Jump to content

Ҳисор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Ҳисор
Ҳисор
Кишвар  Тоҷикистон
минтақа Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Мири шаҳр Ҷаббор Носирзода
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Ҳисори Шодмон, Шумон
Шаҳр аз 2016
Масоҳат 9,6 ҳаз. км² км²
Баландии марказ 802 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 32 100[1] тан
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 734000
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳисор (форсӣ: حصار‎) — шаҳре дар Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Ҳисор аст. Шаҳрак дар маркази водии Ҳисор байни дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Наҳри калони Ҳисор ҷойгир аст. Ҳисор дар қисми ҷанубу ғарби водии Ҳисор, 20 км ғарбтари шаҳри Душанбе воқеъ аст. Дар наздикии шаҳраки Ҳисор дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Канали калони Ҳисор ҷорӣ мешаванд. Соли 2015 роҳи автомобилгарди Душанбе — Турсунзода тармим гардидааст. Байни Ҳисор — Душанбе ва Ҳисор — Турсунзода мунтазам нақлиёт мегардад. Аз маркази ноҳия роҳи оҳани Душанбе — Тирмиз мегузарад (стансияҳо: Чиптўра ва Хонақоҳ).

Ҳисор 26 июни 1993 мақоми шаҳр-ро гирифта буд, вале дар соли 2005 боз мақоми шаҳракро гирифтааст.[2] Соли 2016 шаҳраки Ҳисор бо тамоми ноҳияи Ҳисор мақоми шаҳрро аз нав соҳиб шуд.

Ин шаҳр дар садаҳои миёна Шумон (شومان) ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва торихномаҳои қадим ба гунаи Сумон (سومان) низ навишта шудааст.

Шоёни ёдоварист ки вожаи «ҳисор» (форсӣ: حصار‎) арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» (форсӣ: قلعه‎)аст. Ин қалъа ки ҳамакнун дар 25-километрии ғарбу ҷанубии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV—XVII мелодӣ — «Ҳисори Шодмон», яъне қалъаи Шодмон, номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз «Шодмон» аз он афтоду «ҳисор» монд ва исми хос — Ҳисор — гашт. Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи 8 сентябри 1907 вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба қалъаи Душанбе кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.

Аз рӯи харитаи тартибдодаи хонуми инглисзабон Г. Юля (нусхаи аккосии Осорхонаи Луври Порис, 1914,д.16Қ.p 46) тарҳи тамоми хонаву иншоотҳои маъмурӣ, кӯчаву мадрасаҳо ва қӯрғони шаҳри Ҳисору қаламрави онро муайян кардан мумкин аст. Ин ягона ва нодиртарин маълумотномаест барои сайёҳону меҳмонон, зеро ки дар он Масҷиди Сангин, мазори Халифа Шаҳид, мақбараи Махдуми Аъзам, мазорҳои Сиёҳпӯши Валӣ, Холид ибни Валид, Тути такя, Шайх Нуриддини Соҳибнафас, Заифа, Шайх Ҷунайди Ҳисорӣ, Регистон, бозор, масҷидҳо, қорихона, Мадрасаи Кӯҳна, Мадрасаи Нав, Мадрасаи Бомӣ, Мадрасаи «Чашмаи моҳиён», Корвонсарой, Арк, дарвозахонаҳо, сағонаҳо, мазори яҳудиён, қабристон, мазори Савда, нақби зеризаминӣ ва ғайраҳо дарҷ ёфтаанд. Аз рӯи нишондоди ин харита ҳукм баровардан бамаврид аст, ки дар шаҳри Ҳисори асримиёнагӣ 24 — масҷид ва 3 — қатлгоҳ мавҷуд будааст. Дар шаҳри Ҳисор дар баробари ривоҷи косибиву ҳунармандӣ, меъмориву гулкорӣ, туҷҷориву наҷҷорӣ, заргариву муҳргарӣ ва оҳангариву дуредгарӣ — илму адаб ва маорифу фарҳанг алоқадри ҳол пеш мерафт. Дар мадрасаҳо ва мактабҳои назди масҷид, ки асосан фарзандони сарватмандону рӯҳониён тадрис мегирифтанд, барномаи таълимияшон асосан аз фанҳои динӣ мураттаб гардонида шуда буд. Мадрасаҳо қоидатан аз ҳисоби вақфҳо мавҷуд буданд, ки дар он ҷо забонҳои форсиву арабӣ, Қуръон ва шарҳу тафсири он, ибтидои мантиқ, фалсафа ва фиқҳу шариатро меомӯхтанд. Дар соҳаи табиатшиносӣ, ҷуғрофия ва таъриху адабиёт («Қофия», девони Бедил ва Ҳофиз) ба толибилмон маълумоти ноқис медоданд. Дар мадрасаҳо шогирдон на танҳо аз худи қаламрави бекигарии Ҳисор, балки аз Қаратоғу Бойсун, Ёвону Ғозималик, Варзобу Файзобод, Хатлону Рашт, Дарвозу Бадахшон ва дигар музофотҳои Бухорои Шарқӣ таҳсил мекарданд.

