имконоти ҷангии ӯ бамаротиб афзуд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ, намояндаи расмии идораи Руссия дар Туркистон Г. А. Арандаренко чунин қайд намудааст:
«Дар давраи Исмоилшоҳ ба дарвозиён фурсат даст дод, ки ҳокимияти худро на танҳо дар Қаротегин ва Шуғнон густариш диҳанд, балки аз Кӯлобу Ҳисор низ боҷ биситонанд, гарчи дар муддати на чандон тӯлонӣ ҳам бошад».
Баъди ба Руссия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна, амир Музаффар (1860–1885) бо дастгирии фармондори вилояти Туркистон манотиқи мустақиллу нимамустақилли Бухорои Шарқиро тасарруф кард, нерӯҳои ҳарбии худро бо сарварии Худойназар (зимистони солҳои 1877–78) ба воситаи гузаргоҳи (ағбаи) Работ ба Қалъаи Хумб фиристод. Худойназар Қалъаи Хумбро ишғол кард, сипас, ба самти Ванҷ ҳаракат кард. Дар наздикии деҳаи Кеврон набарди сахте рӯй дод ва аскарони амир тавонистанд, ки лашкари Дарвозро шикаст дода, таъқиби сарбозони боқимондаро идома диҳанд. Дастаи размандагони ихтиёрии Ванҷ ҳаракати сарбозони амирро дар назди Қалъаи Рохарв – маркази Ванҷ боздоштанд. Баъди муҳосираи бенатиҷаи қалъа, сарбозони амир ба Қалъаи Хумб баргаштанд. Ванҷ баъди тобеъ шудани шоҳии Дарвоз боз ду сол истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар давраи салтанати Сулолаи Манғитиён Ванҷ яке аз амлокдориҳои нисбатан бонуфузи бекии Дарвоз ба шумор мерафт.
Амлокдори Ванҷро «мир» ва ё «шоҳ» меномиданд, яъне мири Ванҷ, ё шоҳи Ванҷ. Вижагии вазифаи мирӣ дар Ванҷ дар ин буд, ки номзадии мири Ванҷро бо машварат ва ройзании шахсиятҳои бонуфузи маҳаллӣ пешбарӣ мекарданд, сипас мири Дарвоз бар ӯ мувофиқат мекард ва аз амири Бухоро таъйиди ниҳойӣ дарёфт мешуд. Ҷамъ намудани андоз ва уҳдадориҳои феодалӣ ба зиммаи мир гузошта шуда буданд.
Сокинони водии Ванҷ Инқилоби Октябрро нисбатан хуб пазируфтанд, вале пас аз муддати кӯтоҳе муборизони маҳаллии муқовимат, аз пайравони Фузайл-Махсум ва дигарон, ки бо номи “босмачиён” маъруфанд, чандин бор бо Артиши Сурх ва давлати шӯравии мустақарр дар Ванҷ даргир шуданд. Дар ин даргириҳо, барои дифоъ аз ҳукумати шӯравӣ дар мубориза бар зидди “босмачиён” фидоиёни маҳаллӣ, мисли М. Давлатов, С. Раупов, Т. Шарифов, В. Эҳсонов, У. Меҳралишоев, Ҷ. Сафоев, Қ. Собиров ва дигарон ширкат доштанд.
Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна, Ванҷ се ниҳиштаи маъдани оҳансанг дошт. Ҳанӯз дар оғози асри XX истехроҷи оҳан ва гудохтани он ва оҳангарӣ яке аз пешаҳои асосии мардуми маҳаллии Ванҷ буд, ки бо ин пеша, манотиқи муҷовирро бо оҳан ва зуғомҳои хоҷагӣ, асбоби кишоварзӣ ва корду шамшер ва дигар аслиҳа таъмин мекарданд.[3].
Донишманди тоҷик Гулшанӣ дар китобаш «Таърихи ҳумоюн», ки соли 1328 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 1910 мелодӣ навишта аст, дар бораи диёри Ванҷ мегӯяд: «Қасабаи Ванҷ ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омӯя ва Ҷайҳун ва онро Чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи кӯҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат, панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррафи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст»[4].
