Қутб (тасаввуф)
Қутб (ар. قطب ) — зинаи аз ҳама баланди силсилаи маротиби машоихи бузурги сӯфияро номанд, ки шайх дар он ба мартабаи инсони комил мерасад[1].
Силсила
[вироиш | вироиши манбаъ]Силсилаи мазкур мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои тасаввуф аз 356 бузургони сӯфия иборат аст, дараҷаи қутбӣ ба шахсоне муяссар мешавад, ки тамоми айбу нуқси вуҷудашро рафъ намуда, зимни сайлу сулук ба олами кашфу шуҳуд расид. Ин чунин мазмун дорад, ки сӯфӣ шариату тариқату ҳақиқатро пурра аз худ намуда, қалбашро аз ҳавою ҳавас соф мекунад ва иродаи қавӣ пайдо менамояд, ки тавассути он ҳар чӣ бихоҳад онро анҷом медиҳад.
Дараҷаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Қутб дараҷаҳо дорад. Болотар аз қутбро «қутбулақтоб» ё «қутбулиршод» гӯянд, ки мардумро ҳидояту иршод мекунад. Волотар аз онро «қутби акбар» номанд, ки сӯфия онро ба ҳақиқати муҳаммадӣ ташбеҳ карда, мартабаи олии авлиё мепиндорад[1].
Дорандагони имону тақво, тасдиқи се «Ҳуҷҷату-л-Ҳақ»-ро дар мадди назар мегузоранд. Бандаи муъмин бо ихлоси қалбию боварии кул, аввал ба қудрати Маъбуд (Худо)-и барҳақ, дуввум ба мӯъҷизаҳои Пайғамбарони Мурсал ва саввум ба каромоту хориқулодоти авлиюллоҳ (авлиё) ҳатман содиқ бошад. Агар заррае шак дар тахаюлоти инсон барои барҳақ будани ин се ҳуҷҷати Ҳақтаоло пайдо шавад, он бандаи бадбахт дар қатори рондашудагони даргоҳи Зулҷалол ҷой мегирад[2].
Олими шинохтаи тоҷик, файласуфи барҷаста Муҳаммадқул Ҳазратқулов, дар китоби илмии хеш «Тасаввуф» аз асори фалсафию тарбиявии Шайху-р-раис Абӯалӣ ибни Синои бузург дар бораи қутб, авлиё ва каромоту хориқулодот, порчаеро ба таври зер мисол меоварад[2].
… Гӯянд: Орифе барои мардум борон сохт ва борон омад, ё бемореро шифо хост, шифо ёфтанд… Ё ҷонварони ваҳшӣ эшонро фармон бурданд, ё мурғон аз он нарамиданд… Албатта, онҳо комилан мумкин аст, зеро ҳам монанди ин хел корҳо дар розҳои ғайбӣ асбобест ва бошад, ки ман бархе аз онҳоро барои ту ёд кунам. Он гоҳ мегӯянд: «Ҳам таҷриба, ҳам қиёсу истеъдоди ақлӣ собит кардааст, ки мумкин аст нафси нотиқаи инсон дар вақти бедорӣ ва муғайибот огаҳ шавад, чунон ки дар олами хоб мумкин аст».
Ҳамин тариқ, валӣ мақомест, ки дар ӯ бо вуҷуди мутлақ иртиботи наздике пайдо мекунад ва амалан байни ӯ ва олам ҳеч пардае боқӣ намемонад, яъне авлиё дар ҳолати «Халаса», «Ҷазаба» ва «Бехудӣ» бо мақоми набувват мерасад, ки «фано»-ро аломати хориҷии он меноманд. Баъди «Бақо» ёфтани ӯ тамоми низоми дунёро мушоҳида ва дарк мекунад ва ба дараҷаи «Қутб» мерасад. Пас инсони комил дар бартарии марҳилаю мартаба анбиё ва авлиё аст".— Муҳаммадқул Ҳазратқулов, «Тасаввуф», Душанбе «Маориф», 1988, саҳ. 83
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Абдулҳусайни Зарринкӯб. Ҷустуҷу дар тасаввуфи Эрон. — Д.: Ирфон, 1992. — С. 394. — 398 с.
- ↑ 2.0 2.1 М. Р. Иброҳимзода. Панди авлиё. — Д.: Сурушан, 2004. — С.18. — 270 с.