Jump to content

Атрак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Атрак
Мушаххасот
Тӯл 699 км
  Координатаҳо
Мавқеъ
Кишвар Эрон
Атрак
дар Викианбор

Атрак — яке аз дарозтарин дарёҳои Эрон дар шимолу шарқии кишвар. Тӯлаш 699 км.Атрак аз куҳҳои Ҳазормасҷид дар маҳалле ба номи Лоларӯён воқеъ дар 40-километрии шимолу шарқии Қучон сарчашма мегирад. Аз ҷиҳати табиӣ – ҳудудӣ – маъмурӣ аз 3 бахш иборат аст: Атраки дохилӣ ё бахше, ки дар дохили марзу буми Эрон аст; Атраки хориҷӣ, бахше, ки аз сарзамини Туркманистон убур мекунад ва Атраки муштарак, ки мар­зи байни Эрон ва Туркманистон аст. Мутоби­қи муо­ҳидаи соли 1299 оби Атрак мебоист дар қисмати марказӣ баробар байни ду кишвар тақсим мегардид, аммо дар ибтидои асри 20 дар маҳалле ба номи Годарӣ садде тавассути Россия сохта шуд, ки боиси тағйири ҷараёни оби дарё ба самти Шимол гардид ва дар натиҷа ба хушкшавии қис­матҳои марзӣ боис шуд. Соли 1957 тавофуқ­номаи дигаре ҷиҳати баҳрабардории муштарак ақд гардид. Низоми обдиҳии Атрак мисли ҳамаи дарёҳои сарзамин­ҳои хушк ва нимахушк номураттаб ва фаслӣ мебошад. Оби Атрак гилолуд ва талху шӯр аст.[1]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.78—79