Лолазор (деҳа, н. Ҳисор)
Зоҳир
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Алмосӣ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 737 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Наврӯзӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Алмосӣи ноҳияи Ҳисор. Аз Наврӯзӣ то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 35 км. Аҳолиаш 737 нафар (2017), тоҷикон.
Номи пештараи деҳа Узунохур буд, ки шакли вайроншудаи Зинохур аст.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар гузашта аҳолӣ ба ҳунармандӣ шуғл доштанд: кафшҳои чӯбин, табақу чумча месохтанд, чармгарӣ мекарданд. Ҳоло асосан ба кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Дар Лолазор мағоза, мактаби асосӣ, бунгоҳи тиббӣ ва масҷиди панҷвақта амал мекунанд[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Ҳисор — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 339
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2