Ванҷ аз замони Сомониён то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд.
Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид ва пас аз хиёнати баъзе дарвозиён ба Дарвоз муставлӣ шуд ва Дарвозро бекигарӣ ва Қалъи Хумбро қароргоҳи урдуи манғитиён гардонд. Дарвоз тайи солҳои 1878 – 1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, Ванҷ зоҳиран дар итоати бекигарӣ буд, вале истиқлоли худро нигаҳ дошт ва пои шуми сипоҳи манғитиён ба Ванҷзамин нарасид.
Соли 1895 бекигарии Дарвоз ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд[5].
Ванҷ то соли 1920 амлокдории Қалъаи Ванҷи бекигарии Дарво зи аморати Бухоро буд.
Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон аз cоли 1920 то 1924 чун тумони Ванҷ дар ҳайати вилояти Ғарми Ҷумҳури Халқии Шӯравии Бухоро ҷой дошт.
Солҳои 1925-1926 Ванҷ чун ҷузъи тумони Қалъаихумби вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон ҳисоб меёфт.
1926-1930 волости Ванҷ дар ҳайати ВАБК (ВМКБ) буд.
1930-1933 Ванҷ чун қисми ҳудуди ноҳияи Қалъаихумб бевосита дар тобеъияти ҷумҳурӣ буд.
Тибқи Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон аз 29 майи соли 1933, №46 расман ноҳияи Ванҷ таъсис ёфта, то соли 1937 дар тобеъияти бевоситаи ҷумҳурӣ қарор дошт.
Дар асоси Қарори Президиуми КИМи Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 августи соли 1937, №43 ноҳияи Ванҷ бо ҳамаи деҳшӯроҳояш: Ванҷ, Водхуд, Рованд, Техарв, Жовуд ва Язгулом расман ба ҳайати ҳудудии ВАБК (ВМКБ) гузаронида шуд.
Бино бар ин, ноҳияи Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 августи соли 1937 таъсис ёфтааст.
Осори торихӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар қаламрави Ванҷ мавзеъ, осор ва ёдгориҳои торихии бисёр вуҷуд доранд, вале то ҳол таҳқиқоти шоистае дар ин росто анҷом наёфтааст.
Қалъаи Ванҷ дар баландии соҳили рости Ванҷоб, дар масофаи 15 км аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ воқеъ гашта буд. Мавқеъияти ин қалъа аз нигоҳи ҳарбӣ-стратегӣ бисёр созгор буда аст ва барояшон имкон медодааст, ки муддати тӯлоние аз худ дифоъ кунанд.
Гумон меравад, ки дар тамоми ҳавзаҳои Бадахшон сукунати одамон ба як давраи таърихӣ мансуб будааст. Ёдгориҳои манзилӣ ва меъмориву мудофеавии асримиёнагии ғарби Бадахшон, ки дар деҳаи Баравни ҷамоати деҳоти Водхуд воқеанд ва аз ҷиҳати амнияти ҳарбӣ (стратегӣ) бисёр муносибу побарҷоянд, вале бо камоли таассуф, то кунун таҳқиқи шоиста нашуданд.
Нақшу нигораҳои рӯйи харсангҳои водии Язгулом, ки дар деҳаи Жамаг, Андарбаг ва Мотравн ба даст омадаанд, агарчи ҳанӯз комилан омӯхта нашудаанд, гувоҳе муътамаде аз ҳузури мардум ва сукунати онон аз замонҳои бостонӣ дар ин минтақа ҳастанд.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Аксарияти аҳолии ноҳия тоҷиконанд, инчунин теъдоди ангуштшумори русҳо ва намояндагони халқҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд.
Зичии аҳолӣ дар 1 километри мураббаъ 7.7 нафар аст.
Бино ба омори соли 1992, аҳолии Ванҷ 22,700 нафарро ташкил медод.
Тибқи ба омори соли 2022, аҳолии Ванҷ 34,400 нафар расидааст.
Мардуми Язгулом 15 дарсади аҳолии Ванҷро ташкил мекунад.
