Суръати рӯшноӣ
Тезии рӯшноӣ (суръати рӯшноӣ) бузургии физикӣ буда, одатан бо c ишорат карда мешавад ва дар бисёр ҷабҳаҳои физика муҳим мебошад. Рӯшноӣ ва ҳамаи дигар шаклҳои афканишоти электромагнитӣ дар фазои холӣ (вакуум), новобаста аз ҳаракати манбаъ ва ё системаи сарҳисоби мушоҳид, ҳамеша бо ин суръат ҳаракат мекунанд. Қимати он айнан ба 299 792 458 метр дар сония[1] баробар аст. Дар назарияи нисбият, c фазову вақтро ба ҳам мепайвандад ва дар муодилаи машҳури эквивалентии массаву энергия ба назар мерасад: E = mc2.[2] Он суръати ҳамаи заррачаҳои бемасса ва майдони онҳо дар вакуум мебошад ва аз рӯӣ назарияҳои мавҷуда пешгӯӣ карда мешавад, ки он суръати ҷозиба (яъне мавҷҳои ҷозиба) низ буда боз ҳам меъёри болоии суръатест, ки бо он энергия, модда ва ахбороти физикӣ ҳаракат мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Penrose, R (2004). The Road to Reality: A Complete Guide to the Laws of the Universe. Vintage Books. pp. 410–1. ISBN 9780679776314.
... the most accurate standard for the metre is conveniently defined so that there are exactly 299,792,458 of them to the distance travelled by light in a standard second, giving a value for the metre that very accurately matches the now inadequately precise standard metre rule in Paris.
- ↑ Uzan, J-P; Leclercq, B (2008). The Natural Laws of the Universe: Understanding Fundamental Constants. Springer. pp. 43–4. ISBN 0387734546.