Соли 1924 вақте ки Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта, пойтахташ Душанбе таъйин шуд, эъломияи ҷумҳурии навтаъсисро дар Регистони Ҳисор қироат карданд ва байрақро дар болои гумбазҳои Арки Ҳисор барафрохтанд. Пас аз «дамидани субҳи озодӣ», аниқтараш баъди солҳои 30-юм даҳшати наве Қалъаи Ҳисорро фаро гирифт. Бо амри як идда зимомдорони пурғаразу бефарҳанг ва ашхоси гумном баҳри вусъат додани киштукори ҳосили баланди «тилои сафед» бисёр биноҳову деворҳо ва дарвозаҳоро ба хок яксон намуда, тоқу равоқҳоро ҳамчун «сӯзишвориву ҳезум» истифода бурданд. Бинои таърихии Корвонсарой, масҷиду мадрасаҳо, бурҷу бораҳои қалъаро барои «пешбурди корҳои хоҷагӣ» ва сохтани Театри опера ва балети пойтахт ба Душанбе канда бурданд. Айёми ин бесарусомониву таърихсӯзиҳо соли 1928 Ҳоҷӣ Турсуни Ноҷичӣ (бобокалони Саидмурод Эшзода) аз паси Мадрасаи Нав масҷиди бародарон Ҳоҷӣ Насруллоҳ ва Ҳоҷӣ Нарзуллоҳро бо мақсади «аз бало ҳазар» канда, маводҳои онро бурда дар деҳаи Ноҷии Боло аз нав барқарор намуд, ки дар он айём ин як корнамоии бузург ба ҳисоб мерафт… Боқимонда мероси маданиву фарҳангии Ҳисор дар оташи ҷаҳолат месӯхт. Посбонҳонаҳои ду тарафи дарвозаи «Манзар» ба анбори нуриҳои маъдании колхози навташкил табдил ёфт. Инчунин аз хиштҳои қалъа барои афсарон бошишгоҳҳо сохта шуд. Боз чӣ қадар худи мардуми «таърихбезору худобезор» барои сохтмони фермаву хонаҳои истиқоматияшон ҳарчи бештар ба хонаҳояшон кашида «теша ба реша»-и таърихи худ заданд. Қӯрғони Ҳисорро соли 1969 бо фармони раиси ҳамонвақтаи хоҷагии ба номи Карл Маркс Абдурауф Юсуфов бо техникаи вазнин вайрон карданд, ки ҳоло дар қисми ҷанубу шарқии шаҳр, дар ду ҷой тахминан сад метр харобаҳои он дар зери дарахтон боқист. Он ҳама иморатҳову қалъаи бошукӯҳ, қӯрғони паҳновару дарвозаҳои атрофи шаҳр ва масҷидҳову қӯшмадрасаҳо «зи борону зи тобиши офтоб»-и замонасозӣ валангор шуданд. [3]

1 январи 2013 аҳолии шаҳраки Ҳисор 26 000 танро ташкил мекард.

Аҳолии доимӣ: 26 000 нафар, бо назардошти истиқомакунандагони муваққатӣ 31300 нафар, аз он ҷумла, мардҳо 15800 нафар, занҳо 15500 нафар, Дар шаҳрак 9700 коргар, 1650 нафар бекор, 1669 нафар нафақагир ба ҳисоб гирифта шудаанд.

Миллатҳои шаҳрак[4]:

сол 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
26,2 26,9 28,7 29,1

Иқлим субтропикӣ, баландӣ аз сатҳи баҳр 1600—1800 м, бориши миёнаи солона — 2300 мм.

Ҷамоати шаҳраки Ҳисор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таърихи ҷамоат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамоати шаҳраки Ҳисор соли 1932 бо ташкилёбии ноҳияи Ҳисор ҳамчун Совети (Шӯрои) қишлоқ таъсис ёфт. Соли 1946 Комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони шаҳраки Ҳисор ташкил дода шуд. Дар асоси Укази Президиуми ШО ҶШСТ аз 29.12.1953 ва қарори Комиҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони ноҳияи Ҳисор аз 10.02.1954 шаҳраки Ҳисор ба шаҳраки типпи шаҳрӣ мубаддал гардида, номи Совети посёлкавиро гирифт. Дар асоси қарори МО ҶТ аз 26.06.1993 шаҳраки Ҳисор ба шаҳри Ҳисор, тибқи қарори ММ МО ҶТ аз 11.02.2005, № 612 шаҳри Ҳисор аз нав ба шаҳраки Ҳисор табдил дода шуд. Шаҳраки Ҳисор имрӯз дорои 17 маҳалла, 92 кӯча, 4477 хоҷагӣ мебошад.