сол | 1992 | 2011 | 2012 | 2013 | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018[6]. | 2019[6]. | 2020 | 2021 | 2022 |
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) |
22,7 | ↗30,8 | ↗31,1 | ↗31,3 | ↗31,7 | ↗31,9 | ↗32,4 | ↗32,9 | ↗33,6 | ↗34,1 | ↗34,4 | ↘34,1 | ↗34,4 |
Аҳолии ноҳия тоҷикон ва аз рӯи диёнат мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд.
Забон
[вироиш | вироиши манбаъ]Мардуми Ванҷ бо гӯиши ванҷии забони порсӣ сухан мегӯянд. Дар водии Язғулом бо яке аз забонҳои помирӣ, забони язғуломӣ ҳарф мезаданд.
Лаҳҷаи ванҷии забони порсӣ дар водии Ванҷ аз нимаи дуюми асри XIX густариш меёбад ва забони бумии помириро, ки бо номи ванҷӣ маъруф буд дар поёни ин аср маҳв мекунад. Забони Ванҷӣ наздиктарин хеши забони Язгуломӣ буда ба гурӯҳи "шимолии" забонҳои помирӣ дар қатори Язгуломӣ, Рушонӣ, Шуғнонӣ ва Сарикулӣ ки дар ноҳияи Мурғоб ва Сарикули Чин роиҷ аст дохил мешуд.
Бархе донишмандони рус, монанди И. И. Зарубин, А. 3. Розенфельд ва дигарон назарияеро дар бораи вуҷуди куҳанзабони ванҷӣ (старованджский язык) ироя карданд, ки тибқи он, дусад сол пеш аз байн рафта ва гӯиши кунунии ванҷӣ ҷойгузинаш шудааст.
И. И. Зарубин дар ин маврид мегӯяд:
«Старованджский язык был распространен в долине Ванджа (правого притока Пянджа), а саргулямский в верховьях реки Саргулям, к востоку от провинции Файзабад (Афганистан). Они были вытеснены таджикскими диалектами около двухсот лет тому назад.»
«Забони куҳнаи ванҷӣ дар водии Ванҷ (шоҳоби рости Панҷ) ва Саргулам (ноҳияест дар вулусволии Ҷирми Афғонистон) дар болооби дарёи Саргулям, дар шарқи вилояти Файзобод (Афғонистон) ривоҷ дошт. Тақрибан, дусад сол пеш лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҷои онҳоро гирифтанд».
Ба гуфтаи ин донишмандон, забони куҳнаи ванҷӣ ба забони язгуломӣ мемонист.
Бахшбандӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бар асоси Қонуни тақсимоти идории кишвар, ноҳияи Ванҷ 6 ҷамоат дорад[7]:
Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | Деҳаҳо | |||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Маҳмадулло Абдуллоев | 10983 | Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Панҷшанбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго | |||||||||
Водхуд | 2178 | Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз | |||||||||
Ҷовидон | 4201 | Бунай, Рав, Жовуд, Потов, Арнавад, Убго. | |||||||||
Рованд | 5573 | Ширговад, Ғиҷоваст, Мудеҳарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор | |||||||||
Техарв | 3401 | Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада | |||||||||
Язғулом | 6065 | Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбак, Жамаг |
Фарҳангу маориф
[вироиш | вироиши манбаъ]Пеш аз инқилоб аҳолии маҳаллии Ванҷ дар масҷидҳо ва хонаҳои муллоён хатту савод меомӯхтанд ва на ҳама ақшори мардум фурсат ва имкони саводомӯзӣ доштанд. Аз ин рӯ нисбати саводнокӣ дар миёни онҳо хеле паст буд ва ба сахтӣ метавонист, ба 3-10% бирасад. Саводомӯзии саросарии аҳолиро ҳукумати шӯравӣ ба роҳ монд.
Соли 1926 нахустин мактаб дар минтақа фаъолияти худро оғоз намуд: дар он танҳо 1 муаллим – Одил Боқиев (аз деҳаи Чхох) кор мекард ва 25 талаба дар онҷо дарс меомӯхтанд. Соли 1930 шумораи муаллимон ба 7 нафар расид.
Дар авохири даҳаи 30-уми асри 20 тақрибан, дар ҳамаи маҳалҳои сераҳолии деҳшӯроҳои Ванҷ мактабҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд, ки бештари бачагону наврасон дар онҳо таҳсил мекарданд.
Тобистони соли 1941 (дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ) дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар Ванҷ сохта ба марҳалаи истифода расид.
Соли 1941 дар вилоят 41 китобхона вуҷуд дошт, аз ҷумла, китобхонаи ноҳиявӣ дар маркази Ванҷ ва 12 чойхонаи Сурх.
Дар авоили моҳи апрели 1930 дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳи водии Ванҷ – Рованд нахустин маҷлиси ҷавонон баргузор шуд.
Дар соли таҳсилии 2011– 2012 дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб, аз ҷумла, 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 13 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат ва муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт.
Дар соли таҳсилии 2011–2012-ум дар мактабҳои ноҳия 7437 талаба таҳсил мекарданд, ки 928 муаллими соҳиби маълумоти олӣ ба онҳо дарс медоданд.
Дар Ванҷ 45 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 театр, 13 клуб, 2 автоклуб, 5 хонаи фарҳанг, 114,960 фонди китобҳо, 25 китобхона фаъолият мекунад.
Рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи «Ватан» нашр мешавад.
Тиб
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1939 дар Ванҷ маркази тиббӣ ва бемористоне барои 10 тахт сохта шуда буд.
Дар ноҳияи Ванҷ як беморхонаи марказӣ, минтақавӣ, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази назорати беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ) ва 4 дорухона фаъолият доранд. 369 нафар пизишкони корозмудаи дорои маълумоти олӣ ба аҳли Ванҷ хадамати тиббӣ мерасонанд.
Варзиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Беҳбуди сатҳи зиндагии сокинон боъис шудааст, ки ба пешравии варзиш низ таваҷҷуҳи лозим бидиҳанд.
Ванҷ аз даврони қадим бо гуштигирони номвари худ шуҳратёр буд. Номи паҳлавонони ванҷӣ – Амонат, Сулаймон, Дилдор, Хушдил, Худоӣ, Ҳиммат, Ш. Дилов, Алифбек ва дигарон то кунун ба некӣ ёд мешаваду қиссаҳои майдондорияшон ҳанӯз вирди забони хосу ом аст.
Ҳоло ҳам гуштигирони ванҷӣ дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзанду ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанду ба унвони ҷаҳонпаҳлавон мушарраф мегарданд.
Ҳукумат
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад.
Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ванҷ - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Ванҷ ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 https://web.archive.org/web/20221010195817/https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
- ↑ Ванчский район. 28 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 ноябри 2013.
- ↑ Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.
- ↑ Гулшанӣ, «Таърихи ҳумоюн». Душанбе, 2006. - с.157
- ↑ Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0
- ↑ 6.0 6.1 Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2019 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 7 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
- ↑ Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.
Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бурхан-уд-Дин-Хан Кушкеки, Путеводитель по Каттагану и Бадахшану, также История Дарваза с 1880 по 1926
- Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.
- Номгузорӣ ва номгардонӣ дар Тоҷикистон
- Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0
- Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). Ташкент, 1926;
- Мушкетов Д. И. Рохарв (Кала-и Ванч) // Известия Русского географического общества. Т. 52. 1916;
- Пирумшоев Ҳ. Ванҷ. М., 2004;
- Пирумшоев Ҳ. Ванҷи ману ганҷи ман (очерки таърихӣ). Д., 2013. Ҳ. Пирумшоев, А. Зафаров
- Википедия:Статьи с вики-ссылкой, переданной в Модул:URL
- Википедия:Статьи с ошибочной работой Модул:URL
- Воҳидҳои маъмурӣ аз рӯи алифбо
- ЛОИҲА:ТМ:Вироиши охирин: дар соли ҷорӣ
- Ноҳияҳои Тоҷикистон
- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
- Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
- Ноҳияи Ванҷ
- Pages using the Kartographer extension