Маркази фарҳангию фароғатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ҷамоати шаҳрак маркази фарҳангию фароғатӣ, 2 китобхона (46450 нусха китоб, аз ҷумла, 13101 нусха ба забони тоҷикӣ, 32385 русӣ, 964 ӯзбекӣ), мактаби санъати бачагона. Филармонияи халқии ба номи Т. Муҳиддинов, театри халқӣ, боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ, бойгонии фарҳангӣ, маркази иттилоотӣ, ташкилоти динии ғайриисломӣ, осорхона, 12 масҷид, аз ҷумла, 3 масҷиди ҷомеъ мавҷуд аст, ки шумораи коргарону хидматчиёни соҳа 117 нафарро ташкил медиҳад, 4 бозор, 9 бонк, 370 нуқтаи савдо, 6 тарабхона, 58 нонпазхона фаъолият доранд. Дар соҳаи маориф Коллеҷи омӯзгорӣ, 6 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназия-литсей мактаб-интернати бачагони сустбин ва нобино, 6 муассисаи томактабӣ амал мекунанд, 5-то беморхона дорои 679 кат, дармонгоҳи ноҳиявӣ, 2 диспансер, аз ҷумла, диспансери бемориҳои пӯст ва сил, маркази саломатии «Танзими оила ва ҳифзи саломатии модару кӯдак», 1349 нафар хидматчиёни тиббӣ, 25 дорухона, варзишгоҳ бо 4000 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, яктогӣ майдончаҳои волейбол, баскетбол, мактаби варзишӣ дар ҳудуди шаҳрак воқеъ аст.


Ҷамоати шаҳрак 506,02 га замин, аз ҷумла, 176,02 га замини обӣ, 32 га замини корам, 171,02 га заминҳои наздиҳавлигӣ, 3,0 га заминҳои зери об, 22 га заминҳои роҳ, 180 га заминҳои зери иншооту иморатҳо, 98 га заминҳои ғайрикишоварзиро дорост. Дар ҳудуди Ҷамоати шаҳрак 14 корхона, аз ҷумла, 7 корхонаи саноати хӯрокворӣ, 3 ордкашӣ, 2 масолеҳи бинокорӣ, саноати сабук ва маҳаллӣ, корхонаи муштарак амал мекунанд. Ба миҷозон 55 муассисаи хидматрасонӣ хидмат мерасонад. Дарозии оббарандаҳо 27 км, шабакаи обёрикунандаи дохили хоҷагӣ 20 км, дарозии шабакаи қубури дохили хоҷагӣ 14 км, дарозии роҳҳо 57 кмро ташкил медиҳанд. ҶДММ ИНН 14, ҶС «Тоҷиктелеком», стансияи телефонӣ, шуъбаи алоқа дар шаҳрак фаъолият дорад. Инчунин раёсати 6 ҳизби сиёсӣ дар ҳудуди шаҳрак воқеъ гардидааст[5].

Феҳристи маҳалли аҳолинишин ва аҳолӣ (2022):

  • Сохтмончиён — 1189
  • М. С. А. Ҳамадонӣ — 1945
  • А. Рӯдакӣ — 1918
  • Пахтаобод — 1870
  • Шарқ — 1310
  • Мирзо Ризо — 718
  • А. Юсупов — 1240
  • Б. Ғафуров — 2772
  • Ю. Гагарин — 1305
  • Белайдуз — 3302
  • Омӯзгор — 1960
  • К. Хуҷандӣ — 3521
  • С. Айнӣ — 3107
  • А. Берунӣ — 2602
  • Б. Раҳимзода — 1490
  • А. Каримов — 1009
  • Нуриддин Қаюмов — 204
  1. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 23 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  2. Ҳисор. 21 сентябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 феврали 2018.
  3. Фатҳуллоҳи Азиз Султонмуроди Одина Қалъаи Хисорро ки сохту кӣ бохг? № 5-6 (1983) 24 апрели соли 2014 27 октябри соли 2015 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3000 солагии Ҳисор ҷашн гирифта шуд, ки дар натиҷаи он қал’а аз нав барқарор шуда садҳо сохтмонҳои нав дар дохили қал’а сохта шуд…
  4. Ҳисор. 21 сентябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 апрели 2017.
  5. Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — с. 660—661
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: